Тибқи иттилои расмӣ соле дар Тоҷикистон то 6000 талоқ ба қайд гирифта мешавад. Ҳарчанд ин омор бозгӯкунандаи ҳолати аслӣ нест, вале хеле нигаронкунанда аст. Зимнан бояд қайд намуд, ки талоқҳои бешумори никоҳҳои ғайрирасмӣ (бе ЗАГС) ба ин омор шомил нестанд.
Борҳо зимни маҷлисҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон боиси нигаронӣ гаштани миқдори зиёди оилаҳои аз ҳам пошидаро шоҳид будам. Вале рӯзи 08.04.2011 мавсуф бо як пешниҳоди хеш бори дигар собит намуд, ки бешак ғамхори занон, ки қишри осебпазири ҷомеаанд, мебошад. ӯ ба ҳозирин, ки аксаран ашхоси масъулу аҳли зиё, вакилони Парлумон ва ҳуқуқшиносон буданд, супориш дод, ки механизми зарари моддии занҳоро зимни талоқ дарёбанд ва роҳҳои ҳимояи эшонро тибқи қонунгузорӣ муқарар созанд. Зеро воқеан таҷриба муайян кардааст, ки маъмулан аз талоқ занҳо бештар зарар мебинанд.Азбаски аксаран тақдири минбаъдаи фарзандон бар дӯши онҳо вогузор мегардад, ин масъала на танҳо мушкили ҳамон зан, балки кӯдакони зиёд, аҳли оила ва дар маҷмӯъ ҷомеъа мегардад.. Қисмати аъзами онҳо бо сабаби ба номи дигарон будани амволи муштараки хонавода, ки маъмулан дар ҷомеъаи суннатии мо моликияти шавҳар хонда мешавад, зимни ҷудошавӣ бе хонаву дар ва ҳақу ҳуқуқе сарсону ҳайрон мемонанд. Тибқи қабули нодурусти ҷомеаи мо зани талоқгашта умуман обрӯ надорад ва ё мақомаш (статусаш) хеле паст мегардад. Мардҳо «алимент»-ро қариб, ки ба қатори калимаҳои архаистӣ (кӯҳнашуда) дароварда фаромӯш ҳам кардаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо дар ин сурат бечораанд, ҳатто дар андешаи дарёфти роҳи дурусте ҳам то ҳол нагаштаанд.
Аксари кормандони суду милисаҳо нақши худро дар он мебинанд, ки занҳоро «насиҳат» кунанд, ки ба хонаи шавҳар баргарданду худро бехонаву шармандаву фарзандонашро сағира насозанд. Вале касе намеандешад, ки ин «хонадорӣ» ва падардории фарзандон ё статуси зани шавҳардор баъдан дар ивази чӣ рӯзгоре муяссари зан мегардад. Яъне зане, ки иҷборан бо шавҳар ба хотири хона, сарпаноҳ, фарзандон ё таъмингарии шавҳар розӣ мешавад, ки зиндагӣ кунад. Маҷбуранд, чӣ рӯзгор талху иҷборӣ ва умре пур аз ранҷи асаби вайрону дили бирёну дидаи гирёнро пушти сар кунад. Бо вуҷуди ин ҳама аксаран занон ба хотири пойдории оила бо ҳамин мушкилот таҳаммулпазиранд.
Ин пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ба хотири ҳимояи занон, ки камтар аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ карда метавонанд, воқеан боиси дастгирист.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки қисмати зиёди талоқҳо аз рӯйи хиёнат ё зани дигар гирифтани шавҳарон ба амал меоянд. Бисёре аз мардон ҳамсару фарзандонро солҳои сол партофта, бо зани дигар зиндагӣ мекунанд, фарзанддор мешаванд, баъзан боз ин зану фарзандро ҳам мепартоянд. Вале ҷазое ҳам намебинанд. Мегӯянд, ки вақтҳои охир анъанае шудааст, ки дар деҳот ба хонаи духтардор 500 ё 1000 доллари амрикоиро бурда медиҳанду мегӯянд, ки баъди як ҳафта тӯй, омада духтарро мебарем. Агар чунин арӯси арзонак ба домод маъқул нашавад ё ба хусуру хушдоман хуш наояд, баъди моҳе ивазаш мекунанд. Охир барои мардони дар Россия кор мекардагӣ ин маблағи калоне ҳам нест. Ва ин қадар пулро дар ҳамин Душанбе ҳам бо мардикорӣ дар ду-се моҳ меёбанд. Пас талоқ ( расмӣ, ё ғайрирасмӣ) ва ё ёфтани арӯси нав, ки гӯё тибқи омор шумораашон хеле зиёд аст, барои мардон тавре, ки худи онҳо мегӯянд, «ду карат ду» аст.
Вале касе дар бораи тақдири минбаъдаи зан андеша намекунад. На шавҳарони аз зиёдии духтарони болиғи бешавҳар мастшуда на волидони дар «ғам»-и тезтар шӯ додани духтарон. Агар ин анъана давом ёбад, як мард то 10-20 бор ҳам зан гирифта метавонаду 10-20 зани барои як нози мард бевамонда умре бадбахт мегардад. Пас пешниҳоди роҳбарияти кишвар барои дарёфти механизми ҳимояи занҳои бегуноҳ талоқшуда хеле саривақтист. Воқеан, агар шавҳароне, ки бо айби онҳо талоқ ба вуқӯъ меояд миқдори муайяни маблағро ба суратҳисоби зан- ҳамсар гузаронанд, (ва бояд ин маблағ хеле каму «символический» не, баръакс барои таъмини баъдинаи зан басанда бошад) пас ин гуна ҷудошавиҳои сабукфикрона ва ё беқадрии зангирии арзоншуда аз миён мераванд. Шояд рӯзе бирасад, ки духтари ба шавҳар бароянда ҳамчуноне, ки рӯзи тӯй дуояш медиҳанд, итминон дошта бошад, ки: «бо як тахту як бахт» то охир хоҳад монд. Ё не?
Ҳуриннисо Ализода