-Ман зодаи Россия ҳастам, - иброз медорад Лидия Алексеевна. - Дар хонаводаи серфарзанд ба дунё омадаам. Чун дар оила аз ман хурду бузург, боз ҳафт нафари дигар буданду шароити солҳои баъдиҷангӣ сангин буд, маҷбур шудам аз дувоздаҳсолагиям кор кунам. Дар ин 60 соли коргариям чӣ рӯзҳои пур аз шебу фарозе аз сар нагузаштанд. Соли 1986 бо амри тақдир ба Тоҷикистон омадам ва ҳамон сол чун кӯчарӯб ба кор даромадам. Соли 2003 писари ягонаам, ки соҳиби шаш нафар фарзанд буд, дар шаҳри Красноярск аз дасти қотилон кушта шуд. Шавҳарам пас аз як сол аз дунё гузашт ва ман гӯиё тани танҳо мондам. Вале диламро аз зиндагӣ нашустам. Корро идома додам. Меҳрубониҳои ҳамкорон, ҳурмату эҳтироми мардуми шаҳр, ҳама гуна ғаму ғуссаҳоро аз дилам берун карданд.
Инак, соли 26-ум аст, ки Лидия Алексеевна кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Чкаловро мерӯбад, тозаву озода мекунад. Вай ҳар субҳ соати чор аз хоб мехезаду ба кор омода мешавад. Баҳорон соати панҷ ва дар фасли зимистон соати ҳафт, ӯ дар ҷойи кораш аст. Ба зиммаи ӯ рӯбучини чор бино дар кӯчаи Победаи шаҳр қарор дорад. Баъди саропо тозаю озода кардани гирду атрофи бино, об додани гулу дарахту буттаҳо, рӯфтани роҳраву ҳавзу варзишгоҳи саҳни ҳавлӣ, ба назди сардорони ин биноҳо меояд ва аз кори кардаи хеш гузориш медиҳад. Баъди расман қабул шудани кори иҷрошуда ва имзои онҳо, вай ба манзилаш бармегардад ва ношто мекунад. Баъдан боз ба ҷойи кор бармегардад ва то фаро расидани шом ва торикиҳо ба рӯбучини кӯчаю саҳни биноҳо машғул мешавад.
- Ман дар хона бекор нишаста наметавонам,- иқрор мешавад Лидия Алексеевна. – Бо сокинони манзилҳои ба ман вобасташуда унс гирифтаам. Онҳо ҳама бародарону хоҳарони мананд. Зеро ғайр аз онҳо ман дар зиндагӣ дигар касе надорам.
- Лидия Алексеевна худ инсони хуб, шахси поксиришт ва одамдӯст аст,- мегӯяд сармуҳосиби Корхонаи воҳиди давлатии худмаблағгузори «Истифодаи манзил»-и шаҳри Чкалов Гулноз Қобилова.- То ба таъсиси корхонаамон аз ҳалолкории вай хабар доштем ва бо баробари шурӯъи кор ӯро аз муассисаи ободонии шаҳр ба инҷо даъват кардем. Дар иди Пасхаи масеҳиён вай маъмулан моро ба хонааш, барои як пиёла чой даъват мекунад ва мо ҳама барои табрикаш мешитобем.
-Беш аз як сол мешавад, ки корхонаи КВД «Истифодаи манзил» таҳти сарварии Акмалҷон Қодирови 26-сола фавъолият дорад. Шасту чаҳор нафар коргарон дар асоси шартнома миёни сардорони 132 бино ва ду хобгоҳ ба расонидани хидматҳои шаҳрӣ (коммуналӣ) машғуланд. Аз онҳо 32 нафар бонувон мебошанд, ки 22 нафарашонро рӯбандагон ташкил медиҳанд. Ҳар яке аз онҳо мутасаддии тозаю обод нигоҳ доштани ҳудуди се-чаҳор бино ҳастанд. Аз 205 то ба 500-600 сомонӣ маош мегиранд. Чун кори онҳоро сардорони бино қабул мекунанд, шикояте дар миён нест . Рӯбанда аз он хурсанд аст, ки мавзеи кориаш ҳамеша тозаю озода ҳаст. Сокинон низ ҳамчунин шодмон аз он ҳастанд, ки бо шахсони масъулиятшинос сару кор доранд.
-Дар ибтидо буданд ину оне, ки кори моро хуш надоштанд ва ба ину он сӯ шикоятҳо карданд, - иброз медорад Акмалҷон Қодиров, ки худ хатмкардаи факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи муосири гуманитарӣ дар шаҳри Душанбе аст.- Вале додситонии шаҳрию вилоятӣ фаъолияти корхонаро тафтиш карда, хулосаҳои мусбӣ навиштанд. Зеро дар коргоҳ ҳар касе барои ҳаҷму босифат анҷом додани кораш маош мегирад. Худи сокинони биноҳо хоҳиш мекунанд, ки Лидия Алексеевна барин одамон ба рӯбучин ва ё таъмири дохилу атрофи манзилашон машғул бошанд.
- Баъзан одамони алоҳида хоҳиш мекунанд, ки Лидия Алексеевна дар вақти холигиаш даҳлезу долони хонаашонро рӯбучин кунад,- идома медиҳад Акмалҷон.- Ман, мегӯям, ки майлаш, фақат ба шарти он ки хидматашро қадр кунед. Ва онҳо бо ҷону дил инро қабул медоранд. Гузашта аз он, баъзан рӯзҳои истироҳат мо маҷбур мешавем таъҷилан коргаронро ба кор даъват бикунем. Ва Лидия Алексеевна қабл аз ҳама ба кор ҳозир мешавад. Мо барои ин кораш ба вай музди иловагӣ медиҳем.
-Кӯчарӯбӣ кори осон нест,- таъкид медорад Акмалҷон.- На ҳама мардуми мо фарҳанги шаҳрнишиниро медонанду омӯхтаанд. Бисёр мешавад, ки зумрае аз танбалӣ ва ё нодонию ҷаҳолат аз тирезаи хона ба берун гуна-гуна колоҳоро ҳаво медиҳанд, дарахтони сарсабзро решабур мекунанд, тахтаи харакҳоро барои бухорию танӯри худ чун ҳезум мекананд. Зумрае чун меҳнати пайваста ва ҳалолу покизаи Лидия Алексеевна барин инсонҳоро мебинанд, бо вай ҳамсӯҳбат мешаванд, аз раъйи хеш бармегарданд, аз аспи ҷаҳолат мефароянд ва даст аз харобкорӣ бармедоранд.
Шаст сол аст, ки Лидия Алексеевна Осина кор мекунад. Вале вай фикри «кунҷи хона нишаста давлати пирӣ рондан»-ро надорад.
- Ман то он рӯзе, ки пойҳои равон ва дастони гиро дорам, кор хоҳам кард, - бо қатъият арз медорад Лидия Алексеевнаи 72-сола. - Ман мехоҳам дар миёни одамон , дар хидмати одамон бошам. Танҳоӣ бароям бори гарон аст.
Сарнавишти Лидия Алексеевна Осина барои ҷумла бонувони кишвар як китоби пандомӯзу ибрат аст. Чун одам покизарӯзгор аст, ба инсонҳои дигар бо чашмони пурмеҳр менигарад, пешааш ободкориву созандагист, қатъи назар аз синну сол, забону мазҳаб ва андешаҳои сиёсиву шахсиаш, аз касбу манзалате, ки дорад, азизи дили дигарон хоҳад шуд.
Назар ба омори расмӣ ҳамасола беш аз шаст ҳазор нафар бонувон аз кишвари мо рӯ ба муҳоҷират меоваранд. Агар қисмеро сарнавишт кори хубу ҷойи хуб ато карда бошад, аксари мутабоқӣ дар сарзамини бегона, сарсону саргардон, дастхушу бозичаи бадкешони худию бегона қарор гирифтаанд. Вале дар Ватан ҳазорҳо ҷойҳои кори холие ҳастанд, ки бинобар ину он сабаб, касе онро ишғол кардан намехоҳад. Шояд сарваре чун Акмалҷон Қодиров надоранд? Ва ҳамчунин ҳастанд бонувоне, ки андешаи бадбунёду ғалате дар сарашон чарх мезанад: «Кӯчарӯбӣ? На! Касби вомондагон аст!». Вале мо худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки чӣ сон Лидия Алексеевна аз эҳтирому иззат ва қадршиносии одамон бархурдор аст. Вай ба мисоли як зиёие ҳаст, ки дилу дидаҳоро нур мебахшад, дунёи зебои худро дорад, офаранда, бунёдкор, созанда аст. Вай як тан муосири арҷманди мост, ки тавассути заҳматаш, инсондӯстиаш, андешаҳои некаш, дар бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон саҳми боризи хешро мегузорад.
Тилав Расулзода