Дар Тоҷикистон тақрибан хонаводае нест, ки ягон узв ё наздикаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия набошад. Дар мавриди он талоқҳои телефонӣ ва ё «смс»- ӣ , зиёд навиштаем. Аммо паҳлӯи дигари ин ин масъала, ки пас азчунинн талоқҳо ҳамсарон ва фарзандон чӣ ҳолу аҳвол доранд, мушкили то ҳанӯз ҳалношуда аст.
Садҳо нафар хонаводаҳои азҳампошидаи муҳоҷирони корӣ имкони дастарасии «алимент» ё худ маблағе, ки шавҳар бояд ба ҳамсар ба хотири парастории фарзандон бидиҳад, надоранд.Дар ҳоле, ки дар кишвар
Се соли даъвои беҳуда
Розия Саидова (номи рамзӣ), як тан аз он занонест, ки се сол қабл тариқи телефон аз ҳамсари муҳоҷири худ дар Русия талоқ гирифтааст. Хонум Розия мегӯяд, ду сол барои ситонидани алимент барои се фарзанди ноболиғаш талош кардааст, аммо додгоҳ то ба ҳол натавонистааст, арзашро барои баррасӣ бипазирад. Ба гуфтаи ӯ, падари фарзандонаш ҳанӯз бидуни нишонии дақиқ дар Русия ба сар мебарад ва ҳеҷ кӯмаке ба фарзандонаш намекунад. Ӯ низ пас аз оне, ки даъвояшро додгоҳ барои баррасӣ қабул накард, худ дар ошхонае ба ҳайси пешхидмат фаъолият намуда, таъмини се фарзанди ноболиғашро ӯҳда намуда, аз баҳри дигарбора шикоят барои ҳимояи ҳуқуқаш- алимент ё худ кӯмаки молии шавҳар баҳри фарзандон даст кашидааст.
Ӯ гуфт: «Дигар аз баҳараш гузаштем. Ба Тоҷикистон наомад, ки суд барояш алимент муайян кунад. Фарзандон ҳам худашон калон хоҳанд шуд, зеро Худованд ризқи ҳар нафарро бо ҳар роҳ медиҳад. Аз гуруснагӣ фарзандонам намемиранд, вале агар падарашон кӯмак мекард, барои кӯдакиашонро хубтар гузаронидан, ёрие мешуд.. Лекин… дигар тавакалаш ба Худо, аз баҳри судбозӣ ҳам гузаштам.»
Муҳоҷирро ба додгоҳ намекашанд?
Фаъолияти созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» дар минтақаи Кӯлоб нишон медиҳад, ки шумори чунин оилаҳо дар минтақа кам нестанд. Гулчеҳра Муродова, як масъули ин созмони ҷамъиятӣ мегӯяд, давоми 11 моҳи ахир садҳо нафар аз чунин занон барои ситонидани алимент аз шавҳаронашон, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия ҳастанд, кӯмаки ҳуқуқӣ пурсидаанд.
Хонум Муродова гуфт: «Занҳо аз мо мепурсанд, ки чӣ кор кунем? Шавҳаронамон дар Русия ҳастанд. Ба суд муроҷиат мекунем, изҳор медоранд, ки: «Онҳо ягон одамкуш нестанд, ки мо аз Русия онҳоро гирифта Тоҷикистон биёрем».
Қонун пешбинӣ мекунад
Дар ҳамин ҳол, Фурқат Раҳматуллоев, мудири дафтархонаи додгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд: «Воқеан, муроҷиати занҳое, ки аз шавҳаронашон чизе дарёфт намекунанд, рӯ ба афзоиш аст. Аммо онҳо тибқи қавонини ҷории кишвар наметавонанд, бидуни ҳузури шахси ҷавобгар, яъне шавҳари зани шикояткунанда арзи ӯро баррасӣ намоянд». Ҷаноби Раҳматуллоев меафзояд, ки тибқи қонунгузорӣ, дар сурати даъвои чунин занҳо, додгоҳ метавонад, идораи ҳифзи иҷтимоиро масъул кунад, то барои фарзандони ӯ ҳақе пардохт кунад ва пас аз бозгашти шавҳари муҳоҷир додгоҳ, ӯро барои пардохти сарфи идораи ҳифзи иҷтмоӣ маҷбур созад. Аммо бо далелҳои норӯшании кори муҳоҷирон додгоҳ то ҳол аз ин қонун кор нагирифтааст. Зеро касе намедонад, ки дақиқ муҳоҷир кай бармегардад ва оё пас аз бозгашт метавонад, маблағи сарфнамудаи Идораи ҳифзи иҷтимоиро пардохт кунад.
-Аксари муҳоҷирон ҷои кори аниқ надоранд. Онҳоро чӣ тавр барои алимент баргардонидан имкон дорад. Қонун наметавонад, дар чунин сурат бе ҳузури шахси ҷавобгар чора андешад, гуфтаҳояшро тасдиқ месозад ӯ.
Хонаводаҳои эҳтиёҷманд
Гулчеҳра Муродова бар он андеша аст, ки , ин хонаводаҳо ба кӯмаки молӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ ниҳодҳои қонунгузор бояд барои рафъи ин мушкил чора биандешанд.
-Хубтараш, фикр мекунам, ки дар фурудгоҳҳо назорат кунанд, ки нафаре алимент насупоридааст ё аз андоз қарздор аст, хориҷа наравад. Ё роҳҳои дигарро пайдо кунанд, ки садҳо оила сарсону саргардон нагардад, меафзояд Гулчеҳра.
Бисёриҳо бар он назаранд, ки дар аксар маврид мардҳо ҳамсарони худро талоқ диҳанд ҳам, аммо расман аз онҳо ҷудо намешаванд. Аз ин рӯ омори дақиқе, ки чӣ қадар хонавода дар ҷумҳурӣ чунин мушкил дорад, маълум нест.
Абдулмӯъмини ШЕРХОН