…Куруши Бузург нахустин шаҳрёри орёӣ буд, ки ҳамхунону ҳамнажодони худро аз канораи ҷаҳон берун овард ва дар маркази ҷаҳон қарор дод.
…давлати Ҳахоманишӣ муаззамтарину муқтадиртарин абарқудрати асрҳои V-III пеш аз милод буд ва ҳарфи аввалро дар сиёсат, иқтисод ва фарҳанги замон мегуфт.
…Афлотун, ки фалсафаи Ғарб яксар ё идомаву тақвият ва ё инкори афкори ӯст, Зардушти Сапитамон – паёмбари орёитаборро устоди худ хонда, ба бузургиву қидосати гуфтори ӯ сари таъзим фуруд овардааст.
…Эъломияи ҳуқуқи башар, ки онро аввалин бор дар таърих Куруши Бузург дар Бобил (Вавилон) ба мардум эълон кард, нахустин санади қонунӣ дар ин замина буд. Пас аз 2500 сол (соли 1947) Созмони Милали Муттаҳид ҳаммонанди онро пазируфт
…Муҳаммади Хоразмӣ илми ҷабр (алгебра) ва ҳандаса (геометрия), Абулвафои Бузаҷонӣ мусалласот (тригонометрия), Ҷобири Ҳайёни Тӯсӣ кимиёро асос гузоштанд.
Абӯрайҳони Берунӣ панҷсад сол пеш аз Коперник фарзияи куррашаклии Заминро баён дошт.
…дақиқтарин тақвими оламро Умари Хайём фароҳам сохт.
…Ҳафтсад сол осори нуҷумии Фарғонӣ ва тиббии Розию Сино китоби рӯимизии олимони Урупо буд.
…яке аз ҳафт мӯъҷизаи олам – муҷтамеи меъмории Тоҷмаҳал воқеъ дар Аграро устоҳои исфаҳонию самарқандӣ сохтаанд. Ҷавоҳирлаъли Неҳру – сиёсатмадори кабири асри XX онро «дили Эрон дар пайкари Ҳиндустон» хондааст.
Миллат аз нав ҷаҳонӣ мешавад
Бо истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус муҳоҷирати кории хориҷӣ марҳилаи ҷиддан ҷадиде дар таърихи миллат оғоз шуд. Рӯзномаҳои озод муҳоҷирати кории хориҷиро фоҷиаи миллӣ қаламдод мекунанд ва хостори баргардониши онон ба ватан ҳастанд. Назари бисёре аз қаламкашҳо роҷеи муҳоҷирати дохилӣ низ чунин аст. Вале мо мӯътақидем, ки ҳар ду бардошт аз бех ғалат бувад. Муҳоҷирати дохилӣ, ки аз солҳои сӣ то шасти асри XX дар ҷумҳурӣ ҷараён дошт, як таҳаввули созанда дар ҳаёти мардум ва ободии ватан буд ва кӯҳистониён бо бошиш дар дашту водиҳо бофти миллиро ба суди худ тағйир доданд. Муҳоҷирати корӣ як падидаи ҷаҳонист, ки бо шурӯъ аз оғози асри XX дар айёми мо вусъат ва умқи бештаре пайдо кардааст. Аҳолии кишварҳои ҷаҳони сеюм, ки аксар дар зери хатти фақр ба сар мебаранд, маҷбуранд, ки барои ёфтани музди беҳтар бо кӯчбандии мавсимӣ ё доимӣ ба кишварҳои пешрафта нерӯи кории худро бифурӯшанд ва ба рифоҳу осоиши нисбӣ даст биёбанд. Як бахши умдаи хазинаи ағлаби давлатҳои фақир дар айёми мо бо сармояи муҳоҷирон пур мешавад. Тибқи омори расмӣ, алъон беш аз 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро сармояи муҳоҷирон ташкил медиҳад. Якумин ҷаҳиш дар тамаддуни моддии мо дар замони шӯравӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Бо муҳоҷирати хориҷӣ ҷаҳиши дувуме дар тамаддуни мо оғоз ёфтааст: чеҳраи тамоми рустову шаҳракҳо ба сӯйи зебоиву дилгушоӣ тағйир хӯрда, хонаҳо бисёрошёна шуда ва дар канори бисёре аз манзилҳо сабукраве истода. Агар саропои асри XXI амният ва суботи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон барқарор монад, мо шоҳиди гардиши куллие дар ҳаёти моддиву маънавии тоҷикон хоҳем буд, ки зуҳури нобиғаҳое дар тамоми заминаҳо Растохези фарҳангиро ба дунбол хоҳад дошт ва мо шоҳиди онем, ки ин сон бузургпадида дар асрҳои X-XV дар Эрони Бузург сурат гирифта буд.
Акнун мо бояд сари моҳияту ҳикмати ду ҳақиқати таърихӣ тафаккуру тадабур кунем. Якум, ҳеҷ миллате ба қудрат, азамат ва сиёдат нахоҳад расид,то омодаи азхудгузаштагӣ ва қурбонӣ набошад. Оё муҳоҷирати дохилӣ бе ранҷу азоб анҷом гирифт? Даҳҳо ҳазор кас нобуд шуд, то ин ки мардум дубора дар водиву даманҳо сукунат ёбанд. Дуюм, ҳеҷ миллате то соҳиби сармояҳои моддии бузург набошад, соҳиби сармояҳои маънавии бузург нахоҳад шуд. Бузурге фармудааст: «Агар фақр аз дар дарояд, куфр аз дарича хоҳад даромад». Ин фақри моддист, ки миллатро дар фақри маънавӣ гирифтор мекунад. Ин фақри моддист, ки садҳо миллион нафарро аз сарзаминҳои модариашон ба диёрҳои бегона сарозер месозад.
Пас муҳоҷирати кории хориҷӣ чӣ паёмадҳое барои миллати тоҷик ба дунбол хоҳад дошт? Якум, ба суботи сиёсию иқтисодӣ ва ободонию шукуфоии Тоҷикистон хеле мусоидат хоҳад кард. Дуюм, азбаски муҳоҷират саропои асри XXI идома хоҳад ёфт, ҳудудан дар нимаи дуюми асри равон ниме аз тоҷикон дар кишварҳои Русия, Қазоқистон, Украина, Белорусия ва Балтистон (кишварҳои қаронаи Балтик) зиндагиву кор хоҳанд кард ва ба ин дарё сели муҳоҷирон аз ҷаҳони эронӣ хоҳад пайваст ва дар интиҳои аср дар ин минтақаи АвруОсиё шумори эшон ба марзи сад миллион хоҳад расид. Бад-ин минвол Орёистони наве андаруни ин сарзаминҳо ба вуҷуд хоҳад омад ва забони орёӣ (форсӣ) ва фарҳанги эронӣ ҳавзаҳои нави густаришу шукуфиш пайдо хоҳад кард.
Ҳамин тавр, бо муҳоҷират миллати тоҷик аз нав ҷаҳонӣ, ҷаҳонандеш, ҷаҳонбин ва ҷаҳонгир хоҳад шуд, аз нав дар маркази ҷаҳон қарор хоҳад гирифт, аз нав парчамдории тамаддуни башариро ба даст хоҳад гирифт, сухани аввалро дар сиёсат, илм, иқтисод, фановарӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ хоҳад гуфт.
А. ТОҲИРЗОДА