Ҳангоме бозор медароӣ, мегӯӣ, ки тамоми мардуми Тоҷикистон дар бозор аст. Вақте дар кӯчаву хиёбонҳо ба сӯҳбатҳои мардум гӯш меандозӣ, аз назди муллою фолбин рафтанҳояшон огоҳ мешавӣ, гумон мекунӣ, ки ҳама «бахтбаставу пеши корбаста» ҳастанд. Аммо аз ҳама муҳим чун аз беморхонаҳо дидан кунӣ, ангушт ба дандон газидаву мебинӣ, ки ҳама ҷомеа бемор аст.
Имрӯз ҳам рекломҳои зиёди телевизион, ҳам талошҳои мардум, ки дар ҳар хонадоне бояд як табиб бошад, собит мекунад, ки ҷомеаи мо воқеан дучори бӯҳрони беморӣ аст. Хусусан, дар солҳои Шӯравӣ, агар номи бемории сил ё саратонро мегирифтанд, мардум дар таҳлука афтида, мегуфт: «Дар фалон ҷо фалон кас бемории саратон шудаст!» Аммо имрӯз мисле, ки як раванди маъмулӣ шуда бошад, номи ин бемориро бе ягон эҳсос қабул мекунем. Вақте бори аввал Маркази илмии саратоншиносии беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи Дьяков Қараболо рафтам, аз дидани як манзараи ҳузнангез ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон дилам ба ин миллат сӯхт. Дар шӯъбаи химиятерапияи ин беморхона паси дари табибон қариб ҳамарӯза навбат асту роҳи гузаштан намеёбӣ. Утоқҳо, ки иборат аз панҷ кати хоб мебошанд, пури бемор ҳастанду баъди ҳар се-чор рӯз холиву аз нав пур мешаванд. Чун ба чеҳраи маҳзуни мардуми мӯҳтоҷи ин даргоҳу табибон менигарӣ, дарк мекунӣ, ки умеди зистанро аз даст додаанд. Болои ин нархи муоинаи табиб ва оддитарин ташхис то табобати табиб аз 25 сомонӣ сар шуда, то ба 500-800 сомонӣ (ғайр аз доруҳое, ки худи бемор мехарад) дакка мехӯрад.
Чаро имрӯз бо вуҷуди он ки тамоми доруҳоро дар дорухонаҳои кишвар дарёфт кардан мумкин аст, сафи беморҳо зиёдтар мешавад? Оё доруҳо бетаъсиранд? Ба кадом намуди беморӣ мардум бештар гирифтор мешаванд?
Ин саволҳое ҳастанд, ки имрӯз ҳар шаҳрванде, ки заррае ҳисси дилсӯзӣ ва миллатдӯстӣ дорад, азобаш медиҳад.
Танҳо 10% сиҳатии ҷомеа аз табиб вобаста аст
Ҳарчанд дар сӯҳбати рӯбарӯ касе аз табибон ҳозир нашуд, ки ошкорро ба ин саволҳо ҷавоб диҳад, вале аз рӯйи мушоҳидаҳо ва беморони дар пушти дари табибон навбат истода посух ёфтан мумкин аст. Масалан, дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе низ аз одами зиёд ҷойи поймонӣ намеёбӣ. Хусусан, вақте вориди шӯъбаи ҷарроҳии беморхона мешавӣ, ҳар дуввумин одами рӯ ба рӯ омада бемор аст.
Бо вуҷуди ин сардухтури беморхонаи мазкур Бобоқул Мӯъминов ҳатто тахминан гуфтан нахост, ки чӣ қадар бемор ба онҳо муроҷиат мекунад ва кадом намуди беморӣ зиёдтар аст.
«Вобаста ба зиёд шудан ё нашудани беморон ман чунин факту рақам надорам, аммо ҳаминро гуфта метавонам, ки вазъи саломатии аҳолӣ ҳамагӣ 10% аз табибон вобаста аст. Боқӣ 90% аз таъсири муҳит ва худи бемор вобастагӣ дорад, ки ин тадқиқоти махсусро талаб мекунад»,-иброз дошт сардухтури беморхонаи ёрии таъҷилӣ.
Аз ин бармеояд, ки «Саломатии инсон дар дасти худи ӯст»-ро набояд фаромӯш карду «Худо бандаашро ҳеҷ гоҳ ба милисахонаву духтурхона набарад»-гуфтани мардум ҳанӯз ҳам арзиши худро гум накардааст.
Ҳамчунин, лозим ба ёдоварист, ки дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, таҳти рақами 600, хизматрасонии пулакӣ ҷорӣ шудааст, ки муоина ва ташхиси оддӣ аз 1 сомонӣ сар шуда, то ҷарроҳӣ ба 400-500 сомонӣ мерасад.
Оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ
Қаросон (Гангрена), касалии қанд (диабет), ҷоғар, сактаи майна (инсулт), сактаи дил (инфаркт), носур (киста), омос, саратон, ВНМО, ва сил бемориҳое ҳастанд, ки имрӯз бештар мардуми мо ба он гирифтор мешаванд, вале табобаташон ё дурудароз аст ё ғайриимкон. Аммо бештари ҳолатҳо ҳангоми ташхис ва табобат духтурон ин бемориҳоро муайян карда наметавонанду ба ҷойи як касал дарди дигарро табобат мекунанд. Дар ин маврид дар матбуоти даврӣ ҳамеша мақолаҳо ба табъ расида, мавриди баҳсу мунозира ҳам қарор мегиранд.
Ҳарчанд, ҳисоботҳои оморӣ дар мавриди бемориҳои зикршуда ва дигар бемориҳои сабуке, ки ҷомеаро ҳамеша фарогир мебошад, мушаххас нест, аммо мушоҳидаҳо дар беморхонаҳои танҳо шаҳри Душанбе исбот месозанд, ки шумораи нафарони ба бемориҳои гуногуни вазнин гирифтор торафт афзоиш меёбад. Аз ҷумла, тибқи баъзе маълумотҳои ғайрирасмӣ ба Маркази илмии саратоншиносӣ дар як сол қариб 5 ҳазор нафар муроҷиат мекунанд.
Аммо тибқи ҳисоботҳои омории Вазорати тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2010 4260 (соли 2009- 4046 бемор) нафар бемории сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки 3365 (3204 нафар дар соли 2009) нафарашон бори аввал ва дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аз 214 нафар бемор ба қайд гирифта шуда, беморони бори аввал сабтшуда бошад, 159 нафар зиёдтар гаштааст.
То 1 декабри соли 2010 дар ҷумҳурӣ 2857 ҳодисаи сирояти ВНМО, аз ҷумла 2280 ҳодиса дар байни мардон ва 577 ҳодиса дар байни занон ба қайд гирифта шудааст. Аммо вазъи бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ соли 2010-ум нисбатан мӯътадил будааст. Дар 6-моҳаи соли гузашта дар ҷумҳурӣ бемориҳои домана 210 ҳодиса (соли 2009 - 338, соли 2010 - 128), вараҷа 7 ҳодиса (2009-13, 2010-6), ҳорӣ 3 (2009-5, 2010-2) камтар ба қайд гирифта шудаанд.
Доруҳо тиҷорат шудаанд
Ба андешаи таҳлилгарони соҳа як сабаби зиёд шудани бемориҳои гуногун имрӯз аз таъсири доруҳо вобастагӣ дорад. Яъне, бо вуҷуди он ки тамоми намуди доруҳои табобатӣ мавҷуданд ва дастрас карданашон осон шудааст, онҳо шифо намебахшанд.
Аммо ба қавли он табибони ҳамсӯҳбатам, ки нахостанд номашон зикр шавад, имрӯз дар тамоми ҷаҳон чунин раванд идома дорад. Дар ҳама кишварҳо шумораи дорухонаҳову маводи доруворӣ рӯ ба афзоиш аст ва ин ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорад.
Дар воқеъ фурӯшӣ доруворӣ имрӯз ба тиҷорат табдил ёфтааст. Масалан, ғайр аз он ки сари ҳар қадам дорухонаҳо мавҷуданд, боз ширкатҳои махсуси доруфурӯшии ватаниву хориҷӣ бевосита ба фурӯши доруҳо машғуланд. Яъне, ин тиҷорат чунин аст, ки паҳнкунандагон ҳар қадар дору зиёдтар савдо кунанд, маошашон ҳамон қадар зиёд мешавад.
Рӯзе дар бинои Муҷтамеъи табъу нашри “Шарқи озод” низ доруе ройгон аз ҷониби нафаре даст ба даст тақсим мешуд ва ҳисси кунҷковиамро зиёд карду пурсидам, ки «Чаро бепул аст ин дору?» Ҳарчанд касе ҷавоб надод, вале ба мӯҳлати истифодабариаш нигарам, аллакай тамом шудааст. Худо медонад он доруро чӣ гуна вориди кишварамон кардаанду чанд кас аз он истифода бурд.
Соли 2010 -ум баҳри тақвияти фаъолияти фармасевтӣ қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2010, таҳти рақами109 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди гардиши маводи дорувории қалбакӣ" ва аз 3 майи соли 2010, таҳти рақами 210 "Оид ба тартиби сертификатсияи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ” таҳия ва қабул гардиданд.
Дар доираи ин қарорҳо соли 2010 аз ҷониби масъулони Вазорати тандурустии кишвар 13 653 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд
Аз ин рӯ, мисоли дар боло овардаи “Агар хоҳед ҷомеаро аз беморӣ наҷот диҳед, соҳаи тибро ғайр аз ҷарроҳӣ барҳам занед!” шояд ба он маъност, ки мардумро аслан ширкатҳои дорусозӣ касал мекунанд?
Дар омади гап...
Бояд ёдрас шуд, ки оид ба беҳтар намудани соҳаи тандурустӣ Президенти кишвар низ борҳо дар пайёмҳои хеш таъкид менамояд, ки: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст. Сифати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб ҳанӯз беҳбудиро тақозо дорад. Табибон бояд одоби баланди муошират дошта бошанд ва бо корафтодагон муомилаи неку инсондӯстона карда тавонанд».
Ҳарчанд, борҳо ин суханон такрор меёбанд, вале чун вориди баъзе беморхонаҳо мешавӣ ин гуфтаҳо танҳо рӯйи қоғазанду тамом.
Боре зимни доругузаронии беморе дар шӯъбаи химиятерапияи беморхонаи Қараболо шоҳиди чунин муносибати нодурусти корманди тиб шудам. Бародари шафқати навбатдор, ки симои хеле ҷиддиву дурушт дошт, бо бемор бо дағалӣ сухан мегуфт. Вақте пурсидам, ки “Ин чӣ гуна муомила аст?” боз дағалтар шуд. Аммо чун гуфтам, ки “Ин тарзи муносибат на аз рӯйи одоби касбӣ асту на аз рӯйи одоби инсонгарӣ, каме мулоимтар шуд. Ин гуна ашхосро метавон дар ҳар беморхонае вохӯрд, вале мардуми оддӣ, ки аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд, дар чунин ҳолатҳо хомӯш мемонанд.
Шояд сабаб ҳамин аст, ё чизи дигар, ки аксаран беморон табибро дидаву дониста интихоб мекунанд.Яъне, мардум пеш аз он ки назди духтуре раванд, аввал ҳам касбияту таҷриба ва ҳам тарзи муомилаи табибро маълум карда, баъдан муроҷиат мекунанд. Масалан, рӯзи 4-уми апрел вақте думболаи ин мавзӯъ ба шӯъбаи кӯдаконаи осебшиносии беморхонаи Қараболо рафтам, беморони бисёр дар навбат буданд. Баробари ба издиҳом наздик шудан, ҳамшираи шафқате аз дар берун шуда, муроҷиат кард, ки “ҳар касе назди Рафоат Тӯраевна даромаданӣ аст, навбат истад”. Баъди огоҳии ӯ вақте мардум саф оростанд, маълум гардид, ки ҳама назди ӯ даромаданианд. Чун пурсидам, ки инҷо дигар табиб нест, зане гуфт:“Ӯ табиби хуб аст ва забони ширин дора”.
Ба ин сӯҳбат як зани дигаре, ки дар даст кӯдаки хурд дошт, ҳамроҳ шуда, чунин иброз дошт: “Маро ҳам як шиносам гуфт, ки назди ҳамин духтур рав, омадам, мана соат 9.20 ҳоло ҳам навбат аст”.
Пас аз мушоҳидаҳо дар маркази саратоншиносӣ, дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва урологӣ, шӯъбаҳои кӯдаконаи осебшиносӣ, садамаи пайваста ва ҷарроҳии таъҷилӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии “Урологӣ” ин ҳама суханҳо рӯйи қоғаз омаданд, ки ин ҳам қатрае аз баҳр аст.
Саида Қурбонова