Дар ҳошияи лоиҳаи «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»
Олимон таҳқиқ кардаанд, ки тифл ҳанӯз дар батни модар ҳама чизро эҳсос мекунад. Ва чун чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, ҳама чиро мебинаду ламс мекунад, маззаву бӯйро мефаҳмад, вале ҳанӯз қобилияти хубу бадро аз ҳам ҷудо кардан надорад. Майнаи чун варақи сафед тозаи ӯ ҳама чизро сабт мекунад. Вале маҳз дар ҳамин даврае, ки ӯ ба истилоҳ «маълумот ҷамъ меорад», мо, волидон, ба тарбияву таълимаш камтар таваҷҷӯҳ дорем.
Мегӯем, ки ҳанӯз тифл аст, беақл аст, намефаҳмад. Итминон дорем, ки боақлтар шавад, баъд мефаҳмонемаш, ки «ин хуб асту он бад». Таҷриба собит карда, ки ҳар касе чунин меандешад, дар тарбияи фарзанд хатои ҷиддие мекунад.
Падари шаробдӯсту ишратпараст ҳам мехоҳад, ки писари ҳалиму меҳрубон, донову ботамкин, хушахлоқу некном ва ҳунарманду намунавӣ дошта бошад. Модари ҷоҳилу ҷангара ва ҳатто сабукпову дузд ҳам мехоҳад, ки духтари кадбонуву шармгин ва фармонравову поктинат ба воя бирасонад. Яъне, ҳеҷ як инсон зинҳор бо нияти фарзанди бадахлоқу расвою радди маърака тифл дар батн намепарвараду кӯдак калон намекунад. Ҳар як волид ҳазорҳо бор духтару писари худро даъват кардааст, ки баодобу рострав бошад. Вале аз куҷоянд дар ҷамъият ин қадар беодобу бевиҷдонҳо, дузду майзада, дурӯғгӯву фосиқҳо, одамкушу қаллобҳо ва ғайраву ғайраҳо? Кӣ онҳоро чунин тарбия мекунад? Мо – аҳли ҷомеа. Ана ҳамон падару модароне, ки беҳтарин орзуҳояшонро дар идомаи наслу умрашон диданиву амалӣ карданианд, дар бадахлоқии эшон «саҳмгузоранд». Кай ва чӣ тавр хато мекунанд онҳо?
Аз шавҳар пинҳонӣ барои даҳ дақиқа ба хонаи ҳамсоя даромадани зан гӯё касеро «намекушад», вале духтарчааш, ки ин дурӯғро ба падар бояд бозгӯ кунад, барои як умр дарси дурӯғгӯӣ меомӯзад. Дигар насиҳатҳои бешумор дар бораи ростқавлӣ барояш бетаъсир аст. Чун ба гӯши худ шунидаву бо чашми худ мебинад ва қабул мекунад панди бесадоеро, ки модар «безарар» ба вай «омӯхтааст».
Дар бораи маъшуқаҳои падар ними ҷумҳурӣ қиссаву достон мегӯянду мард бо қадаҳи шароб дар тӯйи писар «тост» мегӯяд: «Орзу дорам, ки писари ман шавҳари содиқу меҳрубон, фарди баномӯси ҷумҳурӣ, амалисозандаи орзуҳои мо гардаду бо ҳамсараш қӯшапир шавад!» Магар ин шаҳписари бистучандсола метавонад он панди бо микрафон гуфтаи падарро бигирад? На. Ӯ бо пайраҳаи падар равона мегардад ва пойдевори ларзонаки оила ҳамоно ларзон мемонад. Боз як мард тақдири чанд занро «ба даст» гирифта, ҳамаро дар нимароҳ мемонад. Ва падар «ҳайрон» мемонад, ки он қадар насиҳатҳояш куҷо рафт, ки писараш орзӯҳояшро амалӣ накард...
Шавҳар модари хешро болои ҳафт қабат кӯрпача мешинонаду занашро пеши чашми фарзандон лагадкӯб мекунад. Аз он пас оё писарон ба панди ӯ дар бораи бузургии зан-модар бовар мекунанд? Не, онҳо низ модари ҷафокашидаи хешро болонишин мекунанду «панди бесадо»-и падарро нисбати ҳамсару ҳамхонаи хеш амалӣ месозанд. Ва ҷафои зан аз дасти шавҳару душмании келину хушдоман то абад мемонад.
Роҳбар дар тарабхона ё дар хонаи маъшуқа вақт хуш мекунаду котибаи бечора дурӯғ мегӯяд, ки «Раис – дар Дастгоҳ». Рӯзи дигар зердаст роҳбарро мефиребад, ки бо кори идора ба ҷое меравад, вале пайи манфиати хеш медавад. Ҳамагон ин ҳама пандҳо, аниқтараш, фандҳоро «бесадо» ёд гирифтаанд.
Магар ба навҷавоне, ки ҳамарӯза бо чашми сар рафтори бачаҳои вазиру кабирро мебинад, ба шарикдарсу ҳамсояҳои онҳое, ки мансабу вазифаро бо роҳҳои гуногуни маъмулгашта гирифтаанд, метавон талқин кард, ки «бачам, бихон, сар аз китоб набардор, забонҳои хориҷӣ биомӯз, технологияи муосирро бидон, фардо вазиру кабир мешавӣ.?» Оё ӯ бовар мекунад? Афсӯс, ки не…
Аз маҳал ҳарф мезанему…
Аз покдастӣ сухан мекунему…
Аз эҳтироми ҳуқуқи инсон вазъ мегӯему…
Аз имон сар ба саҷда мебарему…
Аз садоқат панд мешунавему…
Аз муҳаббат лоф мезанему…
Аз охират метарсонему…
…рафторамон ба гуфторамон рост намеояд ва суоли «Чаро ахлоқи ҷомеа коста шудааст?» бепосух мемонад.
Роҳи раҳо куҷост? Шояд он ки агар бихоҳем ҷомеаи поквиҷдону хушахлоқ, фарҳангиву маданӣ ва рӯзгори орӣ аз дурӯғу риёву тамаъ дошта бошем, камтар панд бигӯему дили поку номи некамон дар амал чун панди бесадое боиси пайравӣ бигардад. Вале имрӯз ба кӣ пайравӣ кунем? Ба болои сери аз дил ғофил ва ё ба поёни гушнаи дар ғами шикам? Мабодо, ки дар вартаи афзояндаи миёни ин ду қишр сарнагун биравем…
Ҳуриннисо Ализода