Ё чӣ тавр Кимбумбуни Салими сарсон ба Танзания баргашт
Барномаи «Жди меня»-и шабакаи НТВ Россия чанд моҳ пеш лавҳаи ҷолиберо намоиш дод, ки оид ба саргардонии як шаҳрванди кишвари Танзания дар Тоҷикистон ва хайрхоҳии сокинони ҷумҳурии мо дар масъалаи ба зодбум баргаштани ҳунарпешаи сирк Кимбумбуни Салим ҳикоят мекард. Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Диёр»-и шаҳри Хуҷанд Баҳринисо Абдураҳмонова дар ин мавзуъ суҳбате дошт бо ин бонуи хайрхоҳ.
Бигӯед, ки аз қазияи Салими африқоӣ чӣ тавр огоҳ шудед?
Нуҳ моҳ пеш аз ин бо ӯ дар шаҳри Хуҷанд шинос шудам. Солҳои зиёдест, ки ба мардуми бехонаю овора мадад мерасонам. Яке аз онҳо хоҳиш кард,ки ба рафиқи африқоияш, ки аз бечорагӣ даст ба худкушӣ заданӣ аст, ёрӣ диҳам. Гуфт, ки Салим чор рӯз боз аз бистар намехезад ва чизе намехӯраду наменӯшад. Ҳамаи корҳоро як сӯ гузошта, ба аёдати Салим шитофтам. Аҳволаш хеле бад буд. Хеле лоғар менамуд ва бо чашмони калони сиёҳаш имдодталабона ба ман менигарист. Дар фироқи ёру диёр ашки талх мерехт. Сипас, аз тақдири нобасомони худ қисса кард. Маълум шуд, ки ӯ – Кимбумбуни Салим Абдуллоҳ буда, 11 августи соли 1991 дар шаҳри Доруссаломи Танзания, дар Африқо таваллуд шудааст. Дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум мондааст. Аз наврасӣ ба сирк дил баста, ба кишварҳои гуногун сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар Лаҳистон бо роҳбарии пан Юрик ба «Сирки калон» роҳ меёбад. Ҳамроҳи даста дар саҳнаҳои Англия, Литва, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳунар намоиш медиҳад. Соли 2010 ҳатто дар мавсими панҷуми гала-консерти байналмилалии «Лаҳзаи шуҳрат» иштирок доштааст.
Кай ва чӣ хел ба Тоҷикистон омадааст?
Соли 2012 сирки онҳо ба Душанбе меояд ва ҷузвдони Салимро бо пулу ҳуҷҷатҳояш медузданд. Ҷустуҷӯйҳо натиҷа намедиҳанд. Сирк аз Душанбе мераваду Салимро бе пул ва ҳуҷҷат танҳо мегузоранд. Муошират ҳам бо мардуми шаҳр мушкил буд, зеро ӯ фақат забони англисиро медонисту халос. Танҳо барои қути лоямут мардикорӣ мекард ва умедашро аз ояндаи хуб ва расидан ба ёру диёр канда буд. Соли 2017 ба меҳмонӣ ба Хуҷанд омада, ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳ афтод. Баъди тафтишот ӯро дар истиқоматгоҳи бехонаҳо ҷой намудаанд.
Корро аз чӣ сар кардед?
Лавҳаи телевизионие омода сохтам, ки дар барномаи «Жди меня» 24 сентябри соли 2021 намоиш дода шуд. Ин намоиш вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Аз Кипр, Россия, Исроил ва кишварҳои дигар. Аз ҳама бештар қисмати Салим донишҷӯёни танзаниягиро, ки дар Донишгоҳи давлатии Москва гузошт ва Салими ғариби ноумедро ба ватанаш баргардонданд. Дар барномае, ки «Жди меня» аз анҷоми неки ин қисса ба тамоми ҷаҳон пахш кард, симои ҳақиқии тоҷикони ғамхори меҳмондӯст, манзараҳои нотакрори диёр, ободиҳои назарраси пойтахти кишвар ва шаҳри Хуҷандро ҳам нишон доданд. Масалан, дар намоиши телевизионӣ аз бародарон Мансур ва Маъруф сухан рафт, ки онҳо Салимро аз бемории майзадагӣ раҳо бахшида, барояш пӯшоку пойафзоли нав харида, дар қаҳвахонаи худ ба кор гирифтанд. Даҳҳо нафари дигар Салимро бародарвор ёрӣ доданд, то худро ғариб ҳис накунад.
Акнун дар бораи чӣ тавр гусел кардани Салим бигӯед.
Гусел кардани Салим муҳимтарин ва асоситарин мақсади мо буд. Аз барномаи «Жди меня» барои Салим чиптаи тайёра ба хатсайри Душанбе-ДубайДоруссалом фиристонданд. Бародарони хайрхоҳ барояш туҳфаҳо хариданд, бо нақлиёт ба Душанбе бурданд. Афсӯс, ки марзбонон дар фурудгоҳи Душанбе каме монеа эҷод карданд, ки бо дахолати мо зуд ҳал шуд. Аммо дар Дубай Салим боз сарсон мешавад. Тайёраи хатсайри Дубай-Доруссалом пеш аз муҳлат парвоз мекунаду Салим бехабар мемонад ва гум мешавад. Бо дахолати барномаи «Жди меня» ва дастгирии корманди фурудгоҳи Дубай Томас ӯро пайдо мекунанд. Барнома боз барои Салим чипта харид ва ниҳоят Салим ба ватанаш, ба дидори хешовандонаш расид. Шодию хурсандии онон ҳадду канор надошт. Бо Салим тавассути шабакаи интернет доим дар тамосам. Ман, ки танҳо як писар дорам, ӯро писари дуюми худ мегӯяму ӯ маро модар мехонад.
Баҳринисо Абдураҳмонова 28 августи соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Падараш Абдувалӣ Абдураҳмонов аз водии Фарғона, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, ронандаи беҳтарини Хуҷанд буд. Модараш Холбибӣ Умарова, босаводу китобхон буд. Баҳринисо баъди хатми мактаби миёнаи №2 ба Комбинати абрешими Хуҷанд, ба кор даромад. Ҳамзамон, ба Техникуми шабонаи назди комбинат шомил гардид ва муҳандисии соҳаи бофандагӣ омӯхт. Дар 25-солагияш мудири шуъба таъин шуд. Умуман, чаҳоряк асри умраш дар ин коргоҳ гузаштааст. Азбаски забони русиро аъло медонист ва қобилияти хуби мусаҳҳеҳию рӯзноманигорӣ дошт, соли 1990 ӯро ба кор ба Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд даъват карданд, чанд сол ҳафтаномаи «Барномаи телевизион»-ро муҳаррирӣ кард. Курсҳои олии ҳомии ҳуқуқро дар Москва хатм намуд. Соли 2010 Ташкилоти ҷамъиятии «Диёр»-ро таъсис дод. Дар 12 соли фаъолият ин ташкилот 300 гумшударо пайдо кард, волидону фарзандон, хешу ақрабо, шавҳару ҳамсарро ба дидори ҳам расонд. 17 зани русро, ки хешу таборон онҳоро дар Хуҷанду атрофи он танҳо гузошта рафта буданд, ба Россия баргардонд. Ҳадафи дигари «Диёр» кор бо оворагардҳо, бехонаҳо, шахсони танҳо, куҳансолони бепарастор, бачаҳои гирифтори саратон, дастпарварони хонаҳои бачагон, ашхоси аз ҳабс озодшуда мебошад. «Диёр» 50 куҳансоли танҳоро ба ғамхорӣ фаро гирифтааст. Ҷашни хонадоршавии ду шахси танҳо: Раяи 96-сола ва Ҳакими 74-соларо ба наздикӣ бо тантана гузаронд. Барои бачаҳои гирифтори саратон, ки 500 нафаранд, ҳуҷраи алоҳидаеро бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин кард. Иқдомҳои хайру савоби Баҳринисо Абдураҳмоноваро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ташкилотҳои хайриявии дохилию хориҷӣ, аз ҷумла барномаи «Жди меня», ки он ҷо Баҳринисо волонтёр аст ва аз ҳама муҳимаш – сарватмандони сахӣ, мардум дастгирӣ мекунанд. Ҳайати ташкилот аз сардор, муҳосиб, ҳамоҳангсоз, ду духтур, як ҳамшира ва ронанда иборат аст. Волонтёрҳо асосан аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, инчунин, онҳое, мебошанд, ки аз хизмати ин ташкилот баҳра бурдаанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ ,
шаҳри Хуҷанд