Ба мизи гирди дурӯзаи минтақавии баргузоркардаи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) (нахандед, ин «ҷанг» ва «сулҳ»-и оилавӣ нест, воқеист, вале кадом ҷанг ва кадом сулҳ, худатон ёбед. Наёфтед? Охир… инъикосаш гуфтем-ку?) низ чун ҳамеша аксари ҳамон занони (аниқтараш сарварони созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ)) «фаъол»-е, ки хушбахтона боре «мазза»-и зулми хонаводагиро начашидаанду ин масъаларо танҳо аз рӯйи «назария» ва гирифтани грант медонанд ва боз аз рӯйи амалия медонанд, ки ҳар қадаре онро воҳима кунанд, ҳамон қадар бурси калонтарро соҳиб гашта метавонанд), ҷамъ омада буданд.
Барои ба ин маърака шукӯҳ бахшидан аз сатҳи баланд- Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумату Парлумон ва Кумитаи занон ҳам, намояндагон даъват шуданд, ки мисли пештара фарқ надошт, чӣ қадар вақт ин ҷо нишастанд ва «бо сабаби серкорӣ» вақти ба умқи масъалагузориҳо сарфаҳм рафтан доштанд ё не. ( Охир барои созмонҳои байналмилалӣ аксаран, танҳо розӣ шудану ба чорабинияшон омадани «ҳукуматиҳо» ифтихор асту барои гузоришҳояшон иштироки мансабдорони ҳукумативу ВАО бо инъикосаш, «ҷойи ҷони ҳисобот».)
Хуб, бармегардем сари он сӯҳбате, ки чӣ гуфтанду чӣ шунуфтанду чӣ карданду чӣ бояд кард?
Чун қоидаи маъмул садри нишаст, ҳамеша аз назарияи мавзӯъ ҳарфҳои ҷонсӯз гуфтанду ба қавли маъруфи ғайриҳукуматиҳо «приветственное слово»- ро бо забони муоширати байни миллатҳо - русӣ гуфта, ба қавли аборигенҳо масъаларо чун «кость» барои «обсужденый» ба миён партофтанд. Маърӯзачиён низ ҳамагӣ ашхоси маъруфу донишманди соҳа буданд. Аз ҷониби намояндагони ҳар чаҳор давлат масъалагузориву мисолгӯйиҳои хуб иҷро шуданд.
Занро дар ҳама ҷо мезананд, вале…
Сарраввал Бибисоро Ризқулова – директори Маркази зан ва оилаи «Сезим»- и Ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ки перомуни масъалаи хушунати хонаводагӣ мо тӯли 70 соли шӯравӣ хомӯшӣ пеша карда будем, ҳозир дар ин бора зиёд ҳарф мезанем, вале ин проблема чун пештара ҳалношудаву актуалист.
Тибқи омори СММ ҳар зани панҷум дар дунё гирифтори зулми хонаводагӣ қарор дорад ё аллакай ҷабр дидааст, ё айни замон гирифтор аст. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки 80% зӯроварӣ дар хона рух медиҳад ва аз теъдоди онҳое, ки ба марказҳои офиятӣ муроҷиат мекунанд, 60 фисадаш занҳои гирифтори хушунати хонаводагианд.
Зимни ин нишаст воқеан дуруст қайд гашт, ки таъсири зулми хонаводагӣ аз таъсири бемориҳои сангине чун саратон дида, барои кӯтоҳ шудани умри зан асари бештаре дорад. Дар ҳақиқат, шавҳари хушунатгар ба пойпӯши тангем монанд аст, ки агар онро ба по дошта бошӣ, дар назарат дунё беранг метобад. Барҳақ, зебоиҳои ҳаётро бо пойафзоли танг эҳсос кардан ғайриимкон аст. Яъне, умр мегузараду роҳати он пойафзолро (яъне шавҳарро) намебинӣ.
Пас. зан чӣ кор бояд кунад? Бо пойафзоли танг дунё дар назараш тор бошад, сабр кунаду пойлуч гардад? Ин суол боз ҳам чун дар мизи гирдҳои пешин, беҷавоб монд. Зеро нигоҳи онҳое, ки дар чунин нишастҳо гирд меоянду сари як пиёла қаҳва масъаларо ҳал карданӣ мешаванд, бар он аст, ки зан ба пойафзоли бароҳат ҳақ дорад ва бояд даъво кунад, ки пойпӯшаш ба пояш дуруст шинад. Вале занҳои зиёде бовар аз он доранд, ки : «аз оғили холӣ дида, гови шохзан беҳтар аст» ва тарс аз он доранд, ки баъди раҳоӣ аз пойпӯши танг пойлуч мондан хавфноктар аст. Ва ё шак меоранд, ки агар ба роҳи гуфтаи ин семинарҳо раванд, гумон аст ҳукуматиҳову СҒҲ -ҳо барояшон зиндагии бепойпӯш, вале хубтарро таъмин карда тавонанд.
Алтиной Умурбекова - вакили парлумони Қирғизистон зимни суханронӣ, аз ҷумла қайд кард, ки масъалаи хушунати хонаводагӣ таҳти назорати парлумони ин кишвар қарор дошта, бонки иттилоотӣ оиди оилаҳои гирифтори хушунат ва парвандаҳои зиёди баррасинамудаи судҳо гувоҳи онанд, ки қонуни қабулнамуда амал мекунад. Мавсуф ҳамчунин қайд кард, ки зани гирифтори зӯроварӣ дар хонавода, ҳамчун шахсият барҳам мехӯрад ва ҳайсияти ӯ дигар мешавад.
Аз андешаҳои ҷамъомадагон пай бурда мешуд, ки таҷриба собит кардааст, ки давлатҳои қонуни мубориза алайҳи хушунатро қабул карда, баъзе камбудиҳои онро аллакай дарк карда истодаанд. Агар тибқи қонунгузорӣ золим- шавҳар, масалан суд карда нашаваду ҷарима насупорад, боз ҳам худи хушунатгар не, буҷаи оила зарар мебинад, ки ин ба манфиати хонавода нест. Охир, ин золим таъмингари оила аст.
Ҳамчунин ҳозирин бар он андешае мувофиқ буданд, ки то даме ҳам ҷомеъа ва ҳам қурбонии хушунат худро шахси (субъекти) баробарҳуқуқ эҳсос накунад, мо ба чизе ноил намегардем.
Ирина Унжакова - сарвари созмони ҷамъиятии «Статус» ва узви Комиссияи миллӣ оид ба корҳои занон ва оилаву сиёсати демографии назди президенти Қазоқистон бошад, як ҳолати аҷиберо дар ин кишвар қайд кард. Ӯ гуфт, ки солҳои охир тамоми моликияти оила (движимосту недвижимост ) ба номи шавҳар асту қарзгирӣ (кредит) ба номи зан ҳуҷҷатгузорӣ мешавад, ки дар натиҷа занҳои зиёде бо сабаби «қарздорӣ» сарсону мувоҷеҳи ҷазоянд. Мавсуф боз бар ин назар буд, ки бисёриҳо гумон мекунанд, ки ба зулми хонаводагӣ асосан занҳои бесавод гирифторанд, вале таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, бонувони зиёди соҳибмақому соҳибдиплом низ аз ин мушкил берун нестанд. Воқеан, ман бо ӯ мувофиқам, зеро соҳибмаълумотҳоро, хоса ашхоси ҷамъиятиро аз фош кардани сирри оилавӣ, аниқтараш гирифтор будан ба хушунати хонаводагӣ, танҳо андешаи афкори ҷомеъа ва қабули бади он аз пойин то боло, нигоҳ медорад. Вагарна зиёданд занони соҳиби ҷойи кору маошу мақом ҳам дар ҷомеъаи мо, ки дар ин ҳол аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ карда наметавонанд. Агар карданӣ шаванд, хандахаришу таънасор мешаванд.
Коршиносон бар он назаранд, ки хушунат танҳо мушкили хонаводагӣ нест, аз он ҷомеъа ва давлат бештар зарар мебинанд. Зеро зани зери қувваи харобиовари зулмбуда саломатиашро аз даст медиҳад, маълумоти доштааш осеб мебинад, рушди ихтисосиаш халал меёбад, ҳамчун мутахассис заъиф мегардад ва ин ҳама на танҳо ба бадшавии ҳолати оила ҳамчунин дар маҷмӯъ зиёни ҷиддие ба давлат мерасонанд.
Масъулияти масъала соҳиб надорад
Аҷиб он буд, ки на ин фаъолони ҷамъомада, ки аксаран ҳуқуқшиносу депутату кормандони сатҳи баланди ҳукумативу, ҷамъиятиву, байналмилаливу ҳатто журналистони чор кишвар ҳам наметавонистанд ба як хулосае биёянд, ки ҳамин хушунати хонаводагиро кадом ниҳод бояд зери назорат бигираду рӯйи он кор кунад ва муваззафи буду набуди он бошад. Ин ҳама мушоҳида, касро ба андешае мебарад, ки ин масъала ҳам ба монанди масоили наркотраффику ҳуқуқи инсон, «кори ҳама ва ҷавобгарии ҳеҷ кас» боқӣ хоҳад монд, яъне, касе грант ёфт, кор мекунаду он ки тамом шуд, тамом? Ҳайронам, чаро аксари ташкилотҳои хориҷӣ ана дар ҳамин ҳол эҳсос намекунанд, ки мардум аксари лоиҳаҳои дурӯғинашонро фош кардаанду ба суоли он ки боз кадом масъалаи «ҳалнашаванда»-ро инҳо пеш мегирифта бошанд, посух мекобанд.
(идома дорад)
Ҳуриннисо АЛИЗОДА