Идома аз шумораи гузашта
Ҳангоми сафарҳоям ба навоҳии Бадахшон бо масъулони шӯъбаҳои сабти аснод ва кор бо хонумон баҳсҳои ҷолибе доштам. Собиқадори меҳнат, хонуми барӯманд ва соҳибиззат Давлатсултон Раҳматхудоеваро дар хона, дар ҳалкаи наберагон пайдо кардам. Аз чеҳраи шукуфон ва пуртамкини ӯ ҳувайдо буд, ки аз зиндагии ҳозира қаноатманд асту аз хизматҳои ба халку Ватан кардааш ифтихор дорад. Чун сӯҳбати мо сараввал аз мақоми зан дар ҷомеа оғоз шуд, апаи Давлатсултон бо табассуми малеҳ лаб ба сухан кушод: «Писарам, ба шахсоне, ки таърихи сокинони бумии Бадахшонро намедонанду ба Бадахшон қадам ранҷа накардаанд, шояд Бадахшон як сарзамини афсонавӣ намояд. Охир, ба ҳама маълум аст, ки зиндагӣ дар шароити кӯҳистони камзамин назар ба водиҳои файзбор сахттар аст. Аввалҳои асри бистум олими шинохтаи шӯравӣ Николай Иванович Вавилов ба Бадахшон омада, дар хусуси сокинонаш суханони гарме гуфт. Ин олими бузург тамоми вилоятро пойи пиёда тай карда, Бадахшонро ватани гандумҳои навъи мулоим номид. Дар робита ба мардумонаш навиштааст: «Бадахшониён чеҳраи зебои аврупоӣ дошта, табиатан мардумони хоксор, меҳмоннавоз ва ҳалиму камгап ҳастанд. Дар муддати сафарҳоям ягон сухани дағал аз мардумон нашунидаам ва ҳатто ба он фикр ҳам рафта будам, ки шояд дар забони ин мардум дашноми қабеҳу алфози бад умуман вуҷуд надошта бошад. Занон озоданд ва фаранҷӣ надоранд, вале аз бегонагон зуд пинҳон мешаванд». Бо ин гуфтаниам, ки мавзӯи поймол кардани ҳаққу ҳуқуқи занон дар Бадахшон аслан вуҷуд надошт. Дар замони шӯравӣ духтарони бадахшонӣ натанҳо дар мактабҳои олии Душанбеву Хуҷанд, балки дар беҳтарин донишгоҳу донишкадаҳои Маскаву Петербург таҳсил мекарданд. Шояд на ба ҳама маълум бошад, ки он замон Бадахшон аз ҷиҳати теъдоди одамони маълумоти олидор дар байни вилоятҳои понздаҳ ҷумҳурии шӯравӣ дар сафи аввал меистод. Он ҷое, ки аксари мардумон босаводу маълумотноканд, занон танҳо бонуи хонаву модари фарзандон нестанд. Бонувони Бадахшон муҳандису соҳибкор, иқтисоддону табиб ва олиму сарвари ҷомеъаанд».
Ба суоли ман, ки чаро то ҳол мардумон аз издивоҷи байниқавмӣ даст намекашанд, апаи Давлатсултон чунин ҷавоб дод: «Ман сӣ сол мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хоруғ будам ва дар кори худ мушкилоте ҳис накардаам. Ҷавонҳо бештар бо ризоияти худ оила барпо мекарданд. Танҳо як воқеаро медонам, ки холабачаҳо тӯй карда, баъди се сол аз ҳам ҷудо гаштанд. Ҳоло писари кару гунги онҳо бо модари бекорашон дар шаҳри Хуҷанд як зиндагии “бихӯру намур” доранд. Ҳамон оила ба шӯъбаи мо баъди тӯйу никоҳи мусулмонӣ омада буданд. Ман, бо табассуми сохта онҳоро табрик гуфта, баъди чанде домодро дар гӯшае бурда гуфтам: «Саидҷаъфар, писарам, дар Бадахшон ба тухми духтар каҳтӣ омад магар, ки ту “питиши”(духтари хола) худро мегирӣ ? Гуфт: «Хола, худатон медонед, ки ман аз падар барвақт ятим мондаам. Хоҳару бародари дигар надорам. Гуфтам, ки барои модари танҳоям аз бегона худӣ беҳтар, баъдан ману Оишамоҳ ҳамдигарро дӯст медорем.» Афсӯс, ки дӯстдории онҳо дер давом накард…»
Рухсора Ошӯрбекова - мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шуғнон дар робита ба масъалаи никоҳи хешовандони наздик чунин изҳори ақида намуд: «Дар собиқ ин расми номатлуб дар Бадахшон, кам бошад ҳам, вуҷуд дошт ва асосан дар байни қавми саидҳои хуросонӣ маъмул буд. То солҳои охир онҳо доду гирифти худӣ доштанд, яъне духтари саид ҳатман бояд ба саидзода мерасид. Ҳамчунон, нафарони дорову серзамин аз бегонагон кам андар кам зан мегирифтанд, то вақти тақсимот замину боғи мева ба худӣ бирасад. Гаҳворабахш кардани духтаронро дар тифлӣ аз момои навадсолаам шунида будам ва он ҳам аҳён-аҳён дучор мешуд. Хушбахтона, ҷавонҳои ҳозира ин расмро ба худ ор медонанд. Сабабаш шояд он аст, ки дар Бадахшон хонае бе нафари соҳиби маълумоти олӣ нест. Бештари духтарон маълумоти олӣ доранд, кор мекунанд… Албатта, моҳонаи на ҳамаи занҳо зиёд аст, бо вуҷуди ин, бонувон дастнигари шавҳарҳо нестанд. Чун мартабаи зан дар ҷомеа баланд аст, латукӯби занҳо, талоқ ва бисёрзанӣ қариб, ки вуҷуд надорад. Тасаввур кунед, ки дар соли 2009 дар ноҳияи мо, ки дорои 38 000 аҳолист, расман танҳо ду талоқ буд. Аз рӯйи гузориши ҳамкасби ванҷиам Ҳикоят Моилова маълум гардид, ки талоқ дар ноҳияи Ванҷ ҳам бисёр кам аст. Албатта, ин мояи ифтихори мост. Вақте ки таҳдоби оила мустаҳкам аст, замоне ки дар оила муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад, талоқу зиндаятим гаштани фарзандон худро аз чунин оилаҳо фарсахҳо дур мегиранд. Боре сӯҳбати ҳофизи дӯстдоштаам Шӯҳрат Сайнаковро дар рӯзномае хонда будам. Ҳангоме ки рӯзноманигор аз Шӯҳрат суол мекунад, ки дар Бадахшон арӯси беҳтарин кист, Шӯҳрат дафъатан посух медиҳад: «оне ки маълумоти олӣ дошта бошад». Бовар мекунед, бештари мардуми мо ҳам ба ин назаранд. Ҳамин аст, ки айни замон шумораи духтарон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғу Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ назар ба писарон бештар аст».
Мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хоруғ Гулрухсор Хӯҷаниёзова гуфт: «Дар муддати 8 соле, ки дар ин вазифа кор мекунам, танҳо ба як ҷуфт амакзодаҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим кардааму халос. Чӣ шӯре буд дар он тӯй: модарони домоду арӯс, ба ҷойи хурсандӣ, пинҳон-пинҳон мегиристанду падарони онҳо мушаввашона дар толори базм меҳмонҳоро хушомадед мегуфтанд. Асли воқеа чунин буд: духтари бечорае аз як деҳаи дурдаст ба омӯзишгоҳи тиббии Хоруғ дохил мегардад. Чун хобгоҳ надошт, падари духтар ӯро ба хонаи бародараш мебарад. Баъди соҳиби диплом шудани духтар ҷавон ба падар рози худро мегӯяд. Падари ҷавон дар сари каҳр гуфтааст, ки ин кори ғайриимкону ношуданист. Дар ҷавоб ҷавони беҳаё гӯё гуфта бошад, ки «падар, мо дар ду сол Лайливу Маҷнун будему шумо ҳоло ҳам бехабар». Падар бо ситеза гуфтааст: «Писарам, агар зангадову кӯри модарзод мебудӣ ҳам, ин шоиставу зебандаи ту нест, ки ба духтари амакат ба чашми баду дили каҷ нигоҳ кунӣ. Вале чун раъйи шумо ин аст, ман чизи дигаре намегӯям ва хушбахтии шумо хушбахтии мост». Ҷои таассуф аст, вале хушбахтиву дӯстдории ҷавонҳо як назарфиребӣ буду омаду рафти ду авлод ба хонаи ҳамдигар бо ҳамин гусаста шуд. Баъди чор соли зиндагии якҷоя оила вайрон шуду хешони наздик то ҳол бо ҳам ҷангиву каҳрианд… Ана, барои чӣ куҳансолон доимо насиҳаткунон мегӯянд: «Бегонаро ба худ хеш созу ба писарат аз бегонагон зан бидеҳ ва ба хонаи худӣ хостгорӣ марав, ки худӣ бе ин ҳама аз худ аст».
Дар интиҳо боз аз он китоби дӯстдошта ёд мекунам ва суханони Гӯри Кӯҳии хирадмандро меорам, ки гуфтааст: «Моро ин одат набошад хоҳар ба бародар додан». Пас он оилае, ки ин амали зиштро писандидаву хостааст, магар баор асту ориёист?!
Довудшоҳи Сулаймоншоҳ