Ба мисли ҳазорон духтарони деҳотӣ фориғ аз гардишҳои пешомади ҳаёт ва пайроҳаи тақдир, дар дил орзу мепарварид, ки хонда, табиби кӯдакон шавад. Аммо овони дар синфи 7-ум хонданаш, дар кишвар нооромиҳои сиёсӣ сар заданду мушкилиҳои баъдиҷангӣ ба раванди донишандӯзии хонандагон бетаъсир намонд.
Зодмандон яке аз пешаи кафшергариву дигаре бо заҳмати фаррошӣ рӯзгори оиларо пеш бурда, кӯдакони худро бо меҳнати ҳалол ба воя мерасонданд, таълими илму дар руҳияи касбу ҳунаромӯзӣ тарбия намудани онҳоро азалӣ дониста, ба фарзандон насиҳат мекарданд: «Бихонед, ҷигарбандонам, бихонед!».
Дилафрӯз духтари ҳушманду хушсалиқаи деҳа, миёни ҳамсолон пешоҳанг буд, аз суҳбату андарзҳои ангезадори бузургони дудмони падарӣ илҳоми тоза гирифта, мекӯшид фаротар аз фанҳои дарсӣ илму забонҳои гуногуни хориҷиро ҳам аз бар намояд. Завқу ҳаваси беандоза ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва азму иродаи устуворашро дар ҷодаи ҳунарандӯзӣ дида, зодмандон дар интихоби роҳу равиши зиндагӣ ва афкору тасмимгириҳои тақдирсозаш ихтиёри духтарро ба худи ӯ супурданд.
Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён дохил шуда, ҳамзамон, ба ҳайси раиси созмони хонандагони МТМУ №3-и зодгоҳаш ба фаъолият пардохт. Шояд заҳматҳои бесобиқаи устоди мактабиаш Муҳаммад Маҳмадалиев дар таълими дарси забон ва адабиёт буд, ки дар интихоби касб пайроҳаи варо интихоб намуда, таҳсилоти олиро дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома бахшид. Ҳолиё, ноздонаи падар номовари зодгоҳу устодони мактабӣ асту чун омӯзгори обруманд симои маорифро дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва созмону конфронсҳои фаротар аз он намояндагӣ мекунад.
- Фатҳи нахустин қуллаи орзуҳоям ба соли 1998 рост меояд, ки дар МТМУ №48-и ноҳия аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфтам, - хаёлангез қисса оғоз кард Дилафрӯз Шарифова. - Аз аввалин лаҳзаҳои фаъолияти омӯзгорӣ ҳар гоҳи вориди синфхона шудан, чеҳраҳои барҷастаи муаллимони даврони мактабхонӣ пеши назар меоянд, ки бо як руҳияи ҷаззобу эҳсосоти ногуфтанӣ машғулиятҳоро он гуна шавқовар мегузаронданд, ки мо - хонандагон то интиҳои дарс ҳушу гӯши худро аз нигоҳу гуфтори омӯзгорони асил канда наметавонистем.
Қатъи назар аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ мо, омӯзгорони ҷавон, дар пайравӣ аз устодони собитқадами мактаб ба касби интихобнамуда ва адои рисолати ба зимма доштаамон содиқу устувор будем. Омили дигари меҳру муҳаббати мардум ба мактабу маориф шояд таъсири тарбияву тафаккури даврони пеш аз ҳодисаҳои шаҳрвандӣ буд, ки бидуни ҳамкориҳои муштараки мактабу оила ва фаъолияти Шурои падару модарон ҳам, давомоти хонандагон ба дарсҳо хуб буд. Он замон дар кӯчаҳо кӯдакону наврасони аз назорати оила дар канор монда мушоҳида намешуд. Давоми таҳсил хонанда ба ҷуз андешаи донишандӯзӣ, шавқу талоши иштирок дар маҳфилҳои адабиву ҳунарӣ ва орзуву ҳаваси идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ мароми дигар надошт. Ин буд, ки сарфи назар аз шароитҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ омӯзгор бо тайёрии пухта ба дарс меомад, машғулиятҳои таълимӣ шавқовар буду фаъолнокии хонандагон дар корҳои беруназмактабӣ бозгӯи нақши муассири мактаб дар таълиму тарбия ва ташаккули зеҳниву ояндабинии насли наврас буд.
Тули 20 соли омӯзгорӣ Дилафрӯз Шарифова дар рушди забони давлатӣ дар маҳаллаҳои сокинонаш гуногунмиллат ва омӯзишу роҳнамоии фарзандони онҳо ба мутолиаи ашъори адибони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 2018 роҳбари МТМУ №48-и ноҳияи Қубодиёнро ба зимма дошта, ин муддат аз лиҳози давомоти хонандагон ва дигар нишондодҳо муассисаи мазкур дар радифи беҳтарин таълимгоҳҳои навоҳии вилояти Хатлон эътироф шудааст. Тавре омӯзгорон иқрор меоянд, то ба ин вазифа таъин шудани Дилафрӯз Шарифова дар ин мактаб гирандагони стипендияҳои президентӣ ё идрорпулиҳои раиси вилоят набуданд. Ғолибият дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ он сӯ истад, то кунун ягон дастпарвари ин муассиса ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил нашуда буд. Ҳол он ки дар деҳа норасоии табибони соҳибтахассус баръало мушоҳида мешуд.
- Хушбахтона, солҳои охир дар муассисаҳои таълимии деҳоти ноҳия ҳамон муҳити руҳнавози донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои муқаддас ҳукмфармо буда, насли наврас дар фазои сулҳу ваҳдатгароӣ, ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол таълиму тарбия ёфта истодаанд, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Дилафрӯз Шарифова.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН
ноҳияи Қубодиён