Оламбӣ Гадоева, Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова, Чиллабибӣ Ҳакимова ва Файзинисо Шоназарова, инҳо аввалин духтароне ҳастанд, ки дар солҳои 20-уми садаи ХХ чароғи маърифатро дар зулмот равшан намудаанд. Дар водии Рашт, ки он солҳо Ҳукумати Шуравӣ тавлид меёфт, ин духтарон аввалин шуда ба таълими фарзандони мардум пардохтанд. Онҳо бим аз мухолифини давлати навтаъсис надоштанд, аммо шодии онҳо паи маърифатнокии ҷавонон ба фоҷиа анҷомид. Роҳи интихобкардаи онҳо хело кӯтоҳ буд.
Якуми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи дониш эълон шудааст. Ҳамасола ин рӯзро дар кишвар ботантана пешвоз мегиранд. Садҳо гулдухтарон ҳуҷҷати омӯзгориро ба даст гирифта, ба таълиму тарбияи насли наврас гом мегузоранд. Садҳо нафари дигар баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дили пур ба донишгоҳҳо дохил шуда, омӯзгор шуданро дар дил мепарваранд. Аммо, сад сол пеш орзуи омӯзгор шудан барои духтари тоҷик, ба хусус духтарони кӯҳистон, хавф дошт. Бо фарорасии Рӯзи дониш ёде аз аввалин муаллимҳо кардаву сӯи оромгоҳи онҳо роҳ пеш гирифтем. Деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт, ки марқади омӯзгорон, аз пойтахт тақрибан 250 км дурӣ дорад. То ба ин ҷо расидан, чандин ноҳияву деҳа, мактабу таълимгоҳҳои дигар паси сар мешаванд. Раҳораҳ писарону духтарони ҷувздон ба дастро дидан мумкин аст, ки аз дабистон бармегаштанд ва ё ба мактаб мерафтанд. Диловари Мирзо, журналист ва нависандаи тоҷик, мегӯяд, ки 40 сол боз паи ҷамъоварии мавод ба хотири зинда кардани ёди аввалин омӯзгорони водии Рашт, аз ҷумла муаллимҳои нахустин ва дигар воқеоту ҳодисаҳое, ки дар ин водӣ рух додаанд, мекӯшад. Дидаву шунидаҳояшро дар китоби «Борон пойҳоро мешӯяд…» иншо кардааст. Ӯ меафзояд, ки ин китоб идомаи китоби «Борон изҳоро мешӯяд» аст. Ӯ ният дорад китоби мазкурро дар панҷ қисм ҷамъбаст намояд. То имрӯз се қисми он пешкаши хонандагон гардидааст. Муаллимҳои аввалин Соли 1925 дар Ҳоит аввалин мактаби ибтидоӣ кушода шуд. Мудири мактаби нахустини Ҳоити шуравӣ яке аз фарзандони муборизи тоҷик Каримҷон Хусейнзода буд. Мавсуф соли 1927 ҳамчун аввалин мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳоит ба кор оғоз намуд. Дар деҳаҳои хурду калон мактабҳои маҳви бесаводӣ созмон дод. Дар ин мактабҳо сокинони деҳаҳо, сарфи назар аз синну сол, ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Дар ҳамин давра кушодани мактабҳои ибтидоӣ ва ҳафтсола дар Ҳоит ба роҳ монда шуд. Панҷ нафар духтари ҳоитӣ баъди анҷоми курси яксолаи муаллимтайёркунӣ дар шаҳраки Ғарм ба кор омаданд. Инҳо Чиллабибӣ Ҳакимова, Оламбӣ Гадоева, Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова ва Файзинисо Шоназарова буданд. Муаллимҳои ҷавон рӯзона дар мактабҳои ибтидоӣ дарс гуфта, шабона ба занони дар курсҳои маҳви бесаводӣ гирдомада сабақ меомӯхтанд. Дере нагузашта истеъдоду кордонии Чиллабибӣ Ҳакимоваро роҳбарияти ноҳия ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи раиси деҳшуро пешбарӣ намуданд.
Соли 1929 мухолифини давлати нав барои маҳви он дар водии Рашт аз хориҷи кишвар бо роҳбарии Фузайл Махсум ба Ҳоит омаданд. Онҳо ҷонибдорон ва кормандони Иттиҳоди Шуравиро бераҳмона ҷазо медоданд. Муаллимҳо низ ба таъқиб дучор шуданд. Файзинисо Шоназароваро дар деҳаи Тахт дастгир карданд. Ҳангоми гузаштан аз пули Оби Кабуд Файзинисои 18-сола худро аз болои аспба дарё партофт. Ӯро роҳгузарон аз поёни шаҳраки Ҳоит аз ҷое, ки Оби Кабуд ба дарёи Сурхоб ҳамроҳ мешавад, дар ҳолати беҳушӣ аз об бароварданд. Файзинисо баъдҳо барои пойдории сохти нави давлатдорӣ фаъолона талош варзид. Се нафар муаллим Оламбӣ, Маълумбӣ ва Сайрамбӣ, раиси деҳшуро Чиллабибӣ дастгир шуданд. Дар пояи қалъаи Ҳоит, дар бозори шаҳр мардуми бисёреро ҷамъ оварда буданд. Дар ҳузури онҳо муаллимҳоро ба дор кашида, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Раиси деҳшуро Чиллабибӣ Ҳакимоваро бинобар дуҷон буданаш озод карданд. Вақте чаҳор духтарро бо дасти баста паси пушт ба гӯшаи бозори Ҳоит ба назди Фузайл Махсум ва ҳамраҳонаш меоранд, Махсум мегӯяд, ба ман панҷ духтар гуфта буданд, дигараш ку? Ҷалол-қӯрбошӣ мегӯяд, ки дигарашба деҳаи Тахт рафта будааст, одам фиристодем. Файзинисо духтари Шоҳназари човандоз аст. Дар ҳамин асно ба назди Ҷалол-қӯрбошӣ се навкари бо обу арақ ғӯтида омада мегӯянд, ки духтар гурехт. Ҳангоми аз пули дарё гу заштан худро ба коми дарё афканд. Аздусар зинда намебарояд. Чанд ғурӯша қанди сафеде, ки пеш аз дастгир шуданаш барои хӯрдан бо худ гирифта буд, дар дасташ нигоҳ медошт. Бо як ғайрат, ҳангоми дар паси аспи одами Ҷалол-қӯрбошӣ буданаш, дасташро кушода, бо каллақанде ба сари савор мезанад, асп тӯр мегирад ва ӯ худро ба дарё мепартояд. Сарбозон лаб-лаби соҳил аз қафои ӯ мешитобанд. Файзинисо оббози хуб буду худро таҳи об мекунад. Саворон умед аз ӯ канда, мераванд. Ҷисми нимҷони Файзинисоро поёнтар аз соҳил меёбанд. Ӯ баъди ба худ омадан, аз фоҷиаи ба сари дугонаҳояш омада хабар медиҳад ва аз ҳозирон хоҳиш мекунад, то ба ӯ асп диҳанд, то ба шаҳраки Ғарм рафта, аз ҳуҷуми Фузайл Махсум хабар диҳад. Вақте муаллимҳои даст ба пушт бастаро ба таги дор оварданд, Фузайл Махсум ба Исмоил рӯ оварда мегӯяд: «Ҷаноби муфтӣ, шумо соҳиби шариат ва фатво ҳастед, коре кунед, ки ҳукматон одилона бошад, мабодо дар маҳшар мо низ қатори шумо ҷавоб гӯем».Ҳамааш аз рӯи шариат ҳаст, - мегӯяд муфтӣ Исмоил. Вале, агар ин гумроҳони худозада дар ҳузури шумо аз карда пушаймон ва тавба кунанд, гуноҳашонро мебахшем. Аз ҷониби муаллимҳо ҷавобе шунида намешавад. Дар байни инҳо як нафар ба тарафи Чиллабибӣ ишора карда мегӯяд, ки ҳомиладор аст. Қатли ӯ мувофиқи шариат дуруст нест. То таваллуди кӯдак зинда мемонад, агар аз кардааш пушаймон шавад, минбаъд зинда хоҳад монд. Бинед, кори мо ба куҷо расидааст, ки як зани безоти номусалмон раиси ҳукумат таъин шудааст. Бо ишораи Ҷалол-қӯрбошӣ духтаронро таги дор бурданд. Хостанд чашмонашонро бубанданд, аммо онҳо ба ин роҳ намедиҳанд. «Мо дузд нестем ва ба касе хиёнат накардем. Барои кадом гуноҳ дар лаҳзаи охир чашм аз дидори ҳамдиёрон бандем, аз тамошои табиати зебо маҳрум монем? Мо маргро бо сари баланду чашмони боз пешвоз мегирем, - бо садои баланд ба мардум шунавонда гуфт Маълумбӣ. -Шумо гумон накунед, ки мо танҳоем. Бо куштани се зан сафи мо кам намешавад, балки меафзояд. Гумон доштед пеши пои шумо сар мемонем. Барои кадом гуноҳ. Гуноҳамон ҳамин аст, ки ба мардум фарқи сиёҳро аз сафед фаҳмондем. Мо комсомолем ва аз ин маслак даст намекашем». Издиҳом хомӯш буд. Овози сеҳрноки омӯзгор ҳамаро афсун карда буд. Ҷаллодон саросема ҳалқаҳои дорро ба гардани духтарон андохтанд. Аз нав садои пурдарди Маълумбӣ баланд шуд:«Алвидоъ, ҳамдиёрони азиз! Падруд, сарзамини афсонаҳои ман!» Ҷаллодон бо шитоб кундаҳоро аз зери пои онҳо гирифтанд. Қомати мавзуни духтарон дар ҳаво алвонҷ мехӯрданд. Пойҳои нозуки духтарон аз зӯри дард қаду рост мешуданд. Куртаи алвони Оламбӣ зери таъсири боди форами баҳорӣ мавҷ мезад. Ва ба чашми бинанда парчами оғуштаи хунро мемонд… Дар суҳбат дар деҳаи Ҳоит-2 Раҳимҷон Маҳмадҷонов, роҳбари хоҷагии коллективии ба номи Қаландар Эммуҳаммадов, гуфт, ки Оламбӣ бо раҳматии модараш дугона ва ҳамсоя будааст. Оламбӣ аз деҳаи Ҳисорак, Маълумбӣ ва Сайрамбӣ аз деҳаи Ярхич будаанд. Модараш дар бораи муаллимҳо, бахусус Оламбӣ зиёд мегуфтааст, ки онҳо муаллим шуданд, он вақт «партин» ҳам мегуфтанд, озод шуданд, ҳам мегуфтанд. Модарам мегуфт, ки баҳор буд, моҳи апрел ҳамроҳи Оламбӣ рафтем гули ғазарак чида (ин гул аввали баҳор мерӯяд, мисли шибитак аст) омадем, дар хона будем, ки яке афғонҳо омаданд. Гуфтанд, ки Оламбӣ дар куҷост. Гирифтанд ӯро ва бурдан. Модарам мегӯянд, ки ӯро куҷо мебаред, онҳо мегӯянд, ки валлоҳ мебарем, тавбааш медиҳем, баъд озодаш мекунем. Дар қафои асп савор карданду бурданаш. Модарам мегуфт, ки афғон буданд, гуфторашон афғонӣ буд. Шояд онҳо бо Фузайл Махсум омада буданд. Ба гуфтаи модарам Фузайл Махсум гуфта бошад, ки тавбааш диҳед ва ҷавобашон диҳед. Таваллуди модари ман соли 1910 буд. Аз Оламбӣ шояд 1908 буд, ки модарам мегуфт, ду сол калон буд аз ман Оламбӣ. Сайрамбӣ аз деҳаи Ярхич шавҳар дошт. Ба қавли модарам, Сайрамбӣ аз шавҳараш ҷудо шуда будааст. Вай баъд муаллим мешаваду шавҳараш зани дигар мегирад. Ҳоло фарзандони ӯ ҳастанд аз дигар занаш. Модарам мегуфт, ки бисёр духтарҳои зебо буданд, лекин миёнашон Сайрамбӣ парирухсор буд. Соли 1967 дар деҳаи мо мактаби нав сохтанд. Он сол ман синфи 10 мехондам. Моро ҳамчун калонсол гуфта супориш доданд, ки рафта қабри муаллимҳоро канда биёрем, то дар саҳни мактаб ҷо кунем. Он вақт онҳо аз гӯристони деҳ ҷудо буданд, гӯё дар қабристони деҳ ҷошон надода буданд. Вақте ки заминҷунбӣ мешавад ва ярч меояд, 20 ё 25 қадам то гӯри онҳо сел фаромада қарор мегирад. Гӯри муаллимҳо осеб намебинад. Мо қабри онҳоро канда овардем ва дар саҳни мактаб гӯрондем. Имсол моҳи июн, хатиби масҷид занг зад, ки аз Ғарм намоянда омадааст, ҷасади муаллимҳоро дигар ҷой мегӯронем. Чаро ки дар ҷои онҳо синфхонаҳои нав месозанд. Рафтем ва гӯрашонро кандем. Ҳамаи устухонҳоро дар як халта андохта, дар як тобути қуттимонанд гӯр карда будаанд. Фармудам кафан оварданд, аз нав кафан кардем ва дар як қуттии нав андохта, дар ҷои дигар гӯрондем. Ман бисёртар ба он диққат додам, ки дандонҳошон пурра дар ҷошон буданд. Ба бачаҳо гуфтам, нигоҳ кунед, ҷавон, ки ҳастанд, дандонҳошон ҳамон хел хушрӯй истодаст. Ба назарам, ин муаллимҳо аз 22 то 24-сола буданд. Модари ман 19-сола буд. Товус ном дошт, дар синни 79-солагӣ гузашт. Имрӯз ягон мактаб ба номи ин муаллимҳо нест. Мактаби деҳаро ба номи Каримҷон Ҳусейнзода, ки он вақт мудири шуъбаи маорифи ноҳия буд, гузоштанд. Ӯро низ босмачиҳо кушта буданд.
Меҳроби АБДУРАҲМОН,
Рӯзноманигор