Ҳақиқатан ҳам, боғи фарҳанг ва истироҳати ноҳия, ба ҷуз чанд дарахту чанд бинои давраи шӯравӣ, нишонаи ободӣ надорад. Қисме аз ҳудуди боғро ба нафарони алоҳида фурӯхтаанд ва дар он ҷо сохтмони маркази савдо ё тарабхона рафта истодааст. Оид ба алвончак, чархофалаку дигару дигар воситаҳои дилхушӣ, маҳфилу гӯшаҳои обод ҷойи сухан нест.
Сардори раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб Х.Тоҳиров мегӯяд, ки боғ 7 гектарро ташкил мекарду имрӯз аз он ҳамагӣ 5 гектар боқӣ мондааст. Фурӯшу тақсими боғ марбут басалоҳияти идораи коммуналии ноҳия мебошад, мо чизе гуфта наметавонем.
Дар нишасти матбуотии раиси ҳукумати ноҳияи Фархор Қурбонбой Каримов дар ин бора суол шуд. Номбурда посух дод, ки: «Дар ҳақиқат боғ қисман ғасб шуда буд. Мо якҷоя бо прокуратураи ноҳия шаш қарори раиси пештараро дар ин маврид бекор кардем. Имрӯз боғ 7 гектару 17 сотихро ташкил намуда, дар баланси шӯъбаи фарҳанги ноҳия мебошад ва дар он шаш нафар кор мекунанд. Дар ҳақиқат, воситаҳои бозию дамгирии аз даврони шӯравӣ монда аз истифода баромадаанд. Боғ дар мадди назари ҳукумати ноҳия аст. Чанде аз соҳибкорони муваффақи ноҳия мехоҳанд, ки онро бо мақсади обод кардану ба ҷойи истироҳати мардум табдил додан ба иҷора бигиранд. Мо ин пешниҳодро омӯхта истодаем, чунки ягона роҳи ободсозию мавриди бештари истифода қарор додани боғ ҳамин аст. Соли гузашта Сарвари давлат ҳангоми ташрифашон ба ноҳия дар мавриди ободкунии боғ дастур дода буданд ва он яке аз сохтмонҳои ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ноҳия ба ҳисоб меравад.»
Зимни сӯҳбат сардори раёсати фарҳанги минтақа арз кард, ки вазъи боғи фарҳангу истироҳати Мӯъминобод, умуман аксари ноҳияҳо чуни наст. Дар даҳ шаҳру ноҳияи минтақа тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ягона боғи замонавӣ, ки дорои тамоми шароитҳост, танҳо дар ноҳияи Данғара бунёд шудааст.
Боғи фарҳангу истироҳати ноҳияи Темурмалик обод бошад ҳам, азбаски бо воситаҳои дилхушӣ муҷаҳҳаз несту шароитҳои зарурии фароғат надорад, ҷойи дамгирии кӯдакону калонсолон буда наметавонад. Ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон бошанд, аслан боғи фарҳангу истироҳат надоранд.
Дар паҳлӯи хонаи фарҳанги ноҳияи Шӯрообод як боғи себ мавҷуд аст. Масъулони ноҳия онро ба ҳисоби «боғи марказӣ» гузарониданианд. Қабул, вале бояд гуфт, ки бе муҳайё кардани шароитҳои зарурии замонавӣ ягон боғ вазифаи боғи фарҳангу истироҳатро иҷро карда наметавонад.
Дар боғи фарҳангу истироҳати ноҳияи Восеъ толори гӯштин ва майдончаҳои волейболу баскетбол мавҷуд аст. Лекин чун пештара ҷойи истироҳат ва гашту гузори мардум нест ва як гӯшаи хомӯши беодамро мемонад.
Боғи фарҳангу истироҳати шаҳри Кӯлоб ягона боғи собиқи минтақа аст, ки сокинону меҳмонон метавонанд дар он истироҳат мекунад. Дар боғи мазкур барои истироҳат шароити каму беш муҳайёст, таҷҳизоти бозӣ ва истироҳати бачаҳо қисман кор мекунанд. Майдончаҳои варзиш фаъоланд. Вале барои воқеан истироҳатбоб кардани он корҳои зиёде заруранд.
Дарвоқеъ, бахшида ба ҷашни 2700- солагии Кӯлоб дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳр боғи наве бунёд шуд. Мутаассифона, то имрӯз таҷҳизоти он кор намекунад ва боғи бо заҳмат сохташуда ҳамеша сокиту холист.
Ҷиҳати дигар ҳам пинҳон нест, ки мардум асосан дар рӯзҳои иду ҷашнҳо аз ин муассисаҳои фарҳангу фароғатӣ истифода мекунанд. Яъне, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва масъулони соҳа дар 20-соли соҳибистиқлолӣ дар андешаи фароҳам овардани шароити дурусти истироҳати доимии сокинони ноҳияҳои худ нашудаанд. Вазъи боғҳои фарҳангу истироҳатро дида, кас беихтиёр ба андешае меравад, ки оё масъулон дар обод кардани онҳо ва фароҳам овардани шароити фароғати мардум ҳам интизори дастури алоҳидаи Сарвари давлат бошанд? Ё фарҳанги истироҳати маданиро худашон ҳам мефаҳманд?
Билоли Шамс