Ипотека – ба гарав мондани амволи ғайриманқулест, ки дар асоси муқаррароти қонун аз қайди давлатӣ гузаштааст.
– Мақсад аз пешниҳоди қарзи ипотекӣ беҳсозии шароити манзилист, на гардиши даромадҳои бонкӣ, – гуфт Хуршед Шамсиев, сардори шӯъбаи дирексияи бонкдории чаканаи ҶСШК «Агроинвестбонк». – Ин қарз дар ду намуд ба аҳолӣ пешниҳод мегардад: хариди хонаҳои тайёр ва хонаҳое, ки сохта мешаванд.
Ипотека ва қарзи ипотекӣ дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, хеле ривоҷ ёфтааст. Коғазҳои қиматноки ипотекии Амрикоро сармоядорони Хитой, Япония, Бразилия ва дигарон мехаранд, зеро эътимод доранд, ки нархи амволи ғайриманқул, бахусус манзил, мунтазам боло меравад ва мусаллам аст, ки чун нархи манзил боло равад, даромади онҳо низ меафзояд.
Аммо коршиносон яке аз омилҳои сар задани бӯҳрони молиявии ҷаҳонро марбути қарзи ипотекӣ медонанд. Чаро? Дар мамлакатҳои Аврупо, хоса Амрико бонкҳо ба мӯҳлати хеле тӯлонӣ ва фоизи ночиз қарзҳои ипотекӣ додаанд. Ҳатто бонкҳое буданд, ки бе пешпардохт ба муддати 25-40 сол бо назардошти 5-8% қарз пешниҳод кардаанд. Дар натиҷа пулро сари вақт ҷамъ карда натавонистанд ва дучори касодии молиявӣ гаштанд.
Пас дар кишвари мо, ки алҳол комилан аз асари бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ раҳо нагаштааст, ривоҷи ипотека ва қарзи ипотекӣ имкон дорад? Оё ҳар як хоҳишманд бо қарзи ипотекӣ соҳибманзил шуда метавонад?
Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» аз 20 майи соли 2008 мавриди амал бошад ҳам, чи тавре ба мо маълум шуд, то ҳанӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи ипотекӣ» идома доранд. Танҳо дар бонкҳои саҳҳомӣ, ки бо қарори худ метавонанд ин ё он намуди амалиётро анҷом бидиҳанд, додани ин намуди қарз ҷорӣ шудааст.
«Тоҷиксодиротбонк» якумин бонкест, ки қарзи ипотекиро дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2004 оғоз бахшида буд. Аммо шумораи қарзгирифтагон чандон зиёд нест. Инро чун сири бонк ба мо кушодан нахостанд, вале аз манбаъҳои дигар фаҳмидем, ки то имрӯз 26 нафар шаҳрвандон аз «Тоҷиксодиротбонк» қарзи ипотекӣ гирифтаанд. 7 нафар қарзи худро пурра баргардонида, баъзеҳо ҳатто бори дуюм соҳиби қарзи ипотекӣ шудаанд.
Зимнан бояд қайд кард, ки ҳоло танҳо се бонки саҳҳомии ҷумҳурӣ «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк» ва бонки якуми микрофинансӣ (бонки Оғохон) ба мизоҷон қарзи ипотекӣ пешниҳод менамоянд. Вале мавриди зикр аст, ки шумораи қарзи ипотекӣ гирифтагон чандон зиёд нест ва ин гувоҳи рушд наёфтани ипотека дар ҷумҳурист.
– Сабаб он аст, ки дар бонки мо захираҳо ба қадри кофӣ нестанд, мо аз бонкҳои хориҷӣ қарз мегирем. Ин қарзҳо ҳамагӣ 1-2-солаанд, яъне мӯҳлат хеле кӯтоҳ асту барои мардуми мо пардохтанаш ғайриимкон. Аз ин рӯ, қарзро ба мӯҳлати 5 сол муқаррар кардаем, ки дар ин муддат на ҳар кас қудрати пардохти онро дорад. Агар мӯҳлати қарз дарозтару фоиз камтар мебуд, албатта, барои мардум дастрасу қулай мешуд. Аммо, такрор мекунам, ки қарзи аз дигар бонкҳо гирифтаи мо имкони ҳамин 5 солро медиҳаду бас ва агар сари вақт қарзамонро барнагардонем, он бонкҳо дигар бо мо ҳамкорӣ намекунанд, – вазъро шарҳ дод иқтисодчии пешбари шӯъбаи қарзҳои чаканаи ҶСШК «Тоҷиксодиротбонк» Шариф Аҳмадов.
Хуршед Шамсов дар мавриди сабабҳои ривоҷ наёфтани ипотека дар Тоҷикистон афзуд:
– Дар вазъи имрӯзаи бонкҳо пешниҳоди васеи қарзи ипотекӣ ғайриимкон аст. Бе ёрии давлат, бе субсидияи давлат қарзи ипотекиро ривоҷ дода наметавонем. Дар кишварҳои пешрафта низ барномаи дастгирии сокинон амал мекунад. Давлат низ алҳол ин гуна имкон надорад, чунки даромади буҷа зиёд нест. Дар кишварҳое, ки сарчашмаи бузурги даромад - нафту газ доранд, ин корро бемалол ба роҳ мондан мумкин аст.
– Имрӯз дар ҷумҳурӣ талабгорони қарзи ипотекӣ зиёданд. Аммо аз сабаби кӯтоҳии мӯҳлат ва зиёдии фоизи бонкӣ зӯри на ҳар кас ба он мерасад. Оё давлат имкони бо субсидия дастгирӣ намудани бонкҳоро дорад? – Пурсидем аз Вазири молия С.М.Наҷмуддинов. Сафаралӣ Маҳсуддинович посух дод, ки «Имрӯз аз ҷониби Ҳукумат танҳо ба омӯзгорони ҷавон барои харид ва сохтани хона қарзи бефоиз дода мешавад. Онҳо метавонанд ихтиёран як қисми ин қарзро ҳамчун қарзи ипотекӣ ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.».
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода сабаби маҳдуд будани имкониятҳои қарзи ипотекиро дар фаъолу қудратманд набудани бонкҳо ва пастию ноустуворӣ ва номутассилии даромади аҳолӣ медонад.
Чи тавре коршинос Шариф Аҳмадов дар сӯҳбат иброз дошт, «аслан тарзи корамон (додани қарзи ипотекӣ) бояд чунин сурат бигирад: сармоягузор ба мо маблағ бидиҳад, мо бо ин маблағ хона бисозем. Хона, ки ба баланси бонк гузашт, дар асоси он қарзи ипотекӣ бидиҳем. Дар айни ҳол, азбаски мо ин гуна сармоягузор надорем, мизоҷ худаш манзилро меёбад. Бо мутахассисони бонк нархашро аниқ карда, 40 фоизи нархи умумиро ба бонк пешпардохт менамояд, яъне чун гарав месупорад ва сипас 60 фоизи боқимондаро аз бонк қарз мегирад».
Зимнан бояд зикр кард, ки пеш аз қарзи ипотекӣ додан коршиносон даромади расмӣ ва иловагии қарзгиранда ва аъзои оилаи ӯро мавриди санҷишу таҳлил қарор медиҳанд. Бояд маблағи ҳармоҳаи даромади қарзгиранда барои пӯшонидани ин қарз ва фоизаш басанда бошад, яъне бо 500-1000 сомонии маош қарзи ипотекӣ гирифтан наметавон. Агар даромад имкон диҳад, он гоҳ хона ба номи бонк ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Қарзгиранда ҳақ дорад дар ҳамон хона худ ва аҳли оилаашро ба қайд гирифта, истиқомат намоянд. Вақте ки дар мӯҳлати муайяншуда аз рӯйи шартнома қарз ва фоизи онро супурд, бонк шартномаи харидуфурӯш карда, манзилро ба номи ӯ мегузаронад. Ногуфта намонад, ки тамоми хароҷоти ин расмиётро бонк мепардозад. Масалан, дар «Агроинвестбонк» пешпардохт 30%-и нархи манзил ва фоизи солонаи даромад 24% мебошад
Қарзи ипотекӣ танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон дода мешавад. Дар ин маврид синну сол бояд на кам аз 20 ва на зиёд аз 60 бошад. Маблағи ниҳоии қарз дар «Тоҷиксодиротбонк» то 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Як чизро бояд зикр намуд, ки бонк ҳуқуқи зиёд кардани фоизро надорад.
Барои инсон аз ҳама муҳим манзили зист аст. Ҷомеа низ аз ин бурди зиёд мекунад. Чунки вақте шахс манзили зист дорад, бо хотири осуда ба нафъи давлату ҷомеа хизмат карда метавонад.
Дар даврони шӯравӣ мутахассисон, махсусан кадрҳои ҷавон, бо манзили зист аз ҳисоби сохтмонҳои давлатӣ таъмин карда мешуданд. Ҳоло на ҳамаи идораву ташкилотҳо имкони бо манзил таъмин намудани мутахассисонашонро доранд. Аз ин рӯ, ривоҷи ипотекаро як навъ дастгирии қадрҳои ҷавон метавон ҳисобид. Ҳарчанд барои гирифтани қарзи итотекӣ низ сараввал маблағ (барои пешпардохт) лозим мешавад. Азбаски на ҳама, бахусус ҷавонон, қудрати бо шартҳои имрӯзаи бонкҳо имкони соҳиби манзил шудан доранд, умед мекунем, ки давлатамон зудтар соҳибимкон шаваду ин масъала низ, бо роҳи додани субсидия, роҳи ҳалли хешро пайдо намояд.
Барно Султонова