Гулнора Нурова ду-се сол ҳамроҳи ҳамсолон ба мактаби деҳаашон рафт. Вале батадриҷ ин кор барои ӯ мушкилтару мушкилтар мешуд. Ҳамсабақону волидайн чизе пай намебурданд, вале Гулнора худ медонист, ки ҳарфи муаллимро хуб мешунавад, вале дар тахтаи синф навиштаҳояшро намебинад. Оқибат ҳамааш аён шуд ва ӯ аз мактабравӣ монд. Волидайн ҳам, ба тақдир тан дода, сабрро пеша карданд.
Сокини ноҳияи Восеъ Раҳим Нуров мегӯяд, ки духтурон ва дигар масъулони ноҳия ба ҷои кӯмак намудану нафақааашро дуруст кардан чанд баҳона пеш оварданд. Агар писар мебуд, ба мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии нобиноён рафтанашро иҷозат медодам. Вале…
Ҳамин тавр Гулнора аз таҳсил дур монд ва акнун танҳо метавонад мусиқӣ гӯш кунаду ба саҳни ҳавлиашон баромада, ҳавои тоза бигирад ва боз ба хона даромада, шабро рӯз кунад. Ҳамин тавр, шаб рӯз мешаваду рӯз шаб ва якранг мегузарад зиндагии Гулнора.
Қурбонбӣ Тағайзодаи 16-сола, сокини маҳаллаи Нобиноёни шаҳри Кӯлоб бошад, умуман ба мактаб нарафтааст. Имрӯз ҳамсолонаш дар синфи нӯҳум таҳсил доранд. Вай бояд дар мактаб-интернати махсуси нобиноёни ноҳияи Ҳисор таҳсил мекард, вале имкони фиристоданаш нашуд. Тағай Расулов - падари Қурбонбӣ, ки худ нобинои гурӯҳи якум асту бо аҳли оилааш зиндагии сангине дорад, мегӯяд, ки аз панҷ фарзанд се нафарашон нобиноянд: Қурбонбии 16-сола, Наҷмиддини 19-сола ва Шарифгули 24-сола. Ва ҳар се бо сабаби мушкилии зиндагӣ аз мактаб дур мондаанд. «Зиндагиамонро танҳо бо нафақаи худаму ин се нафар пеш бурда истодаем. Имконияти онҳоро ба мактаб-интернати махсуси нобиноён фиристодан аз куҷо?» - мегӯяд падари ноилоҷ. Қурбонбӣ меафзояд, ки «бисёр мехоҳам ақаллан бо ҳуруфи бройлӣ хондаву навишта тавонам. Лекин имрӯз ягона коре, ки аз дастам меояд, ҳамроҳи апаам гӯш кардани радиост. Дигар манбаи фаҳмишу истифода надорем.»
Аксари кӯдакону наврасони нобинои дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ бо Қурбонбӣ ҳамтақдиранд. Ҳабибулло Раҳмонов - маҷрӯҳи гурӯҳи якум, собиқ омӯзгор ва роҳбари корхонаи таълимию истеҳсолии нобиноёни шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки дар давраи шӯравӣ ҷамъияти нобиноёни собиқ вилояти Кӯлоб фаъолияти васеъ ва таъсирноке дошт. Дар ҷамъият ва маҳаллаи Нобиноёни шаҳр тамоми нобиноёни ноҳияҳои собиқ вилояти Кӯлоб ҷамъ меомаданд. Дар назди корхонаи нобиноёни шаҳр мактаби нобиноён фаъолият мекард, ки дар он то 100 нафар таҳсил мекарданду ҳам соҳиби маълумоти миёна мешуданд, ҳам ягон ҳунар ёд мегирифтанд. Маҷаллаи «Ҳаёт ва меҳнат», ки аз тарафи ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ба табъ мерасид, нобиноёни Кӯлобро низ аз навигариҳои Тоҷикистону ҷаҳон бохабар менамуд. Ҳамчунин, аудиопластинкаҳо ва аудиокассетаҳои зиёде дар хазинаи мактаби мо маҳфуз буданд. Ба воситаи он нобиноён асарҳои шоиру нависандагони тоҷикро шунида, дониши худро мукаммал мекарданд. Ҳамчунин, китобҳои гуногуни бадеӣ бо ҳуруфи бройлӣ дар китобхонаи нобиноён маҳфуз буд ва дар вақтҳои холӣ нобиноён аз онҳо истифода мебурданд. Баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ мактаби нобиноён шабона, муддате пас ғоибона шуд ва баробари аз фаъолият мондани корхонаи нобиноён аз байн рафт. Инак, 20 сол аст, ки он фаъолият намекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар ин 20 сол шумораи аҳолӣ, аз ҷумла нобиноён, 30-40 % зиёд шуд. Ва тақдири ҳамаи онҳо яксон аст – ҳамагон аз мактабу таҳсил бенасиб мондаанд. Раиси ҷамъияти нобиноёни ноҳияи Данғара Бойназар Бобобеков мегӯяд, ки «аз 183 аъзои ҷамъият 50 нафарашон маҷрӯҳони гурӯҳи якум буда, тамоман намебинанд. Имрӯз 40 нафари онҳо, ки аксарашон духтарони 14-30-солаанд, умуман хондаву навишта наметавонанд. Ҳол он ки ҳар як шаҳрванд, хоҳ бино ва хоҳ нобино, бояд соҳиби маълумоти миёна, ақаллан маълумоти ибтидоӣ бошад. Худи ман, ки низ нобиноям, ду ду маълумоти олӣ дорам. Муддате тавассути ОКТ ноҳияи Данғара ба таври алоҳида ба нобиноён дар хонаҳояшон сабақ медодам. Аз чӣ бошад, ки Вазорати маориф ҳақи дарсҳои додаамро напардохт ва кӯдакону наврасони нобинои ноҳия аз таҳсил пурра дур монданд».
Оре, як мактаб-интернат нобиноён, ки дар ноҳияи Ҳисор фаъолият мекунад, ҳамаи нобиноёнро ба хондан фаро гирифта наметавонад. Магар дар вилояти калонтарини кишвар - Хатлон ташкил кардани чунин як муассисаи таълимӣ мумкин нест? Агар сухан аз кадрҳои омӯзгорӣ биравад, бояд гуфт, ки танҳо дар ноҳияи Данғара се нафар нобинои соҳиби маълумоти олии собиқаи корӣ ва таҷрибаи омӯзгоридошта ҳастанд. Онҳо чанд карат оид ба ин масъала муроҷиат ҳам кардаанд, вале…
Дар сӯҳбат бо Сайрамбӣ Сафарова - раиси ҷамъияти нобиноёни ноҳияи Фархор ҳам маълум гашт, ки дар ин ноҳия 240 нафар нобино ба қайд гирифта шудааст. Тақрибан 40 нафари онҳо,ки 12-30 солаанд, пурра аз мактаб дур мондаанд. Ҷои афсӯс аст. ки дар дигар ноҳияҳои минтақа ҷамъиятҳои нобиноён то ҳол расман ба қайд гирифта нашудаанд.
Баъди мушоҳида ва пурсуҷӯҳо маълум шуд, ки аз як минтақаи зиёда аз як миллион аҳолидошта танҳо ду нафар - Шабнами Шарифи 10-сола ва додараки ӯ Сайидмуҳаммад дар мактаб-интернати махсуси ҷуҳуриявии нобиноён таҳсил мекардаанд. Ҳарду сокинони шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Қориён буда, ҳамин сол барои хондан ба мактаб- интернат фиристода шудаанд. Шабнам мегӯяд, ки «ман дар синфи панҷум ва додарам дар синфи дуюм таҳсил мекунем. Дар ҳар синф 6-7 нафарием. Сару либосамон тариқи хайрияи ташкилотҳои байналхалқӣ таъмин карда мешавад.»
Хандондани ятими хаставу дасти кӯмак дароз кардан ба муҳтоҷон корест бисёр савоб, ки пайваста аз ҷониби Сарвари давлатамон таъкид мешавад. Куҷоянд ҳимматбаландоне, ки дар қатори тарабхонаву дискоклуб ва казиноҳои бешумор чанд мактаб-интернати нобиноён ҳам бисозанду савоби садҳо ҳамватанони оҷизамонро бигиранд?
Билоли Шамс