07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БЕ УМЕДИ ДИДОР…

     Рӯзе, ки мо вориди Хоруғ шудем, хиёбонҳои шаҳр серодаму ҳаво офтобӣ буд. Беш аз 17 сол боз ба Бадахшон нарафтаам, аз ин рӯ симои нави шаҳр бароям ноошно ва зиёдии мошинҳо каме ғайриоддӣ ба назар мерасид. Таассуроти нахустин ва хушҳолкунандаам аз чеҳраҳои боз, зебо ва ориёии мардуми маҳаллӣ маншаъ мегирифт. Дигар ин «хонаи Хуршед» бо табиати қашанг, кӯҳҳои осмонбӯс, садои рӯдхонаи Ғунд ва боғҳои туту зардолу ва себ шиддати дарди сарро коҳиш медод.

     Ба хотири анҷом додани мулоқот роҳи шаҳрдориро пеш гирифтем. Як нафар аз дӯстонам, ки телефони шаҳрдориро дар ихтиёр дошт, ба котиба занг зад ва аз раис пурсон шуд. Котиба дар посух ба суоли ӯ гуфт, ки мисли ҳамарӯза шаҳрдор дар дафтари кориаш аст ва чизе монеи дидори мо нахоҳад шуд.

     Дар назди бинои шаҳрдорӣ пиёда шудем ва бо роҳнамоии милисаи дарбон ба табақаи дуюми бино баромадем. Котиба саломи моро бо чеҳраи хандон алек гирифту хоҳиш намуд, то чанд лаҳза интизор бишавем. «Раиси дастгоҳ дар назди шаҳрдор аст»,­– гуфт ӯ бо садои паст. Таваҷҷӯҳи моро шеъре ҷалб кард, ки дар болои сари ӯ дар девор насб шуда буд. Шоири беистеъдод ва маддоҳе мардуми омадаро насиҳат менамуд, ки дар ҳама ҳолат бояд интизор бишаванд ва одобро риоя кунанд, зеро шаҳрдор серкор асту ба ӯ бояд халал нарасонд. Баъд аз хондани шеър мо ба ҳам нигоҳи маънидоре карда, сукут пеша кардем. Марди болобаланде бо чеҳраи ҷиддӣ ва гирифта аз дафтари шаҳрдор берун шуду аз мо суол кард: «Шумо кистед?» Худро муаррифӣ намуда, арз кардем, ки аз шаҳри Душанбе омадаем ва мехохем барои чанд дақиқа ба назди раиси шаҳр дароем. Ӯ бидуни задани ҳарфе ба мо ишораи нишастан намуду худ муҷаддадан вориди дафтари шаҳрдори Хоруғ шуд. Тақрибан дақиқае сипарӣ гашту раиси дастгоҳ берун баромада гуфт: «Раис кори зиёд дораду шуморо қабул кардан наметавонад. Пагоҳ биёед». Бо даст ва нигоҳ ба мо амри берун шудан дод.

     Дигар аз интизории чаҳорсоатаи муовини раиси вилоят хаста шуда, дар кӯчаҳои шаҳр бемақсад роҳ мерафтем. Хастагӣ ва интизорӣ коргар шуду дигар биноҳои нави шаҳр моро ба худ ҷалб намекард.Баъд аз гашти зиёде телефонӣ ба мо гуфтанд, ки муовини раиси вилоят омодааст, рӯзноманигоронро ба ҳузури худ бипазирад. Мулоқотамон бо Ҳарамбегим Маҳтобшоева тӯл накашид.  

     Ба хотири рафъи хастагӣ ба соҳили дарёи Ғунд рафтам. Рӯди Ғунд баръакси шаҳрдор (Мулкамон Назаралиев) меҳмоннавозӣ мекард. Ӯ маро хайрамақдам мегуфт ба Бадахшону шаҳри Хоруғ. Садояш дилнавоз бошад ҳам, дар худ рози ниҳон дошт. Барояш дарди дил кардам. Бо қатраҳое, ки аз шиддати ҷараён пош хӯрдаву ба рӯйи ман мезад, оромам мекард. Ва худ баъд аз лаҳзае таҳаммулро аз даст доду гуфт: « Намедонам ба кадом хотир журналистони вилоят аз камбуди рӯзгор, мушкилоти иҷтимоъ ва иқтисод ҳарф намезананд. Оё роҳҳои харобро дидӣ? Барои тай кардани 600 км тақрибан 20 соат вақт сарф мешавад. Оё ин мушкил нест? Чаро намепурсӣ, ки ҷавонони вилоят куҷоянд, то бигӯям, ки аз сабаби набудани ҷойи кор ба Русия рафтаанд. Модарон аз фироқи фарзандон дар соҳили ман ашк мерезанд. Оё фикр мекунӣ, ки дидани ашки модарон бароям гарон нест? Хеле мехоҳам онҳо миёни амвоҷам шино кунанду ба оғӯшашон бигирам, аммо фасли тобистон ҳам гузашту ҷавоне наомад…»           

     Он шаб бо рӯди Ғунд то субҳ сӯҳбат доштем. Ӯ ҳарф мезаду ман гӯш медодам. Ӯ аз камии маош ва нафақапулии бознишастагон мегуфту аз худкушии ҷавонон. Аз зиёдии андоз ҳарф мезаду аз монеаҳои ба таври сунъӣ эҷод намудаи бархе аз мансабдорони сохторҳои давлатӣ, аз мушкилоти бозаргонии хурду миёна менолиду аз нарасидани духтурон. Аз сифати бад ва нарасидани китобҳои дарсӣ мегуфту аз барномаҳои ғайритахассусии мактабӣ, аз рафтани омӯзгорон ба хориҷи кишвар мегиристу аз бесаводии ҷавонон. Аз сагҳои шабгарди шаҳри Хоруғ менолиду аз зиёд шудани маводи мухаддир ва нашъамандон.            

     Ӯ мегуфту мегирист, мегуфту менолид, қатраҳои ашкаш ба тадриҷ чеҳраамро тар кард. Билохира сабрро аз даст додаву гуфтам: «Эй Ғунди куҳӣ ва хушсадо, одамӣ таҳаммули дарёро надорад. Наметавонам он ҳама дардатро ба дил ҷо кунам. Барои тасаллои қалбат ҳам ҳарфи кофӣ надорам. Аммо ягона коре, ки метавонам ҳамчун рӯзноманигор анҷом бидиҳам, ин аст, ки бо дидани чеҳраи Хуршед аз мушкилоти «Боми ҷаҳон» хоҳам гуфт. Мунтазир бош… 

Эмомалӣ Сайидамирзод

:.  Иҷтимоъ 14.12.2010 09:19 2686

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz