Аввалаш дар шумораҳои гузашта (август/сентябр - 2010)
Беарзишии шахсият
Ин мисол, чун бисёр мисолҳои дигар возеҳ гувоҳӣ медиҳад: яке аз муҳимтарин, умдатарин сабабҳои фоҷиаҳои оилавӣ он аст, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо шахсият арзиши зиёд надорад. Решаҳои ин пара-дигмаи иҷтимоии эътирофшудаи умум аз оилаи анъанавии серфарзанд об мехӯрад, ки волидон барои муо-ширати комил бо кӯдакон вакт намеёбанд. Бинобар ин, кӯдакон худсарона калон мешаванд. Дар маҷмӯъ бо cox-ти падарсолорӣ ин оқибатҳои бадеро дар пай дорад. Одаме, ки аз берун ба ин гуна хонадон ворид мешавад, ба таҳаммули таҳқиру хориҳои чи маънавӣ ва чи ҷисмонӣ одат мекунад. Ба қарибӣ чунин даъвои барои асри XXI ваҳшиёнаеро шунидам: «Ман сӯми тра додагиюм, отат сӯмта хӯрдагияй. Ty1 сагбача, моли манӣ, фаҳмидӣ?» (Қалин дар назар аст, ки ҳеҷ гум нашуд, ки нашуд.) Қалин - як шакпи харидуфурӯши инсон аст.
Инак, ба падидаи маъмултарину зишттарин дар хона-дони тоҷик - ба хушунат дар оила расидем.
Ба наздикӣ дар Интернет чунин мақолае хондам (як бонуи муқими Тоҷикистон навиштааст):
«Хушунат бароям аллакай меъёри ҳаёт гаштааст. Шавҳарам одами бисёр сарватманд аст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи волидии ӯро бекор намекунад ва агар ман ӯро тарк кунам ҳам, ӯ ду фарзандамро аз ман мегирад ва мекӯшад ҳаётамро тоқатфарсою таҳаммулнопазир co-зад. Гоҳо, чун мебинам, ки ӯ баъди латукӯби ман ocy-да мехобад, нафратам меояд. Ba ҳеҷ гоҳ, ҲЕҶ ГОҲ дар умраш барои корҳои кардааш аз ман узр напурсидааст. Ҳеҷ гоҳҳисси пушаймонӣ азобаш намедиҳад. Ягона чизе, ки маро аз худкушӣ бозмедорад, ду духтари хурдсола-манд. Рости гап, ин ягона чизест, ки маро дар паҳлӯи ӯ нигоҳ доштааст. Ba ман метарсам, ки ҳатто агар илоҷе карда дар худ ҷуръате паӣдо кунаму аз ваӣ ҷудо шавам ва ӯ низ маро раҳо созад, дертар худро гунаҳгор хоҳам кард, ки оиларо нигоҳ надоштам, намондам, ки духтаро-нам дар ҳамон вазъи осудаҳолона, ки падарашон дарпаҳлӯяшон буд, зиндагӣ кунанд».
Худ қазоват кунед, охир, сухан аз оилаи муқаррарии осуда меравад. Гумон намекунам, ки дудухтари зиндагии серупурдошта мӯътадил ба воя расанд, дар ҳоле ки xy-шунату зӯроварӣ нисбати модарашон падидаи рӯзмарра гаштааст.
Зани дигар дар ҳамин гуна вазъият тоқат накард, қасд ба ҷони худ намуд. Аммо пеш аз ин икдом аввал ду духтари худ, яке 4-сола ва дигаре 1-соларо ба дор кашид.
Ҷиноятзадагии оилавӣ ҳамин гуна ба амал меояд, тарзи махсуси зиндагӣ сурат мегирад, ки дар он хушунат, нашъамандӣ, маӣзадагӣ меъёри рафтор мегардад, аз як насл ба насли дигар мегузарад. Хушунат дар оила барои қисми зиёди мардум ба фоҷиа табдил меёбад ва бунёди бехатарии ҷомеаро хароб месозад.
Пойбандии иқтисодӣ
Мардони мо занҳои худро асосан аз рӯӣи тасаввуроти устуворе оид ба он ки бо ҳамин тариқ нақши анъанавии сардори оиларо метавон таъмин сохт, латукӯб мекунанд. Ин меъёри ҷамъиятии муаӣянест, ки аз оғоз муқаррар мекунад: кӣ бояд дар оила хукмфармо бошаду кӣ тобеъ. Онҳо дар хушунати дохилихонаводагӣ зуҳури салоҳияти омиронаю ҳокимонаи гуногуни мард ва занро аз мавқеи ҷомеаи анъанавии падарсолорӣ мебинанд.
Эътироф мекунем: аксари занон - гирифторони хушунат дар хонаи худ то дараҷае нақши ҷузъиро мебозанд, ки амалан дар кабули ягон қарор таъсире расонда наметаво-нанд. Мард дар он ҳолате маӣлу рағбати махсус ба ишғоли мавқеи хукмфармоӣ ё бартарият зоҳир менамояд, ки зан аз ҷиҳати иктисодӣ ва равонӣ сахт ба ӯ побанд бошад. Аз ин рӯ, ман ҳеҷ ба шигифт намеоям, вақге занон шавҳари худро на дигар хел, балки маҳз «хӯҷаин» меноманд.
Ба яке аз ин гуна занон рӯйрост гуфтам: «рӯҳияи шумо ғуломист. Чӣ тарз метавонад одаме хӯҷаини шумо бошад?». Ваӣ сидқан ранҷид.
Агар зан «хӯҷаин» аст
Аммо ба ман дигар далелҳои ба ҷоришавии хушунат дар хонавода далолаткунанда низ маълум аст. Ҷомеаи мо дорои тамоюли кофии рушди демократӣ буда, мафҳуми баробарии гендерӣ дар ҷомеа ба ҳар ҳол ҷоӣ дорад. Ҳоло бошад, чунин вазъиятро тасаввур мекунем: дар оилае, ки анъанаҳои падарсолорӣ устуворанд, занро ба мансаби роҳбарӣ таъин намуданд. Нақшҳо иваз мешаванд. Шавҳар, ки то наздикӣ дар оила мавқеи ҳукмфармо дошт, мавқеашро аз даст медиҳад.
Зан эътироз карданро оғоз мекунад, аз ин бадтар -ба дигар минтақаҳо танҳо сафар мекунад, гоҳо ба хориҷ ва на як рӯзу ду рӯз. Дар вуҷуди шавҳар якбора маҷмӯи нокомилиҳо - иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рӯҳӣ ташаккул меёбад, ки онро ба сари ҳамсараш мерезад.
Абдуҷаббор АБДУЧАЛИЛОВ
(аз русӣ тарҷумаи Барно СУЛТОНОВА)