Имрӯз мардуми бисёр кишварҳо тавассути маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ рӯз мегузаронанд, яъне, Тоҷикистон дар ин самт танҳо нест. Ҳамзамон таърихи муҳоҷирати меҳнатии мо собиқаи кам надорад. Солҳои пеш низ мардони тоҷик барои ризқу рӯзӣ аз ватан берун мерафтанд. Лекин ба ин дараҷа ҳеҷ гоҳ равнақ надошт. Оқибати он чӣ мешуда бощад?
Мо, дар ҳар сатҳе, ки оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ бигӯем, пеш аз ҳама манфиати иқтисодии онро пеши рӯ меорем. Чӣ ҷои пӯшидан, дар нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, вазъи иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус ҳимояи он аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, маблағҳои муҳоҷирон нақши калон мебозанд. Аз рӯи далелҳои Бонки умумиҷаҳонӣ интиқоли маблағҳо аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ зиёда аз 50% маҷмӯи маҳсулоти дохилаи (ММД) Тоҷикистонро ташкил медиҳад . Тибқи иттилои он, соли 2011 маблағҳои муҳоҷиронии меҳнатӣ 10 дарсади дигар афзоиш меёбад. Як чизи дигар ҳам аён аст, ки имрӯз аксари оилаҳо, бахусус дар деҳот, танҳо тавассути маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд. Ин ҳама ҷиҳатҳои мусбии муҳоҷирати меҳнатианд.
Албатта, кишваре, ки рӯ ба тараққист, истеҳсолоташ акнун дар ҳоли эҳёст ва, аз ҳама асосӣ, афзоиши аҳолиаш зиёд аст (дар байни собиқ кишварҳои шӯравӣ дар ҷои аввал) мардумро пурра бо ҷои кор таъмин карда наметавонад. Хоҳем, нахоҳем, муҳоҷирати меҳнатӣ сол то сол зиёд мешавад, аз ин рӯ, бояд оид ба таъсири он ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти кишвар, бахусус ба оила, бигӯем, то роҳи ҳалли мушкилот пайдо шавад.
Зиёда аз 95 фоизи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мардҳо ташкил мекунанд. Шумораи мардҳое, ки зиёда аз 1 сол дар муҳоҷирати меҳнатианд, 26% мебошад. Аз ин миқдор 7,9 % соҳиби зану фарзанданд. 53%-и онҳо мақомоти расмӣ надоранд ва дар корҳои мавсимӣ фаъолият мекунанд.
Таъсири муҳоҷират ба оила
Пеш аз ҳама, зиндагиро дигаргун сохта, вазифаи оиладориро бар дӯши зан мегузорад. Зан натанҳо вазифаи суннатии худ - соҳибхоназан будан, тарбияи фарзандон, нигоҳубини шахсони калонсоли оиларо иҷро мекунад, балки нигоҳубини хона, замини наздиҳавлигӣ,чорво ва тақсими буҷети хона низ пурра бар дӯши зан меафтад. Ҷои пинҳон кардан нест, ки баъзан тақсими маблағҳои муҳоҷиронии меҳнатӣ дар оила боиси ҷангу ҷанҷол ва ҳатто хонавайронӣ мегардад. Муҳоҷирати меҳнатии мо низ мисли Мексика боиси муносибатҳои нави оилавӣ гашта истодааст, ки хешовандони шавҳар дар он ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Занон бошанд, ба ҳар қурбонӣ омодаанд, ки аз ягона сарчашмаи даромад маҳрум нагарданд. Вале на ҳама занони муҳоҷирони меҳнатӣ маблағеро мегиранд, ки ба зиндагиашон басанда аст. Тибқи тадқиқоти Созмони Байнахалқии Муҳоҷират (СБМ) 37% муҳоҷирони меҳнатӣ дар як сол ба оилаҳояшон 500 доллар ё аз он камтар маблағ мефиристанд. Агар мо боз муҳоҷирони аз қайд нагузаштаро ба ҳисоб гирем, тақрибан 230 880-288 600 хоҷагӣ кӯмаки молӣ намегирад ва дар сатҳи камбизоатӣ умр ба сар мебарад. Агар миқдори маблағҳоеро, ки дар давоми сол оилаҳо аз муҳоҷирони меҳнатӣ мегиранд бо нишондодҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба сатҳи камбизоатӣ - 2,15 доллар ва дар сатҳи қашшоқӣ - 1,15 доллар дар як рӯз муқоиса кунем, маълум мегардад, ки 37% аҳолӣ дар сатҳи камбизоатӣ ва қашшоқӣ зиндагӣ мекунад. Барои он ки сатҳи зиндагии оилаҳо аз сатҳи камбизоатӣ баланд бошад (2,15 доллар дар як рӯз), оила бояд камаш дар як сол 784 доллар гирад.
Занони «фаромӯшшуда»
Ҳарчанд дар бораи шумораи занҳое, ки аз ҷониби шавҳарон фаромӯш шудаанд, ягон маълумоти аниқе надорем, тибқи тадқиқоти алоҳида ва пурсишҳо маълум мегардад, ки аз се як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватанашон барнамегарданд. Синну соли «занони фаромӯшшуда» 20-29 (18%), 30-34 (25%), 35-39 (30%) 40-44 (21%), аз 50 бештар (5%)-ро ташкил медиҳад. Заноне, ки шавҳарҳояшон солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатианд, 31,% бо падару модарашон,14,3 % бо хешовандони шавҳар ва 54,3% алоҳида зиндагӣ мекунанд. Аз ҳама аҷиб он аст, ки дар соли 2009 40% занон ягон маротиба аз шавҳарҳояшон маблағ нагирифтаанд, ҳол он ки ин рақамҳо дар солҳои 2007-2008 15% ва дар соли 2006 8%, дар соли 2005 6,5% ва дар соли 2004 5%-ро ташкил медод. Пас оилаҳои муҳоҷирон аллакай зарари бӯҳрони молиявии ҷаҳониро на камтар аз вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва Бонки ҷаҳонӣ эҳсос кардаанд. Ба болои нагирифтани кӯмаки молӣ қисме аз занон ҳатто аз шунидани овози шавҳарони худ маҳруманд…
(Давомаш дар шумораи оянда)
Сурайёи ШУҶОАТ,
барои «Бонувони Тоҷикистон»