- Бояд барои зимистон ақаллан як куб ҳезум захира кунем, - гуфт боре ҳамсабақам Навиштамоҳ Саидалиева, ки дар шаҳри Кулоб зиндагӣ мекунад.
Пурсидам, ки дар хонаҳои баландошёна ҳезум чӣ лозим аст? Посух дод, ки барои алов карда, худрову аҳли оиларо аз сармо эмин доштан. Аз таҷҳизоти гармидиҳӣ ва дегхонаҳои шаҳр ному нишоне намондааст, барқ бошад, бо меъёр дода мешавад. Дар ҳақиқат, соли гузашта вақти аз назди биноҳои 5-9 ошёнаи шаҳр гузаштан медидем, ки дар қисме аз онҳо бухориҳои бобоӣ дуд мекарданд…
Имрӯз аз ҳафт дегхонаи шаҳр чорто боқӣ мондааст, вале ягонтоаш кор намекунад. Аз гуфтаи Талбак Носиров - сармуҳандиси Корхонаи фаръии давлатии истеҳсолии истифодаи манзилҳои (КФДИИМ) шаҳри Кӯлоб, аз чор дегхонаи боқимонда танҳо дегхонаи дар маҳаллаи Шерозӣ буда аз тарафи ТАСИФ охирҳои солҳои навадум пурра таъмир ёфта буд ва имкони истифодааш бештар аст. Барқарор намудани дигарҳояш хароҷоти зиёд талаб мекунад. Хатҳои гармидиҳӣ дар чор дегхонаи боқимонда барқарор аст ва онҳоро аз мазут ба ангиштсанг гузарондан имкон дорад. Дар шаҳр 5847 квартира мавҷуд аст, ки ҳама тариқи ҳафт дегхонаи шаҳр гарм карда мешуд ва имрӯз ин кор кулан тариқи печҳои бобоӣ ва барқӣ сурат мегирад.
Дар ноҳияи Восеъ низ, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят ва минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва мактабҳои типи наваш замоне тариқи дегхонаҳо гарм карда мешуданд, имрӯз аҳвол ҳамин аст. Аз чор дегхонаи калони ноҳия ягонтааш кор намекунад. Касе ҳам напурсидааст, ки нобуд кардани маркази гармидиҳӣ ва канда бурдани таҷҳизоти гармидиҳии биноҳои баландошёна ва мактабҳои типи нав ба кӣ лозим буд?
Дар замони шӯравӣ ҳам дегхонаҳо на бо барқ, балки бо мазут кор мекарданд. Имрӯз мазут камёбу гарон шудааст. Лекин имкон ҳаст, ки дегхонаҳо ва марказҳои гармидиҳии биноҳои баландошёна тариқи ангиштсанг гарм карда шаванд. Он дар худамон истеҳсол мешавад ва дастрас карданаш мушкилоте надорад. Ҳатто солҳо боз аз сабаби харидор надоштанаш дар мағозаҳо хоб аст. Оё ангишти ҳар сол аз ҳисоби буҷаи ноҳияҳо аз кони Шӯрообод харидорӣ ва захиракарда барои гарм намудани мактабҳо ва беморхонаҳои баландошёна истифода шавад, беҳтар нест? Ҳар сол ҳам соҳаи маориф ва ҳам соҳаи танудурстии ноҳияҳо ҳисобот медиҳанд, ки чӣ қадар ангишт ва ҳезум барои зимистонгузаронӣ захира кардаанд. Дар асл он ба таври лозим барои гармкунӣ истифода намешавад. Ва аз ҳама роҳи хубу пурманфиати ҳалли ин мушкил ҳамон аст, ки гуфтем.
Директори КВД «Кони ангишти Шӯрообод» Раҳматулло Одинаев мегӯяд, ки имсол барои бештар харидор ёфтан ангиштро 50% арзон кардаанд ва агар порсол як тонна ангишт дар анбори корхона 135 сомонӣ бошад, имсол 77 сомонӣ арзиш дорад. Ин боз як далели имконпазирии бо ангишт ба кор даровардани дегхонаҳои шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Дар ноҳияи Данғара, ки дар байни 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб бештар сохтмони биноҳои хуштарҳу замонавии баландошёна рафта истодааст, бо сардори КФДИИМ Фатҳиддин Раҷабов ҳамсӯҳбат шудем. Номбурда мегӯяд, ки дар ноҳия шаш дегхонаи гармидиҳӣ барои гармкунии биноҳои баландошёна мавҷуд буд, вале ду адади онҳо фурӯхта шудааст. Аз чор дегхонаи боқимонда ҳам танҳо якеаш дар Беморхонаи маркази ноҳия каму беш дар ҳолати истифода мондаасту халос. Хонаҳое, ки қаблан тариқи дегхонаҳо гарм карда мешуданд тӯли 20 соли охир бо печҳои бобоӣ ва барқӣ гарм карда мешаванд. Агар ба ин биноҳои баландошёнаи навбунёдро зам намоем, фаҳмидан душвор нест, ки ҳар сол барои гарм карданашон чӣ қадар барқ лозим мешавад!
Дар Ҳамадонӣ ва дигар ноҳияҳои минтақа низ вазъият ҳамин аст. Бино ба гуфти муовини раиси Ҳукумати Мӯъминобод Давлаталӣ Набиев ду дегхонаи дар ноҳия буда кайҳо аз истифода баромадаанд ва барқарор карданашон бе маблағи калон имкон надорад. Алҳол бошад, ҳатто биноҳои баландошёна бо печҳои бобоӣ гарм карда мешаванд.
Хулоса ҳамин аст, ки дар чунин вазъият ҳамагон бояд ба ангишт биёранду арзонтару дастрастар хонаҳову корхонаҳоро гарм кунанд.
Билоли Шамс