11 январи соли равон прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо гумони содир кардани ҷиноят аз рӯйи моддаи 130 (1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «хариду фурӯши одамон» нисбати шаҳрванд Х.О.-и 31-сола парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Чунон ки дар Маркази иттилоотию таҳлилии РКД-и вилояти Суғд хабар доданд, Х.О. моҳи майи соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванди 28-сола Г.А. даромада, ӯро бо баҳонаи таъмин намудан бо кори хуб аз тариқи ҳавопаймо аввал ба шаҳри Москва ва сипас ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол додааст. Х.О. бо истифодаи таҳдиду зӯроварӣ Г.А-ро маҷбур ба фаъолияти шаҳвонӣ намуда, тайи моҳҳои июн-сентябр аз ин роҳ ба миқдори 20 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст. Агар гуноҳи содиркардаи Х.О. дар мурофиаи судӣ тасдиқ гардад, ӯро ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол таҳдид мекунад.
Ба андешаи баъзе коршиносон 90 дар сади одамфурӯшонро бонувон ташкил медиҳанд. Назар ба маълумоте, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират дар соли 2006 нашр кардааст, ҳамасола аз Тоҷикистон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ беш аз 200 нафар бонувон ба хориҷи кишвар интиқол дода мешаванд. Вале ин омор шояд ба он хотир дақиқ набошад, ки дар бисёр мавридҳо қочоқбарони инсон дастгир ва муҷозот намешаванд. Дар соли 2006 аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар эълон доштанд, ки 82 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтааанд, ки аз онҳо 70 нафарро бонувон, шаш нафарро духтарон ва шаш нафарро писарон ташкил кардаанд. Он сол барои хариду фурӯши инсонҳо дар маҷмӯъ 47 нафар боздошт ва ба муҷозот кашида шудаанд, ки аз он теъдод 35 нафарашро бонувон ташкил кардаанд. Соли 2008 барои хариду фурӯши одамон 11 нафар одамон ба муҷозот кашида шудаанд.
Соли гузашта аз ҷониби як гурӯҳ созмонҳои ҷамъиятӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик дар мавриди хариду фурӯши инсонҳо пурсиши афкори чамъиятӣ сурат гирифта, натиҷаҳои он дар рисолаи «Воқеияти хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон» ба дасти чоп расид. Чунон ки муаллифи рисола ва таҳлилгари маълумоти дастрасгардида, раҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Консорсиуми ибтикорот» Дилором Атобоева иброз дошт, дар пурсиши афкори ҷомеа наздик ба дувуним ҳазор нафар шаҳрвандон ширкат варзиданд. Пурсиш бори дигар собит намуд, ки хариду фурӯши одамон роҳу шеваҳои гуногун дошта, бо пеш рафтани давру замон усулу шеваҳо муосиртар мешаванд. Вале аксар бар ин назаранд, ки алҳол истисмори корӣ навъи асосии фурӯши одамон ба шумор меравад.
Аксари мусоҳибон муҳоҷирати меҳнатиро омили асосии харидуфурӯши инсонҳо арзёбӣ кардаанд. Онҳо сад ҳодисаи чун ғулом фурӯхта шудан ва мавриди истисмор қарор гирифтани ҳамватанони моро танҳо дар қаламрави кишвари Русия таъкид кардаанд. Вале теъдоди чунин ҳодисаҳо аз ҳазорон беш аст. Чун он ҳамватан аксар содаю зудбовару бесаводу маҳрум аз донишҳои хуқуқист, романтику тафаккураш кӯдакона аст, зуд ба дасти фиребгарон меафтад ва чун моли зинда аз дасте ба дасти дигар фурӯхта мегардад. Дар натиҷа қисме аз онҳо беному нишон мешаванд ва бо даргузашти солҳои зиёде теъдоди ками онҳоро муяссар гардидааст, ки аз ғуломию асорат бигрезанд. Теъдоде аз бонувони тоҷик тавассути тобути оҳанин ба Ватан бармегарданд.
Тавре зимни номаи хеш ба унвони Президенти кишвар шаҳрванд М.А. иброз доштааст, соли 2009 вай бо як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути миёнаравҳо вориди шаҳри Димитрови вилояти Волгоград шудааст. Дар Ватан миёнаравҳо ба онҳо ҷойи хуби кору хобу хӯр, 12-18 ҳазор рубли русӣ моҳона ваъда додаанд. Вале баъди расидан ба ҷойи кор «бакортаъминкунандагон», ки ҳама тоҷикистонӣ будаанд, ба истисмори ҳамватанони хеш пардохта, онҳоро аз субҳ то шом бераҳмона кор мефармуданд. Як теъдод духтарону бонувони тоҷик дастхуши зумрае аз ҳамватанони беномуси хеш гардидаанд. «Вақти додани маош сардори гурӯҳ Анвар Холов ғайб зад, –навиштааст М.А. – Он мардоне, ки синнашон аз 50 гузаштааст, 2000 рублӣ (наздик ба сесад сомонӣ) маош гирифтанд ва бо сад фиғон ба хона баргаштанд». Алҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти ин миёнаравҳои бенангро мавриди баррасӣ қарор додаанд ва вақт нишон хоҳад дод, ки онҳо муҷозот мешаванд ва ё тавассути пушту паноҳони хеш аз об хушк баромада, истисмори шаҳрвандонро боз ҳам идома медиҳанд.
Назарпурсӣ нишон дод, ки теъдоди зиёди ҳамватанони моро бо роҳи фиреб ба Аморати Муттаҳидаи Араб, Русия, Туркия, Чин барои ҷалб намудан ба фаъолияти шаҳвонӣ сафарбар мекунанд. Тавре коршинос Дилором Атобоева иброз дошт, «моли зиндаи тоҷикӣ» вобаста ба сифаташ қадру қимати гуногун дорад ва он ҳамеша серхаридор аст.
– Як падидаи нангин он аст, ки духтарону бонувонро наздиконашон, пайвандонашон ва ҳатто волидайнашон ба хориҷи кишвар интиқол медиҳанд ва ба фосиқон мефурӯшанд, – иброз медорад раҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» Рафоат Бобоева.
Дар навоҳии наздимарзӣ духтарону бонувони тоҷик гоҳо гаравгони афғонҳои зиштахлоқ мешаванд. Одамсуратони одамрабо барои раҳоии онҳо аз волидайну пайвандон маблағҳои калон талаб мекунанд. Қисмеро ба афғонҳои дигар чун моли арзони зинда мефурӯшанд.
– Ҳамватанони моро гоҳе барои истифодаи узвҳои баданашон ба беморони сарватманд мефурӯшанд, – изҳор медорад Д. Атобоева. – Алҳол қимати як гурдаи солим 25 ҳазор доллар аст.
– Қиссаи одамфурӯшӣ таърихи тӯлонӣ дорад, вале он то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ табу буд, – меафзояд Р.Бобоева. – Рушди он дар бист соли охир бештар вобастагӣ дорад бо омилҳои иқтисодӣ, бекории сартосарӣ, фақр, фасодзадагии ҷомеа ва, албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ. Ҳукумати кишварро лозим аст, ки корҳои неки оғозкардаи хешро дар роҳи ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши инсонҳо тақвият бахшад.
Одамфурӯшони дар баробари бераҳмӣ зираку маккору аз кори дунё бохабар медонанд, ки дар пешорӯ 20-солагии Истиқлолият қарор дорад ва давлат ба нишони эҳсоси башардӯстӣ теъдоди зиёди ҷинояткоронро афв ва аз зиндонҳо раҳо хоҳад кард. Аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки нисбати шахсони одамфурӯш бояд чораҳои сахттару шадидтари муҷозотӣ андешид. Ашхосе, ки ба номи миллати сарбаланди тоҷик доғ меоваранд, набояд афв шаванд. Ба қавли башардӯсти бузург Шайх Саъдӣ:
Тараҳҳум бар паланги тездандон
Ситамгорӣ бувад бар гӯспандон!
Тилав Расулзода