Кӯдакии Нуринисо Бобоева дар ноҳияи наздисарҳадӣ сипарӣ шудааст. Замони шуравӣ ҷуз сокинони бумии он ҷо касе иҷозаи вуруд ба ноҳияи Москва (Мир Сайид Алии Ҳамадонии имрӯза)-ро надошт. Бачаҳои ин макон бо сабкихос, яъне дар руҳияи зиракии сиёсӣ тарбия меёфтанд. Онҳо аллакай чӣ будани шиносу ношинос, баду нек ва гаронқадрии Ватанро медонистанд. Вай духтараки ситорагарм, чолок ва аълохони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия буд.
Пас аз поён бурдани мактаб, соли 1985 ба факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллӣ) дохил шуд. Ҳамзамон, ситораи бахт ба рӯяш хандид, оила барпо кард. Ба шуъбаи ғоибона гузашту корро дар ташкилоти комсомолии зодгоҳ оғоз намуд. Донишу малака, поквиҷдониву хоксорӣ ӯро ба мақомҳои баланд: мудири шуъба, котиби ташкилоти комсомолон расонд. Номаш хоси худаш буд, ба коргоҳу атрофиён нуру гармӣ мебахшид.
Аъзои комиссия
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Нуринисо Бобоева яке аз узви фаъоли комиссия оид ба табдил додани ташкилоти комсомолӣ ба Созмони ҷавонон буд. Заковати фарох, диди наваш буд, ки ӯро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба кор даъват карданд. Донистани таърих, урфу одати гузаштагони халқи тоҷик барояш арзишманду хушоянд буд.
Боварӣ
Дар Вазорати нақлиёти кишвар пайи кор аст. Вазифаи пурмасъул ва боваринокеро ба ӯ
бовар кардаанд. Даҳ сол аст, ки роҳбарии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва соҳаи роҳдории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дорад. Пеш аз ин ҳамчун хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои гуногуни соҳаи мазкур ифои вазифа дошт. Иттифоқи касаба мақоми интихобӣ аст, ки кормандон шахси боваринокро аз доираи ҳамкорон пешбарӣ менамоянд. Аз ин ҷо маълум гардид, ки бону Нуринисо бовариву эътиқоди ҳамкоронро сазовор аст. -Иттифоқи касаба ташкилоти ҷамъиятиест, ки ҳифзи иҷтимоии корманд, шароити меҳнат, инчунин ёрии ҳуқуқии кормандро таъмин менамояд.
Дар сурати пайдо шудани нофаҳмиҳо байни корманд бо корфармо дар асоси шартномаи тарафайн ва, албатта, дар самти ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳоро ҳал менамоем. Бештари муроҷиатҳои хаттиву шифоӣ барои дарёфти роҳхат ба осоишгоҳҳо истироҳатгоҳҳои бачагонаанд, - мегӯяд Нуринисо. Пурсидем, ки Вазорати нақлиёт соҳаи калидии давлат барои раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ чӣ корҳоро рӯи даст гирифтааст. Гуфт, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ баромад. Барои роҳ кушодан ба бандарҳои хориҷ аллакай Вазорати нақлиёти кишвар дар ин самт тадқиқот бурда истодааст.
Хушбахтона, дар самти роҳу нақлиёти ҷумҳурӣ дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омада истодаанд ва дар ояндаи наздик боз беҳтару хубтар хоҳад шуд. Бонуи кордон андешаҳои ҷолиб дорад.
Ангора
Шукронаи модари тоҷик буданам мекунам. Зани тоҷик имрӯз мақому манзалати баланд дорад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инро ба мо доданд. Занҳо бо чашми дил мебинанд ва бо муҳаббат кор мекунанд. Ватандӯстӣ бояд аз оила ва боғча сар шавад. Кӯдак аз шаҳодатномаи тоҷикияш ифтихор созад. Зан дар кадом вазифае набошад, бояд зан буданашро дар ёд дорад, зеро ӯро дида падар, шавҳар ва фарзандонашро баҳо медиҳанд. Давлатдориву оиладорӣ санъатанд, ки на ҳама онро мефаҳмаду эътироф мекунад. Дар зиндагӣ шонаҳои боқуввати мард такягоҳи зан бошад, зан зуд пир намешавад. Мардҳо дар гуфтани ду ибора барои ҳамсарон хасисӣ накунанд: Шумо зебоед! Шуморо дӯст медорам. Ҳамсари хуб доштан, занро талқин мекунад, ки доим пеш равад. Танҳо набошед, чун офтобаке ба атрофиён гармӣ диҳед.
Неру
Инсон аз ҳама чизи хуб бояд неру гирад. Саҳар мехезам, чеҳраҳои хандони фарзандону ҳамсар ва келину набераҳо ба ман неру медиҳанд, хайру хайрият, осудагии Ватан ба ман қувват мебахшанд. Ба коргоҳ меравам, дохили нақлиёт 2–3 ҷавон ба ман ҷойи нишаст медиҳанд, посбони дар бо эҳтироми шарқиёна саломам медиҳад. Ҳамкорон якдигарро дастгириву эҳтиром мекунанд. Ин ҳамаро мешавад нодида гирифт?
Муҳаббати инсонӣ
Ҳамчун хизматчии давлатӣ, борҳо дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолият намудаам. Роҳбарии қитъаи интихоботиро бар дӯш доштам, ки дар мактаби №65 –и пойтахт ҷой дошт. Хабар доданд, ки як зани афғон омадааст, наздаш рафтам, пас аз салому алайк пофишорӣ мекард, ки иҷозат диҳед ман ба оқои Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳам. Гуфтам, хонум, ин хилофи қонуни кишвари мост, шумо шаҳрванди хориҷӣ ҳастед… Рӯи курсӣ нишасту ба сухан пардохт: «Агар Афғонистон мисли оқои Эмомалӣ як писар медошт, имрӯз мо дар ба дар намешудем, аз аҷдодону хонаву дар дур намегаштем, Фироқи Ватан сахт аст… Барои ҳамин омадам, ки овоз бидиҳам, шояд ин рӯзҳои хуб ба сари миллати мо низ биёяд,- бо эҳсос нақл намуд ҳамсуҳбатам. Баъзе нохалафҳо ин ҳама оромиву ободии Тоҷикистонро нодида мегиранд, дар сурате, ки дур аз Ватананду бо ҳавои доираи дигарон арғушт мераванд. Шукрона бояд кард. Шукрона!
Фарзона ВОСЕЕВА