Дар шаҳри Хуҷанд ин мулоқотро бо шавқ интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят, нимаи аввали моҳи июни соли равон гурӯҳи бонувони соҳибкор аз кишвари ҳамсоя – аз Ӯзбекистони дӯст ташриф оварданду бонувони тоҷик ононро ба қавли устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода «гарм дар оғӯш гирифтанд». Дидору гуфтугузор, маслиҳату машваратҳо, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) муштаракан бо Ассотсиатсияи занони соҳибкори Ӯзбекистон (АЗСӮ) ду рӯз идома ёфтанд, судманд буданд.
- Сафари расмии анҷомдодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон (2–3 июни 2022) ва гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии байни ду ҷумҳурӣ такони тоза бахшид. Ҷонибҳо 15 ҳуҷҷати ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ба имзо расонданд, ки муҳимтаринаш «Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад. Бинобар ин, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо ва татбиқи қарорҳои сарварони ду давлат дар сатҳи ташкилотҳои ҷамъиятӣ қарор додем, ки мулоқоти бонувони соҳибкори вилоятҳои Суғд ва Тошкандро баргузор кунем. Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи занони соҳибкори Ӯзбекистон робитаҳои дӯстонаи беш аз 20-сола дорад. Мо чандин лоиҳаҳои муштаркро оид ба мустаҳкам кардани мақоми зан дар оила ва ҷомеа, баланд бардоштани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои бонувон, умуман рушди соҳибкории бонувон амалӣ намудем, - гуфт роҳбари АМЗСТ Гулбаҳор Маҳкамова.
Раиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ меҳмононро ба Тирози ҷаҳон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ривоҷи соҳибкории бонувон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ҳар сол лоиҳаҳои пешниҳодии бонувони ҳунарманд баррасӣ мешаванд ва беҳтаринҳо соҳиби грантҳо мегарданд. Аз ҷумла, МИҲД-и шаҳри Хуҷанд соле ба 40 нафар бонуи соҳибкор 160 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад. Ӯ изҳори хурсандӣ намуд, ки дар асоси дастури роҳбарони олии ҳарду мамлакати дӯст ва бародар минбаъд барои ҳамкории бонувони соҳибкор ҳам имкониятҳо бештар мешаванд.
Ҳадафи аслии даъват кардани бонувони муваффақи кишвари ҳамсоя омӯзондани маҳорати касбии соҳибкорӣ ба бонувони ҷавони тоҷик буд, ки дар лоиҳаи стартапҳои занон ва ҷавонон ширкат доранд. Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон моҳи марти соли равон акселератори бизнес барои ҷавонон ва занонро дар Хуҷанд оғоз бахшид. Лоиҳа бо дастгирии молиявии USAID татбиқ мешавад. Бизнес-акселератори мазкур беш аз 100 резидент дорад, ки дар машғулиятҳо ширкат меварзанд ва барои амалӣ шудани идеяҳои бизнесашон дастгирӣ меёбанд. Соҳибкорбонувони муваффақ аз Ӯзбекистон ба стартаперҳо аз таҷрибаи худ ҳикоят карда, маслиҳатҳои корӣ ва дарси маҳорат доданд.
Воқеан, меҳмонон - бонувони соҳибкори ӯзбекистонӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои таълимӣ ва тиббӣ дар вилоятҳои Тошканд ва Сурхондарё бизнесҳои ком¬ёб доштаанд ва таҷрибаи худро бо камоли шавқ ба хоҳишмандон омӯзонданд.
Масалан, Римма Собирҷонова то 40-солагияш рӯзноманигори маъруф, соҳиби ҷоизаи «Олтин қалам»-и Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон будааст. Баъд тасмим гирифтааст, ки худро дар бизнес бисанҷад. Азбаски ҳунари тарроҳию дӯзандагӣ доштааст, бо қарз се мошини дарздӯзӣ харида, ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва муосир сар кардааст. Аввалин фармоишгаронаш ҳамкасбон, ёру дӯстонаш будаанд. Дар натиҷаи омӯзиши талаботи мизоҷон ва татбиқи технологияҳои навин, инчунин тарғиби маҳсулот дар муддати кӯтоҳ комёб шудааст. Ҳоло дар арт-ателйеи SabiRi (Собирӣ)-и ӯ дар Тошканд ҳатто ба дӯхтани курткаҳои чармини мардона сар кардаанду ба бозори ҷаҳонӣ ворид шудаанд. Римма Собирҷонова узви Ассотсиатсияи ҳунармандони Ӯзбекистон «Ҳунарманд», Ассотсиатсияи занони соҳибкори Ӯзбекистон ва намояндаи Бизнес-алянси умумиҷаҳонии занони русзабон дар Ӯзбекистон аст. Аз омӯзиш хаста намешавад: соли 2019 соҳиби сертификати Лабораторияи муди Вячеслав Зайтсев (Москва) гардид. Ӯ дар суҳбат бо бонувони ҷавони тоҷик, ки соҳиби бизнеси худ шуданӣ ҳастанд, чунин маслиҳат дод:
-Хоҳиши мизоҷро ҳеҷ вақт рад накунед. Аз пайи тахайюлоти худ равед. Ба орзуҳои худ бовар кунед.
Марям Ниёзова директори генералии ширкати хусусии «Кумуш тола» оид ба коркарди пилла ва истеҳсоли риштаи абрешим буда, дар корхонааш 150 нафар доимӣ ва 3000 нафар мавсимӣ кор мекунанд. Ӯ зимни суҳбат ба хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» гуфт:
- Роҳбарони хирадманди кишварҳоямон барои мустаҳкам кардани дӯстиву бародарӣ ва ҳамзамон васеъ кардани доираҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамаи шароиту имкониятҳоро фароҳам оварданд. Вақти амали соҳибкорон аст. Чанде пеш дар Самарқанд бо намояндагони корхонаи машҳури «Хуҷандатлас» шинос шудем ва бовар дорам, ки дар оянда ҳамкориҳои хубе хоҳем дошт.
Бонувони кишвари ҳамсоя ба бизнесҳои муосир бештар рӯ меовардаанд. Масалан, Мадина Билолова муассис ва директори КМ «Bilalova C GROUP» барои бизнеси хурду миёна кулли хизматҳои консалтингиро пешниҳод мекунад ва хеле маъруф шудааст. Пештар омӯзгор, сармуҳаррири маҷаллаи маъруфи илмию методӣ буд, унвони Аълочии маорифи Ӯзбекистон дорад. Надежда Ли пештар тарҷумони байналмилалии давлатӣ буд. 15 сол пеш ҳаммуассиси ширкате гардид, ки барои пешбурди бизнеси даставӣ машғул аст. Ба 200 нафар бонуи соҳибкор ба тариқи инфиродӣ кор омӯзондааст, ки ҳама комёб гаштаанд. Маҳина Заполская дар соҳаи амволи ғайриманқул ширкати муваффақе дорад. Асолат Юлдошева духтури касбӣ буда, муассиси чандин марказҳои саломатии хусусӣ аст. Нигора Валихонова сарвари ду ҶСК - ширкатҳои нақлиётиро дар вилояти Сурхондарё ба уҳда дорад. Ширкатҳояш беш аз 100 нақлиёти мусофирбар доранд. Бисёр мехоҳад ширкатҳояш ба сокинони кишвари Тоҷикистони ҳамсоя хизмат расонанд.
Ҳадафи дигари мулоқот тақвияти ҳамкороиҳои анҷуманҳои бонувони соҳибкори ду кишвар буд, ки то андозае ба он ҳам ноил шуданд, зеро тасмим гирифта шуд, ки ҳамкориҳо дар партави густариши муносибатҳои сатҳи баланди кишварҳо метавонанд ва бояд қавитар гарданд ва занони соҳибкори кишварҳо бо ҳамдигар бештар ошноӣ ва ҳамкорӣ кунанд. Роҳбарони ҳар ду ташкилот – АМЗСТ ва АЗСӮ Гулбаҳор Маҳкамова ва Гулнора Маҳмудова – ният доранд, ки ҳамкориҳоро вусъат бахшанд ва чанд ташаббус ва лоиҳаҳои муштаракро дар самти рушди соҳибкории бонувон дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кунанд.
Тавре Гулбаҳор Маҳкамова гуфт:
-Занони соҳибкори тоҷику ӯзбек чандин маротиба барои таҳкими робитаҳои корӣ ва тиҷоратӣ сафарҳои муштарак доштанд. Мо дар гузашта муштаракан анҷуман ва конференсияҳо оид ба рушди бизнес доштем, ки дар рафти онҳо мубодилаи таҷриба кардем. Зикр намудан ҷоиз аст, ки ҳоло барои рушди бизнеси занон шароити мусоид фароҳам карда мешавад. Ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро 16 марти соли равон дар Маҷлиси шурои инвеститсионӣ Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҳияи Барномаи миллии рушди соҳибкории занон супориш доданд. Ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки масъалаи баланд бардоштани фаъолияти иқтисодии занони кишвар барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд