Шахсе, ки ҳамболинаш ҳастӣ:
- Ҳама коратро зери назорат мегирад?
- Ба ҳама ноомади кораш гунаҳгорат меҳисобад?
- Зидди дидорбиниву муомила бо хешу ақрабо ва дӯстонатон аст?
- Маҷбурат мекунад, ки ҳама вақт дар хона бошӣ?
- Барои майдатарин корат (камбудиат) танқид мекунад?
- Бо баҳонаи мастӣ ҳама вақт ғазаболуд аст?
- Ба ҳама сарфу харҷат ҳисобот талаб мекунад?
- Гуфтугӯҳои телефониатро гӯш мекунад ё аз телефон истифода кардан намемонад?
- Назди дигарон масхараат мекунад?
- Ба ҳиссиёту муқаддасотат нописандӣ мекунад?
- Мезанад, тела медиҳад, пеши по мекунад?
-Таҳдид мекунад, ки худат ё кӯдаконатро мезанад?
- Аз яроқ истифода кардааст ё таҳдиди истифода кардан дорад?..
Агар ақаллан ба яке аз ин саволҳои додашуда ҷавоби «ҳа» диҳед, бидонед,ки шумо гарифтори зулми хонаводагиед! - мехонед аз рӯзномае ва меандешед, ки ин дар бораи ман нест ё на ҳамаи ин ба рӯзгори ман мувофиқ аст. Боз чизе маҷбуратон месозад, ки чанд рӯз ё соли ҳаётатонро ба хотир биёред:
Шаллоқи навбатӣ ба бари рӯй. Фарз кардем барои соатҳои 11- 12 -и шаб дари шавҳари «аз кор хасташуда баргаштаро» дертар кушодан.
Ҳақоратҳои мунтазам барои хӯроки камнамак ё шӯр, барои хонаи норӯфта, чойи беранг ё талх, барои ба меҳмонӣ омадани модар, хоҳар ё дигар хешовандонат, ё барои қавоқи гирифтагию меҳмони шавҳарро рӯи хуш надодан ва ё гуфтан, ки дар хона чизе нест, чӣ пазам?
Таҳқир барои фарбеҳ ё баръакс, хароб буданат, билохира танҳо барои он ки пиру бенур гаштаӣ ё чун фалон нозанин шӯху хандонрӯ нестӣ?
Латукӯб барои беиҷозат ба ягон ҷой рафтан, чизе харидан, аз гапи волидайни шавҳар ё хоҳару бародари вай баромадан, ба модарат тӯҳфае кардан ё даъвои ба чизе ё коре «ҳуқуқ дорам» кардан.
Ҳама вақт таҳдиди «ҳозир талоқат медиҳам» ё «меравам зани ҷавон мегирам ё зани дуюмамро ба ҳамин хона меораму ту хизматгораш мешавӣ».
Ҳамаи ин ё аксарияти ин муносибатҳо ҳамарӯза дар рӯзгори атрофиёни мо ба ҳар рангу ҳар тариқ рух медиҳанд, ки зулм ё хушунат ном доранд, вале мутаассифона, мо тақдирашон меномему ҳамарӯза таҳаммулашон мекунем, то замоне, ки бо фоҷиае набаранд. Агар нафаре ба ҳоли аз ин бадтар бирасад мо меандешем, зани бадбахт будааст ё тақдираш чунин аст. Ё бетарафона меандешем, ки ин кори оилавии онҳосту ба мо чӣ дахл дорад?
Агар дар ин ҳолат касе аз мо маслиҳат пурсад, ҳатман мегӯем «сабр кун, тоқат намо, ҳама ҳамин хел зиндагӣ дорад, шавҳар-дия, дӯст, ки медорад гоҳ-гоҳ мезанад, рашк мекунад» ва бо ҳамин вазифаи «таърихиамон»ро анҷомёфта меҳисобем.
Мабодо зане барои чунин муносибатҳои шавҳар ба милиса ё дигар идораи ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад, ба ҳолаш механданд ё мегӯянд, «хоҳар, айб нест, ки барои ҳамин кори ночизи оилавӣ сари моро гаранг мекунӣ ва обрӯи шавҳаратро мерезонӣ, ин қадар ҷанҷол дар хонаи кӣ нест? Ба умеди баробарҳуқуқӣ нашаву аз ҳамин мардак намон, ҳозир кӯча пури чордаҳсолаҳо...» - мегӯянд ашхоси «боақл» ба корафтодаҳо.
Ин намунаҳои боло шаклҳои маъмулии зулми хонаводагианд, ки моро аз хурдӣ ба сарнавишт будани он ва ба тоқат намудан ба онҳо омода мекунанд.
Хушунат бештар ба саломатии инсон таъсири манфӣ мегузорад ва аксаран сабаби дардманду бемор гаштани инсон, хоса занон мегардад. Гоҳо он ба асаби занон таъсир расонида, ҳатто онҳоро ба худкушӣ бурда мерасонад. Аз ин рӯ, сари вақт аз машварати табибон, ба хусус, рӯҳшиносон истифода кардани гирифторони зулми хонаводагӣ хеле зарур аст. Вале мутаассифона, имрӯз дар кулли ҷумҳур мо ба табибони хуби рӯҳшинос ниёз дорем.
Вобаста ба муносибатҳои бераҳмонаи шавҳар мудом дар ҳолати стресс (тарс, асабоният) қарор доштан оҳиста-оҳиста аз бад шудани саломатӣ дарак медиҳад, вале занон маъмулан то аз пой наафтанд, ба духтур муроҷиат намекунанд ва шавҳарон то занон аз ҳаракат бознамонанд ба бемориашон бовар намекунанд ва пайи табобаташон намешаванд.
Кӣ ба зане, ки зудранҷу асабонӣ шудааст, доимо дар ҳолати парешониву ҳарос қарор дорад, ҳиссиёташ кунд гаштааст, хобаш вайрон шудааст, ба танҳоӣ майл дораду овози касеро шунидан намехоҳад, чун ба бемор муносибат мекунад? Қариб, ки ҳеҷ кас. Кӣ, кай ва дар куҷо дидаед, ки касе ӯро ба назди духтури рӯҳшинос ҳидоят мекунад ё кӯшиши аз дарди дилаш огаҳ шудану ба дардаш дармон ҷустанро мекунад? Қариб, ки ҳеҷ кас. Зеро чунин занон ҳамарӯза дар миёни мо зиндагӣ доранд ва мо аз онҳо гоҳе ёд мекунем, ки ё бистарӣ мешаванд ё мемуранд. Баъд худиву бегона аз худ суол мекунем «охир боре чизе намегуфт –ку?»
Бале, зеро ғайри «сабр бикуну ҳамааш мегузарад ва айб асту мардум чӣ мегӯяд, ё мана ман ҳам чандин солҳо ба ҳамин аҳвол намурдаам» мо дигар чизе барояш гуфта наметавонем. Боре намегӯем, ки одамӣ як бор ба дунё меояд ва ҳуқуқ ба зиндагии бе хушунатро дорад, ин ҳуқуқи конститутсионӣ ва шариатии ӯст. Шояд худамон ҳам инро намедонем? Ё аз «шарманда» шудан метарсем, метарсем, ки сиррамонро донанд, айб аст. Зеро аксаран ин сирри ноодамиҳои шавҳаронамон аст ва хоса он шавҳарони мансабдору миёни ҷомеъа обрӯмандамон.
Таҳқиқоте, ки созмони ҷамъиятии «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ» таҳти сарварии Татяна Бозрикова гузаронидааст, гувоҳӣ медиҳад:
–Дар соли 2009 ба 18 маркази бӯҳронӣ 3548 нафар оид ба хушунати хонаводагӣ муроҷиат кардаанд, ки 9% мардҳо ва 9% занҳоянд;
– Дар соли 2010 ба 8 чунин марказҳо 2984 нафар аз ҷумла 11% мардҳо ва 89% занҳо омадаанд;
– Корафтодагон аз хушунати иқтисодӣ 24,8%, шаҳвонӣ, 1,4%, лату кӯб 13,8%, рӯҳӣ 48,4% ва дигар навъҳои хушунат 11,6 %шикоят кардаанд;
– Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ба хушунат занҳои маълумотдору бемаълумот, хонашину коргар, шавҳардору бешавҳар, пиру ҷавон метавонанд гирифтор шаванд. Ва 76% ин одамон такроран ҷабр дидаанд.
– 3 фоизи занони гирифтори хушунат қасди худкушӣ мекунанд. Тибқи маълумоти ВКД ва тибқи моддаи 109 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ба худкушӣ расонидан» аз ҷониби шавҳарон 68,2%, падарон 4,5% дигар хешовандон 9,1% ташкил медиҳад.
***
Яке аз сабабҳои беҳимоягии занон ва зӯроварӣ дар он аст, ки аҳли ҷомеа ба моҳияти ин проблема ба қадри кофӣ сарфаҳм намеравад. Ақидае васеъ паҳн шудааст, ки гӯё мубрамияти проблемаи зӯроварӣ нисбати занон аз будаш зиёд нишон дода мешавад ва он дар муқоиса бо проблемаҳои дигари иҷтимоӣ чандон муҳим нест. Ин хусусан ба проблемаи зӯроварӣ дар оила дахл дорад.
***
Дар ҷомеа ақидае роиҷ аст, ки зӯроварӣ дар оила ин кори оилавӣ ва шахсист. Барои асоснок намудани ин ақида хусусиятҳои менталитети шарқӣ, анъанаҳои аҷдодӣ ва ғайра далел оварда мешаванд. Чунин ақидаву муносибат нисбати проблемаи зӯроварӣ дар оила боиси он мегардад, ки шахсони чунин ҷиноятро содиркарда, ки рафтори онҳо аксар вақт беҷазо мемонад, худро озод ҳис намуда, зӯровариашонро давом медиҳанд. То он вақте ки чунин ақида давом мекунад, барои ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ аз берун дастгириву ёрӣ гирифтан ва аз зӯроварӣ халос шудан душвор аст.
Дар ҷомеъа зулми мардон ба занон бештар аст, мегӯянд аксаран худи занон, вале зулму тааддӣ аз тарафи занон ҳам дар оила зиёд аст, танҳо дар шакли дигар. Ҳарчанд ҷабри хушдоман ба келин бештар дида мешавад, вале гоҳо зулми келин ба хушдоман низ вомехӯрад.
Дар бораи хушунат дидани мардон ҳамин ҳолатҳоро вомехӯрем, ки мардон аз сарварии занон дар оила меноланд. Яъне агар рафту зан аз ҷиҳати иқтисодӣ мутеъи шавҳар набошад ё аз шавҳар дида вазифаи баландтар дошта бошад, мардон инро хушунат меҳисобанд, атрофиён низ инро ҳамин хел қабул мекунанд, агар ҳатто дар чунин оилаҳо хушунат ҳам набошад - ақида доранд, бархе аз коршиносон. Маъмулан зани тоҷик чун аксари занони дигар мамолики Шарқ ҷабру озори хонаводагиро чун сирри шахсӣ нигаҳ дошта, умр ба сар мебарад ва садсолаҳо ин анъанаро аз насл ба насл мерос мегузорад. Аз ин рӯ, ин масъала ҳанӯз дар кишвари мо ба пуррагӣ омӯхта нашудааст.
Коршиносон як ҳолати бисёр аҷибро мушоҳида кардаанд. Одатан зулмкунанда бисёр кӯшиш мекунад, ки рафтори худро дурусту зарурӣ маънидод кунад, яъне худро сафед кунад. Масалан, баъди латукӯб, дасту пошиканиву саркафониҳо мард ниҳоят «меҳрубон» мешавад, ваъда медиҳад, ки дигар ин ҳол ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳад ёфт. Ҳатто ба зан ваъда медиҳад, ки ҳамаи хоҳишҳояшро минбаъд иҷро мекунад, ваъдаи сайру саёҳат ва тилловорӣ ҳам менамояд.
Ин чанд сабаб дорад, якумаш ин аст, ки бо ин роҳи фиреб одатан занонро аз ба ҷое (масалан, ба ҷои кораш агар мансабдор бошад ё ба милиса агар камбағал бошад) шикоят бурдан манъ мекунанд. Дигар мақсади ин рафтор он аст, ки хушунатгар бо зориву хушомадгӯиҳои муваққатӣ мехоҳад занашро бовар кунонад, ки ӯ марди золим нест ва бо айби худи занак ин ҷангу ҷидол ба амал омадааст. Занро лаҳзаҳои меҳрубонии мард фирефта мекунад ва аксаран занон ба ин найранг бовар карда мегӯянд «рост мега ҳамин мардак, айби худам шуд». Вале ин дӯстдориҳои муваққатӣ дер давом намекунанд ва зан пай дар пай ҳам мушту лағат мехӯрад ва ҳам ҳамчун зани серҷоғу ҷанҷолӣ ва бесабру таҳаммул ва ношукру нописанд, ба бадӣ ном мебарорад, ки дар натиҷа дар ин зулми хонаводагӣ аксаран атрофиён худи ӯро гунаҳгор медонанд. Ба хусус барои он ки сирри хонаводаро ба берун баровардааст. «Одам бошад бо шавҳараш рост гирад» - одатан ҳукм мекунанд атрофиён. Ин ҳамаро мард хуб медонад ва хеле хуб истифода мекунад.
Мушкили дигар он аст, ки аксаран духтарон бо дониши ниҳоят паст ба ҳаёти оилавӣ гуселонида мешаванд, ки ин дар оянда замина барои гирифтор шудан ба хушунат аст, - мегӯянд таҳқиқгарони ин масъала.
Мардум хондани мавзӯъҳои муносибатҳои оилавӣ, ба хусус муносибати зану шавҳар, келину хушдоман, духтару волидон, келину дигар аъзоёни оиларо, ки дар бисёр рӯзномаҳо нашр мешаванд, хеле хуш мепазиранд. Зеро аксари ҷавонон бе ягон омодагӣ хонадор карда мешаванду воқеан, роҳи дурусти зиндагиро намедонанд - мегӯянд бонувони деҳот. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто гоҳо-шахсони рӯзгордида ҳам дар пеши мушкилоти ҳаёт бечораанд.
Зӯроварӣ нисбати занон проблемаест, ки ба бисёр омилҳои дигар дахл мекунад, зеро он ба ҷанбаҳои дигари ҳаёти занон низ таъсир мерасонад. Проблемаи зӯроварӣ нисбати занон на фақат проблемаи занҳост.
***
Ҳама бояд фаҳмад, ки зӯроварӣ дар оила кори шахсии ҳар як оила нест, балки проблемаи ҷамъиятист.
***
Номукаммал будани базаи қонунгузорӣ оид ба пешгирӣ намудани зӯроварӣ нисбати занон низ яке аз сабабҳои чунин муносибат доштани аҳли ҷомеа нисбати проблемаи зӯроварӣ ба шумор меравад. Дар ягон санади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи мафҳуми «зӯроварӣ дар оила» умуман вуҷуд надорад.
***
Ҷазо нагирифтан барои зӯроварӣ ба он мусоидат мекунанд, ки зӯровари нисбати занон такрор ба такрор содир карда мешавад. Қариб 70% ҷабрдидагон чандин маротиба ба зӯроварӣ дучор гардидаанд.
Ба аҳолӣ дар баробари омӯхтани роҳҳои зиндагии бехушунат боз кӯмакҳои тиббӣ, машваратҳои ҳуқуқӣ низ додан ба манфиати кор аст. Агар мутахассисони ин соҳаҳо роҳҳои раҳоӣ аз хушунати хонаводагӣ ва кам шудани ҷабру ҷафоро ба ҳамсарон аз нигоҳи тиб, ҳуқуқ, ахлоқ ва шариат тавассути ВАО мефаҳмониданд, хеле хуб мешуд. Занон низ бар он ақидаанд, ки агар ба мардон аз лиҳози ҳуқуқ, тиб ва шариат вазифаву ӯҳдадориҳояшонро дуруст фаҳмонанд, зиндагӣ шояд хубу гуворотар мешавад.
Аз таҷрибаи мутахассисони таҳлилгари Россия бармеояд,ки:
«Зӯроварӣ - ин як қисми оддии силсилаи амалест, ки аз тарафи хушунатгар пешбинӣ мешавад. Аввали он эҳсоси нооромӣ аст. Баъд гӯё «таркиш» ба вуҷуд меояд. Яъне латукӯб ва қину азоб оғоз мегардад. Баъд даврае сар мешавад, ки шахси ситамкор (золим) гуноҳи худро ба гардан мегирад ва ваъда медиҳад, ки ин кор такрор намеёбад. Вале силсилаи зулму ситам боз такрор ба такрор рӯй медиҳад.
Баъдтар бо гузашти чанд вақт, ин силсилаи зулм тезтар такрор шудан мегирад ва золимӣ то рафт бераҳмонатар мегардад.»
Тавре, ки дарк кардед, хушунати мард ба зан ё зан ба мард масъалаест, ки дар тамоми олам мушоҳида мегардад. Он вобаста ба шароити маҳал, урфу одат, маданият, дараҷаи тараққиёти иқтисодиёт, таъсири хурофоту дин, тарбияву маърифат ва муҳиту география ҳар хел аст. Ва хушбахтона, дар ҳамаи кишварҳо чун амали нохубу ҳуқуқпоймолкунӣ маҳсуб мешавад. Мақсади одамони бомаърифату адолатпарвар раҳоӣ аз ин падидаи нангин аст. Охир инсон ҳуқуқи зиндагии бе зулмро кайҳо ба даст оварда буд. Пас касе ҳаққи ӯро аз ин ҳуқуқҳо маҳрум кардан надорад.
Қонунгузориҳои мавҷудаи ҷиноятӣ, ҷиноятӣ-мурофиавӣ ва маъмурӣ мафҳуми «зӯроварии хонагӣ, зӯроварӣ дар оила» ва ҷазо доданро барои он пешбинӣ намекунанд. Меъёрҳои қонунгузорӣ дар решакан намудани ҳодисаҳои зӯроварии хонагӣ, ки ба яке аз ҳуқуқвайронкуниҳои маъмултарин табдил ёфта, ба ҳаёт, саломатӣ ва шарафу номуси занон, кӯдакон ва аъзои оила таҳдид мекунанд, натиҷаҳои дахлхоҳ намедиҳанд. Ҳоло тибқи омори расмӣ, қисми зиёди зарарҳои ҷисмонии дараҷаи вазниниашон гуногун, латукӯб ва таҳқир, маҷбуркунӣ ба никоҳи барвақтӣ, ҷиноятҳои шаҳвонӣ дар оила дар заминаҳои маишӣ рӯй медиҳанд.
***
Вазъияти бавуҷудомадаро боз он чиз душвортар мегардонад, ки дар аксар вақт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар ё аризаи дахлдорро дар бораи ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила қабул мекунанд, вале барои пешгирии ҷиноят аз нуқтаи назари он ки «дар оила ҳама кор шуданаш мумкин аст» чораҳои таъҷилӣ ва зарурӣ намеандешанд. Аксар вақт қурбонии зӯроварӣ барои муваффақ шудан ба татбиқи ҷазои ҷиноятӣ бо чунин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ мешавад: хоҳиш надоштани кормандони милитсия барои қабул кардани аризаи ӯ, муомилаи беодобона бо ҷабрдида, тарсондани ӯ, пурсишҳои сершумору хастакунанда ва аксар вақт бемақсад, сари вақт нафиристодан ба экспертизаи судию тиббӣ, рӯякӣ ва беодобона гузарондани муоинаҳо, рӯбарӯкуниҳои таҳқирангез, таъмин накардани муҳофизат ва ҳимояи зарурии ҷабрдида ва ғайраҳо.