Борис Елтсин, собиқ раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни яке аз сухангӯиҳояш таъкид намуда буд: «Мо имрӯз ба демократия расидаем. Ҳар кас вобаста ба зарфияташ бардошт мекунад».
Ва мо ҳам имрӯз аз озодиямон ҳар гуна бардошт мекунем: нафаре бидуни ҳамоҳангӣ бо меъмории шаҳр хона месозаду дигаре дар хиёбон нос туф мекунад, ҷавоне сақат мегӯяду дигарон хомӯш менишинанд, ронандаи масири шаҳрие ба ҷойи 10 нафар 30 касро рӯбарӯ савор мекунаду дигарон «таҳаммул» пеша менамоянд. Шаҳрванде кушиш мекунад сарашро аз ҷойи нарми шахси дигар дур сохта нафас гирад, аммо барои ҳимояи ҳуқуқи худ ба ронандаи машрутка чизе намегӯяд.Аҷиб аст ва ҳар нафари мо аз худ суол мекуем, ки чаро дар муқоиса ба замони начандон дур, яъне шӯравӣ ин қадар тағйир ёфтаем. Мутаассифона, ин тағйир манфӣ аст.
Дар аксар мошинҳои мусофиркаши ба ном «Газель» курсиҳои нишаст он қадар касифу ифлосанд, ки одами каме соҳибмаърифат аз нишастан дар он ор мекунад. Илова бар ин, ҷавони ба истилоҳ «пулчинак» дар истгоҳ дари онро бо пой боз намуда, бо садои баланд мусофиронро ба нишастан даъват мекунад. Маъмулан бояд ин мошинҳо тибқи масири муайяншуда ҳаракат намуда, дар истгоҳҳо манъ кунанд, аммо ин амал танҳо дар кишварҳои мутаммадин анҷом мешавад.
Дар баъзе чорроҳаҳо бошад, ронанда мошинро нигоҳ дошта, мунтазир мешавад, то одамони аз самти дигар омада, онро гузаранд ва баъд мепурсад, ки оё савор мешаванд? Беҳурматӣ ва нақзи ҳуқуқи мусофирони дар мошинбуда, на ронандаро ташвиш медиҳаду на шаҳрвандонро ба ҳайрат меорад. Гӯиё ин як амали қонунист! Ба мусиқиро баланд мондани ронанда ҳам одат кардаему ба хӯрокҳои сеопиёзхӯрии мусофирон ҳам.
Рӯзе зане дар паҳлӯям нишасту аз сумкааш самбӯса бароварда, ба хӯрдан шурӯъ кард. Бӯйи он дар лаҳзае солунро пахш кард. Ба ӯ гуфтам: «Хола, намешавад, ки баъд аз фаромадан аз мошин самбӯса бихӯрӣ?». Зан бо тааҷҷуб ба ман нигариста гуфт: «Фарқаш чӣ писарам?». Посух додам, ки бӯйи бад дорад. Зан бо қадре хашм сӯям нигариста, рӯяшро тарафи тиреза карду ба хӯрдан идома дод.
Солуни мошини мусофирбар аҷиб саҳнаеро мемонад. Нафаре бо телефонии мобилиаш баланд – баланд гап мезанаду дигаре семичка мехӯрад, ронанда садои мусиқиро баландтар мекунаду мусофире бо овози баландтар садо мекунад, ки мошинро нигоҳ дорад, дузде пул медуздаду дигарон ин корро дида, чашм мепӯшанд. Ронанда ба ҷойи 7 мусофир 15 нафарро савор мекунаду корманди БДА аз байни ҳуҷҷатҳои ӯ пулро гирифта, қонуншиканиро нодида мегирад. Мусофир пули курсиро пардохт менамояду ронанда ду нафари дигарро ҳам бо ӯ дар як ҷо мешинонад. «Хомӯшӣ ва сабр пеша карданамон» он қадар ронандаҳо ва кормандони БДА – ро «аз худ равондааст», ки ҳар коре хоҳанд мекунанд. Хатто мусофирро миннат мекунанд, Ки аз ҳад зиёд ҳуқуқдону маданӣ бошӣ ба таксӣ савор шав. Ронандаҳои мусофиркаш бо салоҳдиди худ як масирро ба се қисмат пора мекунанду масъулони хатсайрҳо ва кормандони БДА инро нодида мегиранд. Дар нитиҷа, имрӯз дар як масир мусофир ба ҷойи як, се сомонӣ пардохт мекунад ва ин гӯиё ба ҳукми як қонуни нонавишта даромадааст.
Суоли матраҳ ин аст, ки ин «тамаддун» - ро мо аз куҷо омӯхтаему хомӯшӣ дар қиболи қонуншиканиҳо магар таҳаммулпазирист? Чаро аз тамаддуни ниёкон ҳарф мезанему амаламон хилофи он аст? Чаро модарон барои дидани сериолҳо вақт меёбанду барои тарбияи фарзандон не? Ва ниҳоятан чаро меҳмонони пойтахт алайҳи ин дарҳамбарҳамиҳо садо баланд мекунанду мо мардуми бумӣ не? Ва умуман кӣ аз ҳуқуқҳои мо дар нақлиёти шаҳрӣ ба ҳайси мизоҷ (потребитель) бояд дифоъ кунад?
Ф. Сабзқадам