-Охири сол аст, навиштани ҳисоботҳо, ҷамъбасти сол, омодагӣ ба Соли нав, умуман кор аз мӯйи сар зиёд, илтимос баъди Соли нав биёед. (Хуб шудааст, мегӯеду чун як фарди маданӣ бо умед аз дар берун мешавед).
Миёнаи моҳи январ:
-Ҳамин маҷлиси Ҳукумат гузарад, ку бубинем чӣ мешавад.
(«О, чӣ фарқ дорад, ки чӣ мешавад, шояд вазифаи раис тағйир ёбад, боло ё поин равад, вале мушкили ман даҳчанд ва барои чанд сол ба қафо меафтад, ғур-ғур мекунед шумо, вале ин вақт котиба аллакай дарро пӯшидаасту дигар шуморо намешунавад).
Охири моҳи январ:
-Роҳбарияти болоямон акнун иваз шуд. Одамҳо ҷо ба ҷо шаванд, раис як бало карда шуморо қабул мекунад. Каме сабр кунед. Ҳоло он қадар рӯшан нест, ки боз чӣ мешавад. («Боз камтар сабр бояд кард» гуфта, худро тасалло медиҳед).
Феврал:
-Хунукӣ, бебарқӣ, арафаи иди Артиши миллӣ, наход боз каме сабр кардан натавонед? Раис табъи хира дорад. Ақаллан хотири рӯзи Артиши миллиро бинед! Каломи котиба илтиҷо дорад ва каме сарзанишомез ҳам ҳаст.
(Шояд раисатон рӯйи армияро надидаасту «Ид» дорад, охир кори ман ҳалношуда монд). Ин суханҳоро шумо берун аз панҷараҳои ҳавлии идора гуфта-гуфта меравед.
Март:
-Оҳ, март ин моҳи идҳост. Янга, маъшуқа, котиба, хушдоман ва ҳатто модари шеф интизори тӯҳфа, чашм ба роҳи раисанд. Ҳатто табиат бедор шудааст, одам ун тараф истад, (чашмони котиба ба таври «романтикӣ» барқ мезананд) ҳама «таваҷҷӯҳ» мехоҳанд. Ку вақти қабул? О, ин ҷашни Наврӯза намегӯед? Чи қадар чорабинӣ дорем, равед гаранг накунед. Заб вақтатона ёфтед. Ин гуфтаҳо қатъӣ ва омиронатаранд. (Худатон шарм медоред. Бовар мекунед, ки ноҷо омадаед. Дарро оҳиста аз пушти худ мепӯшед).
Апрел:
Раис ва котиба зери таъсири «1-апрел» ягон даҳ рӯзро ба дурӯғгӯйӣ мегузаронанд. Дигар илоҷе наёфта, аз танбалист ё бемасъулиятӣ, ки ба зодрӯзи доҳии пролетариат В.И.Ленин -22-апрел «омодагӣ» доранд. Шумо аз соддагӣ беҳуда интизорӣ мекашед.
Май:
-Оҳҳ... маййй!!! Куҷо вақту ҳавсалаи қабулу корбудкунӣ. Баҳор, ҳама ҷо сабз, зард, кабуд, сурх. Раиси бечора чанд моҳ боз беруни шаҳрро надида. Хулоса, дар ҳуҷраи корӣ нестанд. (Дигар котиба ба шумо равед, ё истед, боз биёед, ё наоед ҳам намегӯяд. Гӯё қаҳрӣ аст).
Июн:
-Шумо заб одами эзма будаед (хонда мешавад аз чеҳраи зебои котиба). Вале лаб ба сухан кушода меҳрубонона: «Бубахшед, шумо саводи сиёсӣ доред? Ҷашни Ваҳдат дар таги бинӣ. Ин гармои тафсон, бечора раис, шабҳо дар кабинет хобанд. Инсоф доред?!
Июл:
Табъи котиба болида, кӯтоҳ гуфт: «Раис дар рухсатӣ, охирҳои моҳи август мешаванд». (..., !!!, ???, ...)
Охири моҳи август:
-Ин берӯиро бинед-а? Раис ҷомадони сафариашро дар замин намонда, Шумо қоз барин дар пеши дар! Соли нави хониш, раиси бечора бачаву кача ҳам дорад, охир! (Шумо дилатонро нақапед, котиба ва раисро бо инфаркт тарсонда наметавонед. Содда нестанд)
Сентябр:
-Шумо гумон доред, ки дар ҳамин рӯзҳои Истиқлолият, ки аз тамоми ҷаҳон ба Тоҷикистон меҳмон меояд, раис вақти қабули шуморо дорад? Не, охир худатон як фикр кунед! (Дигар шумо ва кунда барои котиба як чизед!)
Октябр:
-Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд. Раис ба вилоятҳо сафари хизматӣ дорад, Идораҳои зертобеъро месанҷад. Бисёр бетоқат бошед, аз пушташон равед! (Медонед, ки ин ҳама бофта аст, вале бо котиба ҷанг карда наметавонед. ӯ дар хизмат аст ва Шумо медонед, ки «оскорбление при исполнение обязанности» - ҷиноят аст, сабур бош, мегӯӣ бо худ ва қаҳру ғазабатро фурӯ мебарӣ).
Ноябр:
-Аапшу! Ё тавба, дар ҳамин давраи зукому табларза, куҷо қабулу сӯҳбат бо шаҳрвандон?!
ӯ бо аҳли оилааш ҳама зуком, овози сулфаашонро мешунавед? Надароед, ки «гриппи мурғ» мешавед! (-Воқеан ҳоло таҳдиди зукоми хук ҳама ҷоро фаро гирифтааст. Худо нигоҳ дорад, -мегӯеду аз идора берун меравед).
Декабр:
Аз рафтуомад ба идораи раис як сол гузашт.
-Ҳамин давраи суркуну-пешкун вақти қабул аст? (Як қоши котиба болову яктаакш поён, гӯё кундошашро дида бошад, ғазаб мекунад ӯ.) Кӣ медонад, ҳамин бечора дар вазифа мемонад ё не? Равед, як моҳ баъд биёед. Шумо хеле одами шилқин будаед.
Аввалин бор Раҳматкабир овоз мебарорад. «Эй кош, дар вазифа намонад». Ва инро на танҳо котиба, раис, кормандон, болонишинҳо ва ҳатто аз само малоикаҳо ҳам мешунаванд.
Ситораи Алӣ