Дар Хоруғ духтари ноболиғи 16-соларо рабуданд. Волидайни духтар аз афроди ношиноси маҳаллии савори автомашинаи сиёҳ, ки қаблан духтарашро мавриди таҳдид қарор додаанд, гумонбар шуданд.
Модари духтар Шаҳло Муволасенова гуфт, ки шаби ҳодиса онҳо то соати 2-и шаб дар манзили тангашон «оинаи нилгун» тамошо карда, пас он хоб рафтанд, вале субҳ ҷойгаҳи духтарашонро холӣ дарёфтанд. Вай афзуд, ки духтараш дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонаду вақтгузоронии беҳуда ҳам намекард. Вай ҳайрон аст, ки чи гуна одамон ва барои чӣ ӯро рабудаанд? Падари духтар Мақсуд Тиборов, ки дар пайи вуқӯи ҳодиса аз муҳоҷират, аз Руссия баргаштааст, баён дошт, ки эҳтимол меравад, духтараш барои зарурат аз хона берун шуда, ин дам аз ҷониби афроди ношинос, ки ӯро мепоидаанд, рабуда шудааст.
Дар пайи як ҳодисаи дигар дар Хоруғ се хонандаи мактаб ба муддати ду рӯз ғайб заданд ва пас он, ба гуфтаи мақомоти милиса, аз манзили «шиносҳояшон» пайдо шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти дохила, духтарон осеб надидаанд ва нисбати афроде, ки дар манзилашон қарор доштанд, даъвое надоранд ва волидайну мактабро ба сабукрафтории духтарон гунаҳкор медонанд. Дар ҳамин ҳол духтари ноболиғи дигар ба шӯъбаи корҳои дохила муроҷиат кард, ки вайро ҷавонони маҳаллӣ зӯран ба манзилашон бурда нигоҳ доштаанд. Мақомоти корҳои дохилаи Бадахшон бо нишондоди ин духтари ноболиғ як ҷавони 27- солаи сокини шаҳрро боздошт намуда, ҳангоми кофтуков аз манзили гумонбар 45 грам маводи сахттаъсири ҳероин пайдо карданд. Аммо мегӯянд, суханони духтари ноболиғ дар мавриди зӯран нигоҳ дошта шуданаш дар манзили ҷавон, бинобар мутобиқат надоштан ба воқеият, исботи худро наёфтаанд. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони шӯъбаи корҳои дохила Майсара Азизбекова, духтар бо хоҳиши худ бо ҷавонон робита доштааст.
Аммо роҳбари созмони бонувони «Мадина» Набот Додихудоева гуфт, ки нисбати духтар хушунат ҷой доштааст ё не, мурофиаи додгоҳ муайян мекунад, аммо аз сӯҳбат бо духтари ноболиғ эҳсос карданд, ки пас аз муроҷиати худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вай таҳти фишори равонӣ қарор гирифтааст.
…Мақсуд Тиборов касеро ба рабудани духтараш муттаҳам карданӣ нест, аммо аз мақомоти тафтишот мехоҳад, ки арзи духтарони ноболиғи дигарро, ки барои дифоъ аз ҳуқуқашон ба онҳо муроҷиат кардаанд, пурра мавриди таҳқиқ қарор диҳанд, зеро он метавонад, ки барои рӯшанӣ андохтан ба ҳолатҳои дигари хушунат алайҳи занон ва ноболиғон ва одамрабоӣ кӯмак кунад.
Раиси кумитаи кор бо занони мақомоти шаҳрдорӣ Гулдаста Орумбекова мегӯяд, ки ҳамаи духтарони ноболиғе, ки дар ҳаводиси ахир номашон вирди забон шудааст, аз хонаводаҳои камбизоатанд. Вай афзуд, ки якҷоя бо шӯъбаи маориф ва ба хотири ҷилавгирӣ аз вуқӯи чунин ҳодисаҳо дар кулли мактабҳои шаҳр бо хонандагону омӯзгорон ва волидайн мулоқотҳо баргузор карданд.
Ш. Мирзоҷалол