Биёед, сараввал китоби пурарзиши «Самаки айёр»-ро варақгардон кунем: «Абондухт, ки ғоибона ошиқи Хуршедшоҳ буд, чун шоҳро аз наздик дид, ба ӯ дил дод ва чун Хуршедшоҳ чеҳраи Абондухтро дид, маҳви ҷамоли ӯ гашт. Беқарории шоҳ аз назари дарбориён пинҳон намонд. Замоне ки падари Абондухт – Гӯри Кӯҳӣ бо бародарону фарзандон ба талаби духтар ба лашкаргоҳ меояд, Самак ба ӯ мегӯяд: «Эй паҳлавон, агар мехоҳӣ Абондухтро бибарӣ, бигӯй, ӯро то куҷо хоҳӣ бурдан? Акнун донам ӯро ба занӣ на ба бародари худ Кӯҳёр ва на ба фарзандони хеш натавонӣ додан. Агар чунон аст, ки ӯро ба касе хоҳӣ додан, домоди беҳтар аз Хуршедшоҳ нахоҳӣ ёфтан».
Гӯри Кӯҳӣ сар бароварду бо қаҳр гуфт: «Моро одат набошад хоҳар ба бародар додан. Аммо Хуршедшоҳ худованди кулоҳ аст ва мо – кӯҳиён, чӣ гуна хидмати подшоҳ тавонем кардан?»
Самак гуфт: «Ин баҳона бошад».
Пас бародарони Гӯр – Кӯҳёру Кушёр ва фарзандони ӯ – Марддӯсту Мардафкан гуфтанд: «Эй падар, домоди беҳтар аз Хуршедшоҳ набошад». Гӯр чун сухан аз бародарон ва фарзандон бишунид, гуфт: «Акнун ман ба сухани духтари худ бирасам».
Чун Гӯри Кӯҳӣ бо Самаку Ҳомони вазир ба хаймаи Абондухт даромаданд, Гӯри Кӯҳӣ Абондухтро бинавохт ва гуфт: «Эй духтари азиз ва эй нури дидаи падар, туро ба занӣ ба Хуршедшоҳ диҳам ё на? Розӣ ҳастӣ?»
Манзур аз овардани порае аз ин қиссаи дилошӯб ин аст, ки дар он замон никоҳи хешутаборӣ аслан вуҷуд надошт. Ҳамчунин, ҳангоми хостгории духтар падару модари арӯс ҳаққу ҳуқуқи зӯран шавҳар додани духтарро надоштаанд ва ҳатман фикри ӯро мепурсидаанд. Шигифтангез он аст, ки мо, одамони қарни ХХI, мардумони он давраро ҷоҳилу бесавод меномему худро нафарони боилму фарҳанг, дар ҳоле ки айни замон аксари духтарон ё зӯран ба шавҳар дода мешаванд ё ба амакбачаву писари хола мерасанд.
Суолҳое бисёриҳоро ором намегузорад: «Чаро ҳоло ҳам мардум аз никоҳи хешовандӣ рӯ наметобанд? Магар ба домод зебанда аст, ки духтари амма ё холаро арӯс бигузинад? Оё волидон намеандешанд , ки аз ҳамхонаву ҳамхоба шудани аммабачаву духтари хола ва амакбачаву духтари тағоӣ ягон муроде ҳосил намешавад, ба ғайр аз бемориҳои ирсии табобатнашаванда ва маҳвшавии насл?»
Се чиз ба маҳвшавии насл мусоидат мекунанд: истеъмоли маводи мухаддир, истеъмоли шароб ва никоҳи хешовандони наздик. Миллатҳои куҳанбунёд - яҳудӣ, арманӣ ва эронӣ умуман муқобили никоҳи авлодианд. Боре дар як барномаи телевизиони Русия зиндагиномаи арбоби сиёсии Шӯравӣ Микоян мавриди баҳс қарор гирифт. Писари Микоян – Степан Анастасович иброз дошт, ки волидони ӯ Анастасу Ашхен ҳамдигарро дӯст дошта, тӯй барпо карданд, вале бибии модарӣ муқобили ин издивоҷ баромадааст, зеро падару модари Степан аз як авлод будаанд ва мувофиқи расму анъана арманӣ бо хеши дур ҳам набояд издивоҷ кунад.
Ҳангоми донишҷӯӣ бо Исҳоқ ном яҳудӣ ошноӣ доштам. ӯ дар факултаи кимиё мехонд, ҳамеша маро аз ин фан кӯмак мекард. Боре меҳмони хонадони онҳо шудам. Падари Исҳоқ устоди кимиёи донишгоҳ буду модари ӯ ҳамшираи шафқат. Дар сари таому дар омади гап аз модари Исҳоқ – холаи Соро пурсидам, ки оё дар байни яҳудиҳо никоҳи хешутаборӣ вуҷуд дорад? Гуфт: «Ин урфи номатлуб ба мо бегона аст. Агар мо ин амалро меписандидем, аксари яҳудиён ё пинадӯз мешуданд ё сартарош. Шахсан ман надидаам ва нашунидаам, ки духтари яҳудӣ ба хеши наздики худ ба шавҳар баромада бошад. Ин аст, ки байни яҳудиён ҳунармандони соҳибистеъдод бештар аст». Барҳақ аст холаи Соро - ман ҳам надидааму нашунидаам, ки аз издивоҷи хешбачаҳо фарзанди солим ба дунё омада бошад.
Рассоми бузурги фаронсавӣ Пер Ренуар умри пурфоҷеае ба сар бурдааст. ӯ пайкари номуназзам ва сари калоне дошта, мудом мубталои беморӣ будааст. Бо содагии бачагона ӯ ба ҳама бовар мекард. Ин хислати наҷиб Пери сарватмандро доим қарздор мекард, зеро ӯ тез-тез ба доми қаллобону занони ҳарҷогард меафтид. Модари ӯ дар сарнавишти бади писар худро гунаҳгор мекард ва ҳамеша мегиристу мегуфт: «Ман ба холабачаи худ шавҳар карда, ягон рӯзи хуш надидам ва ба болои сӯхта намакоб ягона фарзандам, бо вуҷуди ҳунари волояш, бадбахт аст. Ин қаҳри Худованд аст ва ману яккаписарам онро пазируфтаем».
Дар Афғонистону Покистон медидам, ки ин расми ноҷоиз бештар дучор меояд ва сабаби асосии он маҳри миёншикан аст. Ба гуфти мардумони он ҷо, хешовандон дар маҳргирӣ инсоф мекунанд. Дар қишлоқҳои дурдаст ва асосан дар байни мардумони камбағал никоҳи дигаре бо номи “хоҳарбадал” вуҷуд дорад: ба хонаи марди нодор бо маҳри кам ва узру маъзарати бисёр хостгор меояд. Соҳибхона хоҳиши хостгорро ба он шарт мепазирад, ки духтари худро ба писари соҳибхона бидиҳад. Ба қавле, “тангдастиро ба ҷуз аз аҷз дигар чора нест...”
Таърих гувоҳ аст, ки ашрофзодагони Мисру Юнони Қадим ва шоҳзодагони Фаронсаву Русия, Ҳолланду Испания аз бегонагон зан намегирифтанд ва духтарро ба бегонагон низ намедоданд. Дар натиҷа бештари шоҳзодагон мубталои маризии ирсии гемофилия (як навъ бемории лахт нашудани хун) буданд.
Ҷарроҳи қалби Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии қалбу рагҳои хунгарди ба номи А.Н.Бакулеваи Русия, номзади илми тиб Ҳиммат Сулаймонов бар он аст, ки «Дар ин маврид тифлро “дастагул”-и (букет)бемориҳои гуногун, аз қабили заифии зеҳну хотирот, ваҳм, гунгиву карии модарзодӣ, маризии диабету гиперхолестеринемия ва бемориҳои қалбу пӯст таҳдид хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мо, тоҷикон, такя ба ақл намоем, на ба хурофоту урфҳои номатлуб. Вақти он расидааст, ки бо номҳои хушоҳангу пурмаънои тоҷиконаву тарбияи ҳамидаи шарқиёна насли солиму закӣ ба воя расонем. Ҳамчун пизишк мегӯям, ки никоҳи байни хешовандони наздик дар дини мубини Ислом манъ аст ва шумо хилофи китоби муқаддаси Қуръони Карим амал менамоед. Шумо барои насли ояндаи худ беморӣ мехаред ва бемории фарзандонатон на табииву физиологӣ, балки хостаи шумост!...»
(Давом дорад)
Довудшоҳи Сулаймоншоҳ