Тибқи омори расмӣ ҳар сол 11 ҳазор ҷавонони аз 18 то 30-солаи муҳоҷири тоҷик бо духтарону хонумҳои русиягӣ издивоҷ мекунанд. Ахиран мақомоти ақди никоҳи Русия изҳор доштанд, ки тайи 18 соли муҳоҷирати хеш беш аз 700 ҳазор шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ин кишвар оила бунёд кардаанд..Баъзе аз ҷавонони тоҷик, ки қисме дар умри кӯтаҳи хеш ба ҷуз аз хокбозию харсаворию пахтачинию хиштрезию мошиншӯию аробакашӣ, кӯҳҳои баланду замини сахт чизи дигаре надидаанд, дафъатану якбора бо духтарону бонувони зоҳиран қашангу зебо, хушзабону хушкалом, оростаю пероста, сарватманду озода чашм ба чашму сар ба сар меоянд ва инони ихтиёр аз даст медиҳанд. Вале, ҳамзамон мунсифона қазоват бояд кард, ки бархе аз ин ҷавонон бинобар зарурату маҷбурият, таъқубу озори милисаҳои аксар бадкеш, скинхедҳои фашистмаоб, миллатгароёни бадасл даст ба чунин кор мезананд. Қавмгароёну нажодпарастон дар паҳлӯи он мӯйсиёҳон мӯйзардонро дида, ночор даст меафшонанду мераванд.
Падарони зодномагӣ
Он ҳама дил додану дил бурданҳо беасар нахоҳанд монд ва ҳосили он таваллуди ҳазорон ҳазор кӯдакон мегардад. Мусаллам аст, ки на ҳамаи он тифлакони маъсум аз никоҳҳои расмӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаанду мекушоянд. Биноан, дар зодномаи на ҳамаи онҳо номи падари тоҷикашон сабт шудааст. Мусаллам аст, ки фарзандони аз ҷуфти тоҷикию русӣ таваллудшуда аксар баъди ба дунё омадан дар чаҳорроҳаи зиндагӣ ҳайрону саргардон мемонанд. Зеро модарон намехоҳанд, ки заҳмати тарбияи онҳоро бар дӯш бигиранд. Падарон наметавонанд кӯдакони хешро таври лозим парасторию тарбият бикунанд, зеро дар даст далелу ҳуҷҷати расмие роҷеъ ба падару фарзанд буданашон надоранд. Қонунҳои Русия имкон намедиҳанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониён, фарзандони худро бо баҳонаи «фарзандхонӣ» ба Ватани хеш биёваранд ва ба тарбияи онҳо машғул шаванд.
Юсуфҳо аз Миср ба Канъон меоянд?
12 марти соли 2009 шаҳрванди Тоҷикистон Х.Ф. бо қарори Суди шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия бинобар вайрон кардани низоми буду бош аз ин кишвар берун ронда шуд. Вай аз соли 2003 то соли 2008 бо як русдухтар бо никоҳи шаҳрвандӣ зиндагии якҷоя дошт. 11-уми июли соли 2007 дар хонаводаи онҳо писаре ба дунё омад. Он замон ин оилаи ҷавон дар як манзили кироя мезист. Х.Ф. аз дастмузди хеш ҳам оилаи русиашро таъмин мекарду ҳам ба волидони хеш, ки дар деҳкадаи Сомғори ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд умр ба сар мебурданд, кӯмак мефиристод. Чун имкони таъмини молиявии ду оила дар Петрозаводск мушкил гардид, вай маҷбур шуд ба шаҳри Ноябрски округи Ямало- Ненес биравад, то кори муздаш беҳтареро пайдо бикунад.
Моҳи июни соли 2008 ҳамсари Х.Ф. бар асари бемории сангин чашм аз олам пӯшид. Вай аз хабари марги ҳамсараш андӯҳгин шуда, зуд ба Петрозаводск баргашт. Чун ҳамсари Х.Ф. дар шаҳр хешу пайвандон надошт, мақомоти маҳаллӣ писарашро ба муассисаи давлатии «Хонаи махсуси кӯдакони мубталои бемориҳои асаб» интиқол дода буданд. Падар хост писарашро аз бемористон бигирад, вале ба вай инро иҷозат надоданд, зеро Х.Ф. ҳуҷчати расмии ақди никоҳ бо модари кӯдак надошт. 5-уми июли соли 2008 барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати Русия нисбати Х.Ф. муҷозот дар шакли рондан аз ҳудуди Россия қабул гардид. Вайро дар Қабулгоҳи муваққатии шаҳрвардони хориҷии маҳкум ба рондан ҷойгир намуданд. Ф.Х. дар қабулгоҳ нишаста ба мақомоти марбутаи он кишвар ҷиҳати барқарор намудани мақоми падарию фарзандӣ арзу номаҳо навишт. Билохира, бо қарори додгоҳи шаҳри Петрозаводск мақоми падарии ӯ барқарор гардид. Акнун Ф.Х.-ро лозим буд, то зодномаи кӯдакро бигирад. Вале фурсат нашуд ва ӯро аз кишвар хориҷ карданд.
Ф.Х. баъди бозгашт ба Ватан ҳамеша дар андешаи бозовардани писараш буд. Барои дарёфтани маслиҳат ба кормандони бахши хуҷандии Маркази ҳуқуқи инсон муроҷиат кард. Бо ҳамдастии адвокат Сайфулло Эргашев ба ҳама мақомоти он кишвар номаҳо навиштанд. Ф.Х. мебоист ҳуҷҷатхои лозимаро ба шаҳри Петрозаводск мебурд ва баъди адои расмиятҳо писарашро ба Ватан бармегардонд. Вале тибқи қонугузории он кишвар вай наметавонист тайи панҷ сол ба он ҷо баргардад. Маслиҳат шуд, то Ф.Х. ба хоҳараш тавассути идораи нотариалӣ барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва интиқоли писараш бовархат омода бикунад. Ва хоҳар тавонист чияни сесолаашро аз бемористони кӯдаконаи шахри Петрозаводск бигирад . Чӣ кунем, ки на ҳама падарон дар мавриди сарнавишти фарзандони дар кишвари дигар таваллудшудаи хеш чунин андешаву ғамхорӣ менамоянд.
Расми хуби тоҷиконро гум макун!
Назар ба суханони устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шукрулло Раҳматов «Раванди муҳоҷирати тоҷикон яқинан чандин даҳсолаи дигар идома хоҳад кард. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони тоҷик, ки азми муҳоҷират мекунад, бояд бидонад: бозгашти вайро дар Ватан волидайни ӯ, ҳамдиёрону ҳамдеҳагонаш, билохира духтарони боиффату покдоману моҳрӯи тоҷик интизоранд. Вале чун тасмими бунёд кардани оила мегиранд, кӯшиш бикунанд, то хонумҳои хешро шарму эҳтироми шарқиёна биёмӯзонанд. Хонумҳо дақиқан бидонанд, ки фарзандони онҳо мутааллиқ ба ду халқи мутамаддинанд.»
- Падарон бояд қарзи инсонию тоҷиконаи хешро амиқан дарк карда, ба фарзандони хеш номи нек бигузоранд, - иброз медорад Шукрулло Раҳматов.- Чун хонавода байналмилист, барои риояи ҳамвазнию эҳтироми ҳамсар, метавон номи яке аз фарзандонро русию дигарашро тоҷикӣ бимонад. Вале муҳим он аст, ки фарзандро забони тоҷикӣ низ биёмӯзонанд., зеро вай тавассути ин забони шевою ноб ба ҷаҳони илму адаби тоҷикию форсӣ, ахлоқу одоби шарқиёна ворид мешавад. Дар ин маврид Марказҳои фарҳангии ҷомеаи тоҷикони Русияву Украинаву Қазоқистону Амрикою ва ғайра бояд нақшу саҳми бориз дошта бошанд. Ҳамватанони мо бояд саъй биварзанд, то никоҳҳои хешро аз нигоҳи мусалмонӣ ва ҳам расмии давлатӣ қонунӣ бикунанд.
Чунончи узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ Матлуба Сатторова иброз дошт: «Мушоҳидаҳо баёнгари онанд, ки як қисм тоҷикон барои ба даст овардани мақоми шаҳрвандии Россия қабл аз мусофират аз тариқи додгоҳҳо аз оилаҳои хеш расман ҷудо мешаванд. Яке аз омилҳои зиёд шудани теъдоди талоқҳо низ ҳамин тақаллубҳо ба шумор мераванд. Бархе аз шавҳарону занони аз ҳамсарони тоҷики хеш ҷудошуда тибқи ваъдаю паймони қаблӣ оилаҳои хешро аз нигоҳи моддӣ таъмин менамоянд. Мушкиле, ки моро наметавонад бетафовут бигузорад, пур шудани қабулгоҳҳои муваққатии кӯдакони бепарастор ва хонаҳои кӯдакон аз бачагони осиёитабор, аз ҷумла тоҷикон аст. Далелҳои зиёде хастанд, ки духтарони тоҷикистонӣ барои кор ба кишварҳои дигар мераванд ва дар он ҷо, бинобар зиндагии якҷоя бо тоҷикон ва ё намояндагони миллатҳои дигар, соҳиби кӯдак мешаванд. Азбаски аз вопас овардани кӯдакони хеш шарм медоранд, онҳоро ба сағирахонаҳо ва хонаҳои кӯдакон месупоранд. Баъдан аз мақомоти марбутаи он кишварҳо, азҷумла, аз Россия ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон номаҳо ворид мегарданд ва таъкид медоранд, ки кай он модар тифлашро аз сағирахонаҳо вопас мегирад?»
- Вақти он расидааст, ки ин мавзӯъро дар сатҳи ҳукуматӣ матраҳ намоем, - таъкид мекунад Матлуба Сатторова. - Дар қадами аввал бояд гурӯҳи кории доимоамалкунандаи муштараку байниҳукуматӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирони тоҷик дар ҳама вилоёту кишварҳои Федератсияи Русия, Қазоқистону Украина таъсис дод. Зеро кӯшиши як ҷониби Тоҷикистон дар мавриди омӯзиш ва ҳалли муаммоҳои шаҳрвандони ин кишвар кофӣ нест.
То ба кай оби дари хона қадр надорад?
Коршиносони мустақил иброз медоранд: алҳол кишвар дар пешорӯи қабули як силсила қонуну санадҳои муҳим, аз қабили «Қонун дар бораи муҳоҷират» ва «Барномаи миллии муҳоҷирати хориҷӣ барои солҳои 2011-2015» қарор дорад. Ин санадҳо бояд фарогири ин ва дигар мавзӯъҳои доғи барои миллат сарнавиштсоз бошанд. Кишвар аз он ҳама мусибатҳои ба сараш таҳмилшуда ҳанӯз ба худ наёмада, мушкилоти муҳоҷират ва бегонапарастию бегонаситезии ҷавонони қобили издивоҷ сар зад. Оила чун як рукни қавии ҷомеаи солим дар ҳоли фурӯпошию футур ва аз даст додани муқаддасоти хеш аст. Ҷавонони тоҷик дар кишварҳои дигар аз пайи ҳаллу фасли мушкилоти демографии онон ҳастанд, ҳарчанд ин мушкила дер ё зуд гиребонгири ҷомеаи Тоҷикистон хоҳад шуд. Оё онҳо аз он ки духтарони тоҷик, бинобар набудани муносибҳои хеш, ба хитоию зангию муғултаборон, ба пиракони фартут ба шавҳар мебароянд, ризоманду хурсанд ҳастанд? Ин гуна саволҳо аз ҳар як ҷавони баору бонангу бономуси тоҷик посухи хешро интизоранд…
Тилав Расулзода