Аз рӯи мушоҳидаҳои банда дар интернет-кафеҳо ва марказҳои интернетӣ 90% ҷавонон - ҳам писарон ва ҳам духтарон танҳо бо як мақсад мешинанд - духтар бошад, бо писаре ва агар писар бошад, бо духтаре робита барқарор кардану шинос шудан, расм равон кардану расм гирифтан ва бозиҳои беҳуда. Аксари он гурӯҳи духтарону писарон донишҷӯёни донишгоҳҳову коллеҷҳои шаҳри Кӯлобанд. Мутаассифона, надидаам, ки нафаре аз эшон сомонаҳои интернетиро барои аз навигариҳои кишвару ва олам бохабар шудан, иҷрои вазифаҳои хеш ва ё дониши худро афзудан бикушояд.
Масъули яке аз чунин марказҳо - Саъдӣ Назаров гуфт, ки назди онҳо бештар ҷавонону мактаббачаҳо меоянд. Корашон – ҳамон амалҳое, ки зикр намудем. Фақат чанд нафар аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои мактуби корӣ фиристодану гирифтан меоянду бас.
Имрӯз бисёр муассисаҳои таълимӣ компутер доранду қисман ба интернет ҳам пайвастанд. Вале, боиси таассуф аст, ки дар минтақа фақат хонандагони як литсейи муштараки тоҷикию туркӣ ин падидаҳои замонро мақсаднок, яъне, барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва дониши иловагӣ гирифтан истифода мебаранд.
Боз мегӯем, ки дигар давлатҳо чӣ қадар пеш рафтаанду мо… Агар чунин муносибат бошад, баъди сад сол бо ҳасрат боз ҳамин суханро мегӯему мешунавем...
Билоли Шамс, шаҳри Кӯлоб