07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАҚОМИ МАН? ЗАНИ «РАССИЯН»! (ИДОМА)

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки 26% занон дар бораи шавҳарони худ тамоман хабар надоранд. Занони хушбахте, ки зиёдтар дар тамосанд, 5,2%-ро ташкил медиҳанд, 23,4% баъзан, 18,2 % хело дер, 5,2 % ҳар моҳ ва 6,5 % дар се моҳ як маротиба бо шавҳарони худ ҳамсӯҳбат мешаванд.

Тибқи пешгӯии коршиносон бо назардошти бӯҳрони молиявии глобалӣ ин нишондодҳо боз ҳам меафзояд. Ана ҳамин раванд худ яке аз таъсирҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба оила мебошад. Аз тадқиқотҳои солҳои охир гузаронидаи Бонки Ҷаҳонӣ ва СБМ маълум мегардад,ки занҳои фаромӯшгаштаи муҳоҷиронии меҳнатӣ дар ҳолати камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд. Таъминоти оилаи онҳо аз ҳисоби зироатҳои парваришкардаи худашон аст ё хешовандон кӯмакашон мекунанд.

«Россиян» - вазифаи шавҳарон

Аҷиб он аст, ки на ҳамаи занон дар бораи суроғаи аниқи шавҳарашон ва ба чӣ кор машғул будани онҳо маълумот доранд. Онҳо танҳо медонанд, ки шавҳаронашон дар Руссияанд, маълумоти боқӣ танҳо ба хешовандони мард дастрас асту халос. Тадқиқоти СБМ нишон дод, ки 48 фоизи занони фаромӯшшуда ҷои кор надоранд, онҳо дар танҳоӣ, бо кӯмаки хешовандон ё дар хонаи падару модарашон зиндагӣ мекунанд. Танҳо 1 фоизи занон посух доданд, ки аз ташкилотҳои байналхалқӣ кӯмак гирифтаанд. Мавриди қайд аст, ки «росиян» будан дар қишлоқ вазифаи аз ҳама «баобрӯ» мебошад, аз ин рӯ, оилаҳои онҳо аз кӯмакҳои башардӯстона маҳруманд. Худи занон мегӯянд, ки кормандони ҷамоатҳо ва он нафароне, ки ба тақсими чунин кӯмакҳо машғуланд, аз ин хеле моҳирона ва ба фоидаи аҳли авлоди худ истифода мебаранд.

40 фоизи занон аз шавҳархояшон ягон хел кӯмаки молӣ намегиранд ва ҳатто тариқи телефон ҳамсӯҳбат намешаванд. Албатта, дар ин бора маълумот гирифтан мушкил бошад ҳам, танҳо 1 фоизи занон иқрор шуданд, ки барои таъминоти рӯзгорашон даст ба фоҳишагӣ задаанд ва ҳатто бе талоқ ба марди дигар зани дуюм шудаанд. Вале нафароне, ки бевосита дар ин самт кор мебаранд, мегӯянд, ки шумораи чунин занон баъд аз бӯҳрони молиявӣ зиёд шудааст. Аксари чунин занон ба шаҳрҳо барои корёбӣ омада, бинобар набудани ҷои зисту ҷои кор маҷбур фоҳиша мешаванд.

Алами Исо аз Мусо?

Ҳамаи ин нобасомониву мушкилиҳо ба кӯдакон таъсири бештар мерасонанд. Тибқи тадқиқотҳо кӯдаконе, ки падарҳояшон муддати дуру дароз дар муҳоҷирати меҳнатианд, аз ҳамсолони худ фарқ мекунанд. Аксари онҳо ё аз мактаб дур мемонанд, онҳо ё ба кори хона кӯмак мерасонанд, оиларо таъмин менамоянд ва ё беҳудагардиро интихоб мекунанд. Инчунин, набудани падар, асабонияти модар ба ҳолати равонии онҳо таъсир мерасонад. Онҳо вақте мефаҳманд, ки падарашон дар Руссия зан дорад, нисбати ӯ нафрат пайдо мекунанд.

Дар ахбороти Созмони Милали Муттаҳид низ омадааст, ки агар муҳоҷирон сари вақт оилаҳои худро таъмин накунанд ё аз аҳволашон напурсанд, занон ба ҳолати афсурдагӣ меафтанд, ки ин ба кӯдакон таъсири сахти рӯҳӣ мерасонад. Ҳолатҳое мешавад, ки зан дарду алам ва қаҳру ғазаби худро бар сари кӯдак мерезад. Вазнинии рӯзгор, ғизои нопурра, афсурдагӣ, интизорӣ занонро ба бемориҳои гуногун, аз қабили қанд, фишори хун, асаб, касалиҳои гуногуни занона, сутунмӯҳра ва ғайра гирифтор мекунад. Афсурдагӣ ба ҳолати зоҳирии занон таъсир расонида, онҳоро аз синну солашон хеле калон нишон медиҳад. Аз ҳама даҳшатовар он аст, ки баъзан занон ба ҳамаи ин мушкилиҳо тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезананд.

Мо оид ба он бемориҳое, ки сабабашон муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани мардҳост, намегӯем, аз маълумотҳое, ки аз Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва СБМ оид ба гирифтор гаштани муҳоҷиронии меҳнатӣ ба бемориҳои сил, бемориҳои гуногуни венерикӣ ва ҳатто ВИЧ/СПИД дар даст дорем, сарфи назар мекунем, ҳаёти ҳазорон духтаронеро, ки синнашон аз 30 болосту шавҳар накардаанд, «нодида мегирем», дар дафни падару модар иштирок накардани фарзандонро ҳамчун як чизи муқаррарӣ мепазирем. Фақат меафзоем, ки дар ҷавонӣ роҳпоӣ ва дар пирӣ касалпоӣ вазифаҳои ҷонии занони муҳоҷирони меҳнатист, ки дар қонуни «зиндагии имрӯз» навишта шудааст.

Пас вақти он расидааст, ки ба ин мавзӯъ рӯ биёрем, то муҳоҷирати меҳнатии мо мисли кишварҳои Туркия, Филлиппин, Арманистон солим бошаду саломатии миллат, бахусус занону кӯдаконро, аз даст надиҳем. Сол то сол муҳоҷирати меҳнатииТоҷикистон меафзояд, мо бояд дар бораи вазъи зиндагӣ ва солимии ҳамсарони муҳоҷирон андеша кунем, то ӯ фарзандашро барои корҳои сиёҳ дар Русия омода накунаду илму ҳунараш омӯзад, то ҳамчун мутахассис берун аз ватан биравад. Имрӯз натанҳо оилаҳо, балки ҳукумат ҳам ба қисмати созгори муҳоҷирони меҳнатӣ ҳавасманд аст, пас бояд онҳоро мисли кишвари Филлиппин барои кор дар кишвари бегона тайёр кард. Пинҳон нест, ки бонкҳо то андозае аз маблағҳои муҳоҷирон фоида мегиранд, аз ин рӯ, агар ба заноне, ки солҳои зиёд аз шавҳарҳояшон кӯмак намегиранд, қарзҳои хурди бефоиз пешниҳод кунанд, кори савобе мешуд.

Сурайёи ШУҶОАТ

:.  Иҷтимоъ 25.03.2011 05:54 2971

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz