Имрӯз ҷомеаи башарӣ шоҳиди тараққиёти бесобиқаи технология ва ҷаҳонишавӣ мебошад ва дар ин росто занҳо низ ҳамқадами мардҳо буда, аз чунин имконот фаровон истифода мекунанд ва дар ҳама соҳа муваффақ будани худро нишон медиҳанд.
Ҳамсӯҳбати мо Муҳаммадюсуф мегӯяд, ки падидаи ронандагӣ дар миёни бонувони тоҷик беҳтарин иқдом аст. Аз ҷумла, ҳамсару як духтари ӯ соҳиби ҳуҷҷати ронандагиянд. Ба бовари ҳамсӯҳбатам, зане, ки мошини худро дорад ва дар алоҳидагӣ пайи кор меравад, беҳтар аз он аст, ки дар нақлиёти умумӣ саргардон ва тан ба тан бо мардони бегона бошад.
Аҷиб ин аст, ки ҳатто дар деҳот ҳам занону духтарон паси чанбари мошин менишинанд ва дигар ин касеро ба тааҷҷуб намеоварад. Занон аз воситаи нақлиёт барои соҳибкорӣ ҳам истифода мебаранд (таксиронӣ, боркашонӣ), ки ин падидаи хуб аст. Раъно Муродова - сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҷумлаи чунин занҳои ронанда аст, ки зиёда аз 15 сол боз ронандаи таксӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ӯ Аълочии маорифи халқ буда, мошинро барои хидматҳои шоистааш туҳфа гирифтааст. Мавсуф мегӯяд, ки мошин дар ҳаёташ воситаи хеле мусоид буда, кору борашро бамаротиб осон мекунад.
Гурӯҳе аз соҳибандешон сабаби паси фармон нишастани бонувонро, аз як тараф, дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардум бубинанд, аз тарафи дигар аз таъмин набудани мардум бо нақлиёти ҷамъиятӣ медонанд.
Мунаввара Буттаева - сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд яке аз он бонувонест, ки чандин сол боз паси фармони мошин аст. Ва хеле хушаш меояд, ки бо ин кору бори хешро иҷро ва зиндагиашро осонтар мекунад. Барои ӯ мошинронӣ ҳавову ҳавас не, воситаи сари вақт ба кор расидан, ба бозор рафтан, ашёи зарурии рӯзгорро харидорӣ намудан, дар ҷустуҷӯи таксӣ ё интизори микроавтобус вақтро беҳуда зоеъ накардан мебошад.
Бино ба гуфти Мунаввара, нигоҳубини мошин аслан хоси мардон аст, аммо ӯ мекӯшад, ки мошинаш ягон нуқсони техникӣ надошта бошад, аз ин рӯ, натанҳо нозукиҳои рондани автомобил, балки нигоҳубини онро низ аз худ менамояд. Мавсуф муътақид аст, ки занҳо дар рондани мошин хеле эҳтиёткоранд, ҳеҷ гоҳ бо суръати баланд мошин намеронанд, пиёдагардонро эҳтиром мекунанд.
Озода Қулова низ аз хурдӣ орзӯи паси фармони мошин нишастан доштааст ва шод аст, ки мошин ба пешрафти кораш хеле мусоидат мекунад.
Сардори бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд Мирзо Сафаров зикр мекунад, ки занон дар рондани мошин эҳтиёткортаранд, аммо мушкилашон мошини дар роҳ вайроншудаи худро таъмир карда натавонистанашон аст. Вале Раъно Муродова мегӯяд, ки дар тӯли 15 соли ронандагии худ муваффақ шудааст, ки аксар қисмҳои мошинро хуб омӯзад ва дар таъмири он малакаи зарурӣ пайдо намояд. Бо вуҷуди ин, муовини сардабири нашрияи "Варорӯд" маслиҳат медиҳад, ки ронандагии занҳо бояд дар асоси шиори "Оҳиста рав - пайваста рав!" бошад.
Хуллас, ронандагии занҳо асосан бар асоси ниёзҳои ҷомеа сурат мегирад ва пушти чанбар нишастани бонувон батадриҷ ба як раванди маъмулӣ ва табиӣ табдил хоҳад ёфт.