Cоҳибкории хурду миёна таъминкунандаи тиҷоратҳои калон мебошад. Коҳиш ёфтани корхонаҳои азим, вале рӯ ба тараққӣ ниҳодани коргоҳҳои хурд ё худ соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Ин нуктаро бахши иқтисодии кишвар барвақттар дарк карда бошад ҳам, то соли 2005 дар музофоти кишвар ба рушди соҳибкории хурду миёна натанҳо аҳамият дода намешуд, балки барои соҳибкорони навтаҷриба монеаҳои сунъӣ эҷод мегашт. Ин монеаҳо боиси дилшикастагии соҳибкорон шуда, онҳоро водор мекард ё тарки тиҷорат кунанд, ё тарки вилоят. Бо ҳамин сабаб дар бахши соҳибкории хурди Хатлон пешравиҳо ба чашм намерасид. Дар он солҳо бахусус барои бонувони тоҷик, ки аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар аз кунҷи хонаҳо мебаромаданд, ба фаъолияти мустақили соҳибкорӣ машғул шудан осон набуд.
Соҳибкор Латофат Бурҳонова, аз ноҳияи Шаҳритӯс, аз зумраи он бонувонест, ки то соҳиби дукони шахсӣ шудан мушкилиҳои зиёдро паси сар кардааст. «Дар байни мардум, – мегӯяд ӯ,– одате буд, ки духтаронро то шавҳар кардан хондану кор кардан намемонданд. Баъди ба шавҳар баромадан бо ризоияти ҳамсару модарарӯс тиҷоратро дар кунҷи хона бо дӯхтани либосҳои арӯсӣ оғоз кардам. Дар аввал як нусха тайёр карда, ба иҷора гузоштам. Баъдан, баробари ба иҷора додани либоси арӯсӣ, дар хонаи шавҳар усули хизматрасонии нав – зиннат додани наварӯсон ва бонувонро ба роҳ монда, бо ин роҳ даромади иловагӣ ба даст меовардам.»
Зиндагӣ Латофатро ба шикастҳои гуногун дучор намуд. Ӯ аз ҳамсар ҷудо шуда, бо ду фарзанд натанҳо бе манзили зист монд, балки аз ҳисоби иштибоҳи собиқ шавҳар ба хонаи модар қарздор баргашт. Акнун мебоист баробари баргардонидани қарз рӯзгори худу фарзандонашро таъмин кунад. Аз наздикон қарз гирифта, тиҷорати худро ҷиддитар ба роҳ монд. Натиҷаи меҳнати шабонарӯзиаш самараи дилхоҳ дод. Бо мурури замон талаботи муштариён ба сару либоси арӯсие, ки ӯ ба иҷора гузошта буд, зиёд мешуд. Латофат барои муштариёни худ аз хориҷи кишвар беҳтарин ороишотро дастрас мекард. Сару либосҳои арӯсие, ки ӯ дар дукони хонагиашон ба намоишу фурӯш гузошта буд, дигар дар ҳавлии модар нағунҷид ва ӯ дар маркази ноҳия биноеро ба иҷора гирифта, бо соҳибкорони дигар ҳамкориро оғоз кард.
Баъдан барои такмили касбу кор муддате дар курсҳои бозомӯзии Тошканду Душанбе таълим гирифта, бо нерӯи тоза ба Шаҳритӯс бармегардад ва корро давом медиҳад.
«Баъди бозгашт аз бозомӯзӣ дар назди худ мақсад гузоштам, ки бояд сифати корро ба талаботи шаҳрҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ ба роҳ монам. Вале дукони шахсӣ надоштему дар шароити иҷора амалӣ намудани мақсадҳои тиҷоратӣ имконнопазир буд. Ба мо қитъаи замин лозим буд, то як бинои замонавӣ сохта, маркази хизматрасонии шахсиро фаъол намоем… Рӯзе як нафар ҳамроҳи раиси ҳамонвақтаи ноҳия вориди дукон шуданд ва меҳмон аз мушкилиҳои кори мо пурсон шуд. Зарурати бино ва мушкилии гирифтани заминро арз кардам. Баъди чанд рӯз маро ба ҳукумати ноҳия даъват карда, бароям аз маркази ноҳия қитъаи замин ҷудо карданд. Маълум шуд, ки он меҳмон раиси ҳамонвақтаи вилоят Амиршо Миралиев будаанд. Ҳамин тавр, мо дар қитъаи замини ҷудошуда бинои замонавӣ сохта, соҳиби кошонаи ҳусни «Азиза» шудем...»
«Як сабаби асосии майли мардон ба бонувони бегона, ки мутаассифона гоҳе ба пошхӯрии оилаҳо оварда мерасонад, ҳусну латофати онон аст. Аксари бонувони мо пас аз оила барпо кардан аз паси рӯзгор шуда, дигар ба ороиши худ диққат намедиҳанд. Мо бояд ба баланд бардоштани маданияти бонувони деҳот диққати ҷиддӣ диҳем. Бояд чунин кошонаҳои ҳуснро дар маҳаллаҳо низ ташкил кард. Феълан аҳён– аҳён бонувони деҳот низ ба маркази ноҳияи Шаҳритӯс барои ороиш меоянд».
Аз нақшаҳои ҳамсӯҳбатам ҷиҳати равнақи соҳибкориаш пурсон мешавам. «Чанде пеш милликунонии сару либоси арӯсӣ мавриди баҳси ҷомеаи мо қарор гирифт. Акнун бошад, духтарони деҳотӣ ҳаваси пӯшидани «фата» доранд. Мо дар ин самт кор карда истодаем. Чанде қабл як модар барои тӯйи арӯсии духтарони дугоникаш аз мо сару либоси хоси ҳиндӣ дархост намуд. Дӯзандагони мо аз ӯҳдаи иҷрои он ба хубӣ баромаданд. Бубинед, вақте талабот ҳаст, истеҳсолкунанда ҳам пайдо мешавад, вале ҳоло мо ба эҷоди либосҳои арӯсии хоси миллӣ даст задаем. Бовар дорам, ки соли 2011 намунаҳои онро пешкаши муштариён месозем. Ва, албатта, ин ҳама «фата»-ҳои рангоранг, ки ба маданияти мардуми со созгор нестанд, бо мурури замон ба фаромӯшӣ мераванд. Барои ин дар самти маънавиёт кор бурдан лозим аст.
…Вақтҳои холӣ ба омӯзиши талаботи иҷтимоии мардум машғулам. Агар маблағе пайдо кунам, ҳатман боғчаи бачагонаи хусусиеро, ки тақозои замон аст, ташкил медиҳам. Боғчае ташкил карданӣ ҳастам, ки дастпарваронаш лаёқатмандтарин хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шаванд».
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ