Ва имрӯз суоле пеш меояд, ки оё ҳамин маош моро ош дода метавонад ё ақаллан воситаи рӯзгузаронии мо ҳаст ё не?
Пайи дарёфти ин суол зиёд андеша кардем, бо ашхоси гуногун сӯҳбат доштем ва нафаре наёфтем, ки гуфта бошад: «Оре, маошам воситаи рӯзгузарониям ҳаст ва боре андешаи дарёфти сарчашмаи дигаре ба сарам наомадааст». Аксари одамон дар чандин ҷойҳо кор мекунанд, баъзеҳошон сода карда бигӯем роҳи зиндагиашонро «як бало карда» меёбанд. Вале қиматии рӯзгори имрӯз имкони бо маош зистанашонро намедиҳад.
Чаро ин масъала доғ асту мудом инсонҳоро ба андеша мебарад? Зеро ҳарчанд масъалаи маош масъалаи муҳими рӯзгузаронӣ аст, вай боз бастагӣ дорад ба масоили дигари ҷомеа ва фаъолияти инсонҳо. Пӯшида нест, ки қариб дар тамоми соҳоти идоракунӣ шикояти роҳбарон аз норасоии кадрҳои хубу закӣ шунида мешавад. Бо вуҷуди мавҷудияти чунин мушкилот, боз ашхоси зиёде ё бекоранд, ё дониставу надониста худро ба тиҷорату муҳоҷират мезананд, ки нисбат ба он касбҳое, ки барои онҳо аз буҷаи давлат маош дода мешавад хеле сангинанду пурхавф. Агар як хавфи тиҷорат муфлисшавӣ (банкрот) бошад, хавфи хеле нигаронкунандаи муҳоҷират аз азобу таҳқиру поймолшавии ҳуқуқҳои инсонӣ то ба домони марг расидани инсонҳост. Ва тибқи гуфтаи коршиносон ин хатар болои сари ҳар дуюмин муҳоҷири меҳнатӣ гӯё мудаввар аст. Вале мардум чи марду чи зан мераванду мераванд. Чаро? Барои дарёфти маош. Яъне, барои зиндагонӣ ва рӯзгузаронӣ.
Имрӯз ба табиб муроҷиат мекунӣ бо иллати камии маошаш чашмаш ба диагнози ту не ба кисаат аст. Ва чанд соли ахир қариб боре ҳам аз касе нашунидаам, кассе гуфта бошад, ки муносибати духтур ба вай воқеан ҳамчун табиб буд. Беҳтарин мутахассисони соҳа кишварро аз камии маош тарк гуфтаанд. Бархе аз «табибон» аз ҳисоби дуруст табобат нагирифтану бемории хроникӣ гаштани мизоҷон (оре, на пациент, балки мизоҷ-клиент) рӯз гузаронанд, бархеашон ба гуфти мардум аз ин ҳисоб бой ҳам мешаванд. Кам табибонеро вомехӯрӣ, ки аз донишҳои замонавии илми тиб ё интернету китобҳои тозанашри тиббӣ огаҳанд. Онҳо ба ҷойи омӯзиш ҳарчи бештар бемор қабул мекунанд, ки маблағи бештаре дарёб созанд. Аксари доруҳоро онҳо низ (чун мо) аз рекламаҳои телевизионӣ тавсия медиҳанд. Дар бораи «договор»-ҳои байни табибон ва доруфурӯшон даҳҳо мисол метавон овард. Дар бораи он ки духтур доруе фармуда мегӯяд, ки: «Инашро бихӯр, фоида накард, баъд дигарашро тавсия медиҳам ё нағз нашудед баъд мебинем» садҳо ҳолатҳоро шоҳидем ва ғайраву ҳоказо. Аз ҳама муҳимаш ҳамагон метарсем, ки агар духтуронро танқид кунем, мабодо, ки рӯзе ба дасташ ҳам чун мариз биафтему қасд бигиранд. Агар ба маоши мутахассисони ин соҳа назар кунем, тибқи иттилои Вазорати молия чунин ҳол аст- маоши вазифавии табиб (врач) ба ҳисоби миёна 270 сомониву 40 дирам ва аз ҳама баландаш – категорияи олӣ 312 сомониву 80 дирам аст. Кормандони хурди тиб бошанд 104 сомонӣ ҳаққи хизмат доранд. Биёед дигар ин маблағҳои «ҳангуфт»-ро бо нархи хӯрокаи бозор муқоиса карда, худро «инфаркт» намекунем, то ки ба дасти ин табибони каммаош наафтем…
Муаллим аз каммаошӣ даст ба кисаи волидони хонанда мезанад ё дида ба ҷайби донишҷӯ дӯхтаасту «сессия»-ро интизор, вале метарсем, ки рӯирост гунаҳкоронро фош созем. Дар маҷмӯъ мегӯем, ки баҳо фурӯхта мешаваду ҳама омӯзгоронро беқадру бадном кардаем. Вале намегӯем, ки муаллим аз ғами рӯзгузаронӣ вақти мутолиа ва маблағи мутолиа надораду бесавод мондааст.
Мегӯянд милитсионер аз камии маош рӯирост дар роҳ истода «ғоратгарӣ»-мекунаду ҳомии ҳуқуқ қонуншиканӣ ва мо боз метарсем (Худо нигаҳ дорад) номашон ошкор кунем, ки боз «чап»-амон нагиранд. Дар бораи БДА-ку гап нест, дигар на латифаҳо таъсирашон дораду на «Лаҳзаҳои гуворо», вале…
Ҳатто гоҳо диламон ба ҳоли ҳамаи инҳо месӯзаду мегӯем, охир бечораҳо чӣ кор кунанд, маошашон кам, рӯзашон намегузарад.
Ҳамасола мутахассисони зиёде макотиби олиро чи дар кишвар ва чи дар сатҳи байналмилал ба итмом мерасонанд. Оё тасаввур метавон кард мутахассисеро, ки барои 5-сол дар хориҷа хонданаш, камаш 50-60 ҳазор доллар масраф шудааст, гашта биёяду корро аз маоши 280 сомонӣ сар кунад? Ва баъди солиёни зиёде , рӯзе бирасаду сармутахассис шаваду фарз кардем 500 ё 1000 сомонӣ бигирад ва рӯзгорӣ як оиларо таъмин созад? Агар касе инро тасаввур мекунад, пас ӯ боре ҳатто ба ягон бозорчае харидкунӣ нарафтааст. Ягон бор дар «Тангем» нанишаста ва чӣ будани автобусу троллебусро сарфаҳм намераваду аз пеши ошхонае (тарабхона) нагузашта бӯйи хӯроки онҳоро начашидааст ва ғайраву ҳоказо. Дар бораи бемор шудану, иду тӯйю азодорӣ ва пӯшидану нӯшидану дигару дигар, бо ҳамин маошу бо ин нархҳо ҳоҷат ба ташреҳ нест. Кас намедонад аз кӣ суол кунад, ки: «Кӣ моро ошхӯрӣ намемонад?» Ва кӣ бояд биандешад, бе манбаъи рӯзгузаронӣ зиндагӣ кардани қисми аъзами ҷомеъа ғайриимкон асту умрро танҳо масрафи андешаи чӣ тавр бояд намурд, бемаъно?
Дар пешорӯйи мо баҳор асту нархҳо ба ҷаҳиши кайҳонӣ рӯ ба тамоми маводҳо кардаанд, вале маоши «якрав» нияти ҷунбише ҳам надорад. Пас МаОш маънии аслии рӯзгузаронии хешро ба кӣ додаст? Шояд ба дуздиву қаллобӣ, порахӯриву ҳаққи мардумхӯрӣ ва «гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад»-и бозорнишинон? Ё ба ягон кишвари дигар рахти сафари абадӣ бастааст?
Ма Ош имрӯз аслан ба маънои худаш нест, вале чӣ тавр бояд зист суолест матраҳ.
PS: Хонандаи азиз, матлаби мазкур вақте омодаи чоп буд, ки паёми Президенти ҶТ ироа гардид ва ба чандин масоили дар ин матлаб масъалагузоригашта аз ин он посух гирифтем, вале аз сабаби он ки зиёд шудани маош дар оянда дар назар аст, мушкили рӯзгори мардум ҳанӯз боқист, аз ин рӯ пешниҳоди матлабро ҷоиз донистем.
Аз давраи солҳои 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди меҳнат ҳар сол дар кишвар маош ва нафақа ба ҳисоби миёна 27-30 фоиз баланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст. Вале мо хуб дарк менамоем, ки ҳамаи ин ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест.
Вобаста ба ин, ҳаҷми маблағгузории хароҷоти маош дар буҷети давлатӣ бояд ба 8-9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи миёнамӯҳлат маоши миёнаи кормандони ташкилотҳои буҷетиро зиёда аз ду баробар баланд бардорем.
Дар ин самт дар се соли оянда музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва илм ду баробар, аз ҷумла аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамзамон дар доираи ислоҳоти музди меҳнат ва гузаштан ба ҷадвали ягонаи тарифӣ андозаи маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин нафақа низ зиёд мегардад.
( аз Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон,
20-уми апрели соли 2011)