Шоме, ки дар телевизион вохӯрии Президенти кишвар бо варзишгарон пахш гардид, хурсандии мардумро ҳадду канор набуд. Зеро масъалаи беҳдошти варзишгоҳҳои маҳаллӣ матраҳ шуду ҷомеа бори дигар бовар ҳосил кард, ки яке аз омилҳои муҳими роҳнамоии наврасону ҷавонон ба ҳаёти солим ҷалби онҳо ба марказҳои фарҳангу варзиш мебошад. Маҳз баъди ҳамин вохӯрӣ як гурӯҳи сокинони ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон ба идораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» муроҷиат намуда, хостори барқарор кардани варзишгоҳҳои наздимактабии деҳоташон шудаанд.
Сафари мо ба ноҳияи Ҷилликӯл ба рӯзҳои таътили зимистонаи мактаббачагон рост омад. Аммо субҳи барвақт омӯзгорони мактаби №15 дар мактаб ҳозир буданд ва аз даст рафтани варзишгоҳи мактабро ба бетаваҷҷуҳии масъулини соҳаи маорифи ноҳия нисбат доданд. Ҷӯра Чориев - омӯзгори варзиш иброз дошт, ки аз сабаби норасоии майдончаҳо дарсҳои ин фан парешону дилгиркунанда мегузарад. Ба гуфтаи ӯ, аз соле, ки мактаб бе варзишгоҳ мондааст, хонандагон дар мусобиқаҳо ширкат варзида наметавонанд. Наход баъзе касон манфиати худро аз солимии беш аз 1140 нафар фарзандон - насле, ки тақдири ояндаи давлат дар дасти онҳост, боло гузоранд.
Дилбар Шералиева - омӯзгори забони тоҷикӣ иброз медорад, ки хароб кардани майдончаҳои варзишӣ натанҳо ба рӯҳияи хонандагон, балки ба равони тамоми мардумони деҳоти атроф низ таъсири манфӣ расонидааст. Чунин беадолатиҳо эътимоди мардумро нисбати ҳукуматҳои маҳал коста мегардонад. «Ман низ дастпарвари ҳамин мактаб ҳастам. Дар замони мактабхонии мо дар ҳамин ҷойе, ки ҳозир хонаҳои истиқоматӣ сохта истодаанд, майдонҳои футбол, волейбол, баскетбол ва гандбол буд. Дар маҳфилҳои варзиши мактаб садҳо нафар писару духтарон фаъолона иштирок мекарданд. Варзиш як роҳи асосии баланд бардоштани ҳисси мактабдӯстии наврасон буд. Ҳатто духтарони мактаб дастаи футбол таъсис дода, дар мусобиқаҳо ширкат мекарданд.» - мегӯяд ӯ.
Вақте ки собиқ майдони варзишии мактабро аксбардорӣ мекардем, дар наздамон наврасони 9-10 солае пайдо шуданд:
- Ака, ҳамин майдони моро Шумо харидаед? Охир, он ҷои ҷамъомади мо буд. Натанҳо бачаҳо, калонсолон ҳам то торик шудан дар ин ҷо волейболу футбол бозӣ мекарданд. Майдонро барҳам доданду мардум ҳам парешон шуданд.ба Президент гуфтан даркор, ки майдончаро гашта гиранд…
- Намояндаи Президент дар ноҳия раиси ноҳияатон аст. Падару модарон бояд барои ҳалли чунин масъалаҳо ба раиси ноҳия муроҷиат кунанд, - фаҳмониданӣ шудам ман.
- Зӯри раиси ноҳия ба ин мардакҳо намерасад… Замин бисёр, намешуд, ки ҳамин калонҳо дар ягон ҷойи дигар хона месохтанд?..
Маҳфуза Қӯзиева - сарвари мактаб иброз дошт, ки охири солҳои 80-ум дар болотари майдони варзишӣ таҳкурсии мактаби нави замонавиро барои 1500 хонанда гузошта буданд. Аммо ҳодисаҳои маълум оғоз шуду бунёди мактаби нав ба таъхир афтод. Баъдан майдони варзишро ҳам барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба якчанд нафар тақсим кардаанд. Барои бозпас гирифтани варзишгоҳ раиси ҷамоати «Деҳқонобод» Муҳиба Маҳмадшоева кӯшишҳои зиёд кард, вале…
Раиси ҷамоат мегӯяд: «Соли 1989 дар ин ҷамоат вазифаи ҷонишини раисро ба ӯҳда доштам. Вақте дар канори майдони варзиш таҳкурсии бинои нави мактабро рехтанд, аз ҳисоби заминҳои атрофи варзишгоҳ ҳудуди мактаби навро 3 гектар зиёд карданд… Вақте ки соли 2004 раиси ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод» таъин шудам, аллакай майдончаро ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда буданд. Соли гузашта ба масъала прокуратура таваҷҷӯҳ намуд, вале дар харитаи кумитаи заминсозии ноҳия мавзеи варзишгоҳи мактаб ҳамчун қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ нишон дода шудааст. Охир, дар ин ҷо як солу ду сол не, ним аср майдони варзиш вуҷуд дошт. Солҳои 80 низ дар атрофи варзишгоҳ манзилҳои истиқоматӣ сохтан мехостанд, аммо иҷозат нашуд. Акнун масъулини кумитаи заминсозии ноҳия даъво доранд, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ замини ин мавзеъ аз даврони таъсиси ноҳия ҳамчун замини наздиҳавлигӣ нишон дода шудааст...
Аз сӯҳбат бо сарвари мактаб маълум шуд, ки натанҳо варзишгоҳ, балки қисме аз биноҳои мактабро ҳам «дастдарозон»-и вақт ғайриқонунӣ аз худ кардаанд ва мушкили аз нав барқарорсозии ҳолати ин биноҳо то имрӯз давом дорад. Ба гуфтаи ӯ, соли 1993, бинобар ҳиҷрати сокинони ҷамоати мазкур ба дигар минтақаҳо ва коҳиш ёфтани теъдоди хонандагони мактаб баъзе синфхонаҳо бекор монданд. Дар ҳамин давра хоҷагии ба номи Мавлон Қориёғдиев таҷдид мешаваду хоҷагидорони инфиродӣ як қисми биноҳои мактабро низ ҳамчун амволи хоҷагӣ аз худ мекунанд. Танҳо соли гузашта имкон шуд, ки бо дастгирии ҳукумати ноҳия қисме аз биноҳои мактаб бозпас гирифта шаванд. Аммо дар ҷойи пешинаи толори тобистона мағоза сохтаанду анбори мактаб ҳам дар дохили он мондааст. Мактаб бошад, захираи сӯзишвориашро дар як синфхона нигоҳ медорад.
Дар якчанд ҳуҷраҳо, ки акнун ба ҳисоби мактаб гузаштааст, то имрӯз соҳаи алоқа фаъолият карда истодаанд. Дар бахши ноҳиявии «Агроинвестбонк»-и Ҷилликӯл иттилоъ доданд, ки соли 2008 собиқ сарвари хоҷагии ба номи Мавлон Қориёғдиев - Шаҳзода Юсуфова бинои мазкурро, ки моли хоҷагӣ будааст, ба гарав монда, то имрӯз қарзҳои гирифтаашро пурра пардохт накардааст. Дар ин бобат масъули бахши идораи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ноҳия Насриддин Солеҳов мегӯяд: «Мо чандин маротиба роҳбари хоҷагиро огоҳ кардем, ки биноро ба расмият дароранд. Мутаассифона, то имрӯз ҳолати он расман шинохта нашудааст. Акнун барои гирифтани сертификати ин бино ҳамчун амволи мактаб ҳуҷҷатҳои лозим омода шуда истодаанд.
Ин ҳама мушкилот дар мактабест, ки 1141 нафар хонандагон бо се забон - тоҷикӣ, туркманӣ ва ӯзбакӣ таҳсил менамоянд. Тибқи гуфтаҳо вазири маориф аз ин сарусадоҳо огоҳ аст. Ду сол қабл А.Раҳмонов ин мактабро дида, лоиҳаи бинои навашро ба нақша гирифтааст. Оё ин ҳама ноадолатию дастдарозиҳоро ба амволи мактаби давлатӣ, ки ба сатҳи хонишу солимии беш аз ҳазор нафар хонандагон таъсири манфӣ расонида, эътимоди мардумро нисбати адолати иҷтимоӣ коста мегардонад, пешгирӣ кардан имкон надошт? Ин матлаб мисолест ва, аз қавли масъулини соҳаи маорифу прокурори ноҳия, баҳсҳои амвол дар дигар мактабҳои Ҷилликӯл низ буданду ҳастанд. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки Президенти мамлакат дар ду вохӯрии охиринаш ба масъулин ҷиҳати беҳдошти вазъи таълиму тарбия ва варзишгоҳҳои маҳалҳо супоришҳои қатъӣ дода буд...
Ҷамолиддин Сайфиддинов