Бояд қайд намуд, ки қаблан ҳодисаҳои худкушӣ бештар аз тарафи занҳо сар мезаданд, аммо ҳоло баръакс, навбат ба мардҳо расидааст. Мавориди худкушӣ, ки дар давоми 8 моҳи соли равон сурат гирифтаанд, бино ба маълумоти расмӣ бештар дар шаҳру навоҳии Хуҷанд – 33 адад (14 нафар мард, 19 нафар зан), Бобоҷон Ғафуров -–43 адад (29 нафар мард,14 нафар зан), Истаравшан -–20 адад (10 нафар мард, 10 нафар зан), Конибодом – 20 адад (13 нафар мард, 7 нафар зан), ҳамчунин Ашт, Ғончӣ, Панҷакент ва дигар ҷойҳо сабт гардидаанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо ба истилоҳ муд шудааст, ки ҳар касе, ки бо мушкилие дар зиндагияш дучор мешавад, осонтарин ва беҳтарин роҳи наҷотро дар падидаи номатлуби худкушӣ мебинад. Ва онро роҳи халосӣ унвон мекунад.
Худкушӣ аз падидаҳои ногувор ва ғайриқобили пазириш барои ҳар ҷомеа, бавижа кишвари мост, ки дорои фарҳангу тамаддуни ғании исломӣ ва шарқӣ мебошад. Оини корсози ислом ва фарҳангу суннати шарқӣ дар ҳамаи марҳалаҳои зиндагӣ, чи дар шодӣ ва чи нохушнудӣ, роҳкушои инсон дар ҳалли масъалаҳои пешорӯст.
Аз нигоҳи аксар соҳибназарони умури иҷтимоии Суғд сабаби ба худкушӣ даст задани баъзе аз афрод, чи зану чи мард, дар ҳолати гирифтории сахт будан ва ё дар вартаи қарз афтидан аст. Коршиноси умури иҷтимоӣ Некварз Ҳошим Холзода бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон дар пайравии кишварҳои дорои фазои бединӣ талош мешавад сабаби мазкури худкуширо камранг ҷилва диҳанд. Ҳамин муносибат ва бархурд бо мушкили худкушист, ки решаву иллатҳои ин мушкил ношинохта боқӣ мондааст ва кори натиҷабахш дар самти аз байн бурдан ва ё ҳадди ақал коҳиши падидаи худкушӣ сурат намегирад.
Сабаби афзудани ҳодисаҳои худкушӣ чист? Ин суолест, ки посухашро аз коршиносони ин умур пурсон шудем.
Cоҳибназарон ва ҷомеашиносони Суғд иллати аслии даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро ба чунин гурӯҳҳо тақсимбандӣ намудаанд:
Муҳоҷират
Хушунати хонаводагӣ
Костагии таълиму тарбия дар хонавода
Бесаводӣ
Вазъи пасти иқтисодӣ
Аммо ба андешаи ҷомеашинос Шоҳмирзо Хӯҷаев, далели аслии ин ҳодисаҳои номатлуб дар дуруст ба роҳ намондани раванди таълиму тарбия дар хонаводаҳост, ки метавонад ба дигар омилҳо бубарад. Ба гуфтаи мавсуф, беаҳамиятии волидон ва сарварони оила мӯҷиби аслии чунин ҳодиса маҳсуб гашта, бекорӣ ва бенавоиро метавон аз дигар омилҳое бар ин маворид арзёбӣ намуд.
Худкуширо ҳама адён маҳкум мекунад ва намояндагони доираҳои мухталифи ҷомеа онро амали номатлуб меҳисобанд. Аз назари шариати дини мубини Ислом низ худкушӣ яке аз бузургтарин гуноҳони кабира мебошад. Домулло Наимҷон Самиев, раиси шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, амали худкуширо маҳкум намуд ва гуфт: ҳар касе, ки ба Худои якто имон дошта бошад, набояд ба ин неъмати худо, яъне ҳаёт ва рӯҳи худ хиёнат намояд.
Аммо ба гуфтаи як нафар сокини шаҳри Хуҷанд, ки худро Малоҳат муаррифӣ намуд, ҳеҷ кас худро бесабаб қурбон намекунад. Мавсуф мегӯяд, ки агар як мушкили аслии онҳо вазъи бади иқтисодӣ бошад, дигар мушкилашон нобаробарӣ дар оила, бекорӣ, зӯроварӣ ва ноустувории иродаҳост.
Ҷамшед Сабуров – узви коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд: худкушӣ ҷиноят маҳсуб намешавад, аммо дар сурати шахсро ба худкушӣ расондан, албатта, ҷинояти зидди ҳаёт ба шумор меравад, ки дар ин маврид дар моддаи 109 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, қисми як ва ду, ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муддати аз 3 то 5 ва аз 3 то 8 сол муқаррар шудааст.
Ба иддаои адвокат Сабуров ҳодисаҳои худкушӣ бештар дар миёни занҳо содир мегарданд, чунки ҳуқуқҳои онҳо аз тарафи волидон ва дигар шахсоне, ки аз онҳо вобастаанд, поймол мешаванд.
Бояд тамоми ҷомеа барои пешгирии ин ҳодисаҳои мудҳиш дастҷамъона тадбир биандешанд. Дар робита ба ин рӯзноманигор Ҷӯра Юсуфӣ чунин мешуморад, ки ВАО дар мавриди худкушӣ матолиби зиёд ба табъ мерасонад, аммо ин падида аслан коҳиш намеёбад, зеро сабабҳои иҷтимоиву иқтисодии худкушӣ хеле зиёданд. Ба пиндори мавсуф, дар бартараф кардани ин мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ танҳо ҳукумати кишвар метавонад бо тадбирҳои мушаххас нақши муассиртаре бибозад.
Фирдавси АЪЗАМ
шаҳри Хуҷанд