Ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон дорои 32 172 нафар аҳолӣ буда, аз зумраи ноҳияҳои навтаъсис мебошад, ки заминҳои кораму захираҳои табиияш пурра мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Ин сарзамин як пораи Бешаи Палангони овозадор ба ҳисоб рафта, дар гузашта аз ҷангалу найистон ва кӯлобҳои бузург иборат буд. Баъди азхудкунии заминҳои минтақа бо номи Бешкент маъруф шуд. Ноҳия баъдан номи Носири Хусравро гирифт ва баҳри ба танзим даровардани вазъи демографӣ мардуми минтақаҳои гуногуни кишварро ба ин ҷо муҳоҷир карданд.
Аммо, бинобар мушкилиҳои ба худ хоси ноҳия, на ҳар ҷавонмард тобу тоқати дар ин диёр кору зиндагӣ карданро доштааст. Аммо суханони зерини Президенти кишвар, ки зимни вохӯриаш бо фаъолони минтақа дар ноҳияи Шаҳритӯс гуфт, ба мардум рӯҳу нерӯи тоза бахшид: «Дар баробари пайдо шудани имкониятҳои молию иқтисодӣ мо бо дастгирии шумо, мардуми банангу номуси ноҳияи Носири Хусрав, ин гӯшаи диёри азизамонро обод мекунем. Рӯзе мерасад, ки мардумони дигар минтақаҳо орзуи онро мекунанд, ки дар ноҳияи зебои Носири Хусрав кору зиндагӣ кунанд».
Аз ин баъд фирорҳои пинҳонию ошкорои оилаҳои муҳоҷир коҳиш ёфт. Вале нарасидани кадрҳо дар соҳаҳои гуногун ҳанӯз эҳсос мешавад. Бинобар мушкилоти рӯзгор даҳҳо нафар ҷавонмардони ноҳия тарки касби омӯзгорӣ карда, ба дигар шаҳрҳо ба кор рафтаанд ва имрӯз бори вазнини таълиму тарбия бештар бар дӯши бонувон аст. Аз 530 нафар омӯзгорони мактабҳои ноҳия 405 нафарашон бонувон мебошанд.
Гарчанде ҳалли бештар аз мушкилиҳои иҷтимоии мардуми ноҳия вақт мехоҳанд, ҳастанд масъалаҳое, ки барои ҳаллу фаслашон аз ҳозир бояд тадбирҳо андешид. Зеро мардумони ин гӯшаи дурдасти Ватан низ хоҳони зиндагии шоистаанд.
Розия Нурова –омӯзгори забони модарии мактаби таҳсилоти ҳамагонии ҷамоати шаҳраки «Фирӯза»: «Баъди ҷудоӣ аз шавҳар бо як писар дар кӯча мондаму чанде дар зодгоҳамон – ноҳияи Айнӣ дар манзили бародаронам зиндагӣ кардам. Шунидам, ки дар ноҳияи Носири Хусрав оилаҳои муҳоҷирро қабул карда, барои бунёди манзил замин медодаанд. Бо якчанд оила ба ин ҷо омадем ва инак, дар замини наздиҳавлигии худам манзили истиқоматӣ сохта истодаам. Маро бехонагӣ ба ин диёр оварду шукри Худованд, ки ба муродам расидам. Ман соҳиби хона мешавам! Барои модаре, ки фарзанди ятим дорад, соҳиби хонаи худ шудан беҳтарин хушбахтист. Мардуми ин ҷо як хусусияти ба худ хос доранд – ҳамагон дар такопӯи ободонианд. Ин ҷо мардум ба қавму миллатҳо ҷудо нестанд, ҳамагӣ бо як маром ба ин сарзамин омадаанд. Медонед, муҳит филмҳои куҳнаро ба ёд меорад, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, ба ободонии диёр камари ҳиммат баста буданд. Аслан зиндагӣ дар ин диёр барои ман як имтиҳон аст, имтиҳони зиндагӣ. Агар маоши омӯзгориамро сари вақт диҳанд, дигар масъалаҳо бо мурури замон ҳалли худро биёбанд, боварии комил дорам, ки мо ин сарзаминро зеботарин гӯшаи диёр мекунем».
Фарида Саидшамсова – омӯзгори ҷавон, баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ барои кору зисти доимӣ ба ноҳия омадааст. Аз касби интихобкардааш пушаймон нашуда бошад ҳам, дар оянда дар ин ҷо монданашро аз эҳтимол дур медонад. Зеро дар ноҳия баҳри ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон воситаҳои фарҳангие мавҷуд нест. Ба гуфтаи Фарида, ҳатто дар маркази ноҳия лоаққал боғи фарҳангиро обод накардаанд, ки ҷавонон лаҳзаҳои фориғ аз кору таълим дар он ҷо гаштугузор кунанд. Китобхонаи марказии ноҳия ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Ҷавонон ҳамеша ба иттилооту фарҳанг ниёз доранд ва бояд воситае бошад, ки пайваста маънавиёти ҷавононро ғанӣ гардонад.
– Ман, – мегӯяд Фарида, – боду ҳавои ин ҷоро дӯст медорам. Муҳити осоишта, мардуми орому мактабу ҳамкорон ва шогирдонро меписандам. Аммо дар ин сукути фарҳангӣ зистан бисёр мушкил аст
Ба гуфти Сабоҳат Хайруллоева – директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №12 мушкилоти иҷтимоӣ дар навбати аввал сафи мардонро дар соҳаи маориф коҳиш дод. Дар мактаби №12 имрӯз 39 нафар омӯзгорон машғули кори таълиму тарбияанд, ки 29 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Мо, бонувони ноҳия, бо оддитарин шароити маданӣ–маишӣ таъмин нестем. Вақте ки айёми таътил мерасад, бинобар сари вақт гирифта натавонистани рухсатипулӣ ба истироҳат рафта наметавонем. Дар деҳаи мо як боғчаи бачагона зарур аст, зеро бонувони омӯзгор то дер ба кор баромада наметавонанд. Ин мушкили бисёр ҷиддист. Нуфузи аҳолии ноҳия сол то сол зиёд мешавад, бояд соҳаҳои фарҳангу маориф, саноату матлубот инкишоф ёбанд. Имрӯз як бонуи деҳаи дурдасти ноҳия маҳсули замини худро бурда дар Шаҳритус мефурӯшад. Дар ноҳия бояд дӯконҳои хурди истеҳсолу фурӯш таъсис дода шаванд, ки ҳам ин мушкилро ҳал кунанду ҳам духтаронро бо ҷойи кор таъмин. Бояд дар назди мактабҳо лоақал дукони нонфурӯшие бошад, зеро рӯзҳое мешавад, ки барои пухтани нон дар хона фурсат намеёбем.
Аз сӯҳбат бо дигар омӯзгорони мактабҳои ноҳия маълум гардид, ки то 25 октябр маоши моҳи сентябрро нагирифтаанд. Дар баъзе мактабҳои деҳот омӯзгорон ҳатто аз музди рухсатии меҳнатии моҳи август то ҳол бенасибанд. Аз мусоҳибони мо танҳо Манзура Қулматова – директори мактаби №1 иброз дошт, ки дар шаҳрак мушкили ба таъхир афтодани музди меҳнати омӯзгорон вуҷуд надорад.
Аҳад Ғуломқодиров – сардори шӯъбаи буҷети шӯъбаи молияи ноҳия мегӯяд, ки музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ, ба хусус маориф то 1-уми октябр пурра пардохта шудааст. Ба гуфтаи Чорӣ Дурманов –мудири шӯъбаи маориф, имрӯз дар ноҳия мактабе нест, ки музди маоши моҳи сентябрро нагирифта бошад. Аммо баъди баёни далелҳо гуфт, ки музди меҳнати қисме аз омӯзгоронро барои пардохти андози хоҷагиҳои деҳқонии оилавиашон ихтисор кардаанд…
Баъзе бонувони омӯзгор, ки нахостанд номашон ифшо шавад, мегӯянд, ки барои иҷро шудани нақшаи андоз музди маоши омӯзгории онҳоро барои пардохти андози ин ё он хоҷагӣ мегардонанд. Мудири шӯъбаи андози ноҳия, ки замоне ба фиреби як гурӯҳи ба ном «рӯзноманигорон» афтода будааст, баъди тамошои ҳуҷҷати расмии мо кӯтоҳ гуфт: «Бо ризоияти баъзе аз омӯзгорон музди меҳнаташон барои пардохти андози хоҷагиҳои деҳқонии оилаи онҳо ё хоҷагиҳои хешу таборашон ихтисор карда шудааст. Масалан, хоҷагидоре аз ин ё он омӯзгор хоҳиш мекунад, ки музди маоши якчандмоҳаашро барои пардохти андози хоҷагии мазкур бибахшад. Баъди гирифтани ҳосил хоҷагидор албатта пули ӯро бармегардонад».
Аҷоиб, дар дигар навоҳии кишвар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои саҳмиядорони худ мактаб месозанду давоми сол синфхонаҳоро таъмир мекунанд, ҳатто аз ҳисоби даромадашон барои омӯзгорон ҳавасмандпулӣ таъин кардаанд, дар ноҳияи Носири Хусрав бошад, кишоварзон барои пардохти андози хоҷагиҳо дасти тамаъ ба кисаи омӯзгорон мезананд?
Мутаассифона, ин гуна муносибат бо кормандони соҳаи буҷавӣ дар ноҳияе руй медиҳад, ки дар соҳаи маориф мушкили кадр дорад.
Бо ҳама мушкилоти мавҷуда дар соҳаи маориф пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Иштироки фаъоли хонандагони мактабҳои ноҳия дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ шаҳодати ин аст.
Вале аз як мушкили дигар, ки аз ҷумла омӯзгорон зикр карданд, ёд наоварда наметавонем. Он дурии маркази маъмурии ноҳия аз ҷамоатҳост. Дарвоқеъ, онро дар ҷамоати деҳоте интихоб кардаанд, ки аз дигар ҷамоатҳо хеле дур воқеъ аст. Мантиқан маркази маъмурӣ бояд дар ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ё Комсомол интихоб мешуд, зеро дар ин ҷойҳо теъдоди зиёди аҳолӣ зиндагӣ дорад ва ин ду ҷамоат дар масофаи наздик ба ҳам ҷойгиранд.
Аслибӣ Дембегиева – муовини раиси ноҳия иброз дошт, ки бонувони фаъол бо ирсоли як муроҷиатнома ба бонувони кордони кишвар хоҳиш карданианд, ки дар ободонии ин гӯшаи дурдасти Ватан саҳм бигузоранд. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти ичроияи хокимияти давлатии ноҳия Зарафшон Ғуломова чунин мехисобад, ки ноҳияи Носири Хусрав бояд ба майдони имтиҳони кадрҳои соҳаҳои гуногун табдил биёбад. Хуб мешуд, ки кадрҳои соҳаҳои гуногун барои кор дар як мӯҳлати муайян ба ноҳия фиристода бишаванд, зеро дар ҷое, ки мушкилоти иҷтимоӣ зиёд аст, кадрҳои боору номус заҳмат мекашанд ва дар баробари мубориза баҳри ҳалли мушкилиҳо обутоб низ меёбанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ноҳия 14 нафар бонувон фаъолият мекунанд, ки рақами қонеъкунанда нест.
Беш аз нисфи аҳолии ноҳияро ҷинси латиф ташкил медиҳад ва онҳо ҳақ доранд, ки дар мақомоти гуногун намояндаҳои арзандаи бештар дошта бошанд. Сарвари бонувони ноҳия бо боварӣ мегӯяд, ки бонувон дар роҳи рафъи мушкилоти иҷтимоӣ иродаи қавӣ доранд. Аммо ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа бидуни дастгирии кулли фарзандони баору номуси кишвар имконнопазир аст.
Ҷ. Сайфиддинов