Ҳодисаи рӯзи 19-уми сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки аз ҳамлаи гурӯҳи номаълум ба нақлиёти аскарбарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 нафар аскарону афсарони тоҷик ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар захмҳои гуногун бардоштанд, боз як саҳифаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо хун олуд. Дар миёни ҳалокшудагон 11 нафар сокинони вилояти Хатлон ва аз онҳо ду нафар ҷавонмардони шаҳри Сарбанданд. Ҳолномаи ду нафар аз шаҳидони роҳи Ватан ва як нафар захмие, ки рӯзи навиштани ин сатрҳо дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ буд, бори дигар собит месозад, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аслан фарзандони оилаҳои камбизоат хизмат мекунанд.
Дар чунин рӯзҳо аёдату ҳолпурсии оилаҳои аскарони ҳалокшуда натанҳо вазифаи масъулини ҳукуматҳои иҷроия, балки қарзи инсонии ҳар нафар табибу адиб, олиму дигар шахсиятҳои бонуфузи маҳал аст. Барои изҳори ҳамдардии аҳли маҷаллаи «Бонувони Точикистон» ба пайвандони сарбозони ҳалокшуда роҳи шаҳри Сарбандро пеш гирифтем.
Шаҳло Шомуддинова - муовини раиси шаҳри Сарбанд зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки «мусибати бар сари оилаҳои аскарону афсарон омада мусибати тамоми мардуми Сарбанд аст. Содиқҷон ҷавони ихтироъкор буду ман дар симои ӯ як инсони рӯшанфикрро медидам. Давлатҷон бошад, афсари ҷавон буду ифтихори мардуми шарифи Сарбанд. ӯ ҳимояи Ватанро рисолати хеш медонист ва дар ин роҳ ҷони худро қурбон кард». Ба гуфти Шаҳло Шомуддинова, як рӯз қабл дар машварати бегоҳирӯзӣ раиси шаҳр Ҳикматулло Раҷабов ба масъулини соҳаҳои марбута супориш додааст, ки масоили вобаста ба мушкилиҳои иҷтимоии оилаҳои мусибатзадаро дар наздиктарин рӯзҳо омӯзанд ва барои онҳо аз маркази шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шавад. Зеро ҳар ду оилаи афсарони ҳалокшуда ва модари бесарпаноҳи аскари бистарӣ мушкили манзил доранд.
Орзуҳое, ки ҳасрат шуданд…
Дар назди бинои бисёрошёнае, ки манзили волидайни шаҳиди ғӯрамарг Содиқҷонро пурсон шудем, бонуе бо овози гиряолуд мегуфт: «Содиқҷон фарзанди ҳамаи бошандагони ин маҳалла ба ҳисоб мерафт.Ҳар гоҳе ки чароғу дигар асбобҳои барқимон месӯхт, ё ҷумаку асбобҳои газию обии ягон ҳамсоя вайрон мешуд, Содиқҷон дастгирамон буд. Марги Содиқҷон дилу ҷигари ҳамаи моро реш-реш кард». Аз ошёнаи якуми бино садои нолаҳои модари Содиқҷон - Зуҳро Муродова ба гӯш мерасид. «Дар ин як ҳафтаи пас аз марги фарзанд лаҳзае хомӯш нест» - мегӯянд ҳамсояҳо.
Дар даромадгоҳи манзили мотамгирифта зани қоматбаланде, ки аз гиря чашмонаш бенур шудаанд, бо панҷаҳои ларзон девори хонаро дошта, ба пешвози мо мебарояд: «Фарзанди ихтироъкорамро куштанд. Бачаи гулдастам бо пои равон рафту дар рӯи дасти аскарбачаҳо овардандаш...»
Модар нолакунон саргузашти ҷигарбандашро нақл мекард.
Содиқҷон Каримов 17-уми майи соли 1988 ба дунё омадааст. Падараш, бинобар вазъи саломатӣ, аз хизмати ҳарбӣ ба нафақа баромада, модараш Зуҳро ба нонфурӯшӣ рӯзгори шавҳари бемор ва 5 писару 3 духтарро таъмин мекард. Содиқҷон 13-14 сола буд, ки дигар нагузошт модар кор кунад. Дар қатори таҳсил дар мактабу омӯзишгоҳ ба корҳои гуногуни музднок машғул буд. Баъди хатми омӯзишгоҳи касбҳои техникии шаҳри Сарбанд бо хоҳиши худ ба хизмати Модар-Ватан рафт.
Холаи Зуҳро киштии зебоеро, ки писари ғӯрамаргаш овони донишҷӯӣ дар омӯзишгоҳ сохтааст, ба мо нишон дода, аз давраҳои кӯдакию наврасиаш нақлҳо мекард: «Дар омӯзишгоҳ мехонду дар болои як тахтаи чаҳоркунҷа аз симу «двигател»-у дигар қисмҳои техникии аз ҳар куҷо ҷамъовардааш шакли нерӯгоҳро сохт. Дар оғози кораш аҳли оила мегуфтанд: «Оча, ин бачаатро ҳозир ҳам хумори бозичаҳо мегирад». Баъди чанд рӯз бо истифода аз оби ҷумаки хона он НОБ-ча барқ истеҳсол кард, ки бо иқтидори он як лампаи хона рӯшан мешуд. Умед дошт, ки баъди бозгашт аз хизмати Ватан аз ҳисоби оби сой барои аҳолии атроф барқ истеҳсол мекунад…»
Комрон - бародари Содиқҷон: «Бародарам истеъдоди хуби рассомию ҳайкалтарошӣ низ дошт. Бисёр афсӯс мехӯрд, ки маблағи лозима надорад, вагарна кашфиётҳое мекунад, ки... Орзуҳои наҷиб дошт…»
Ба гуфтаи модари Содиқҷон онҳо дар як манзили дуошёна се оила, иборат аз 11 нафар, зиндагӣ доранд. Чанд сол боз барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар навбат истодаанд. Содиқҷон бори охирин занг зада таъкид кардааст: «Модарҷон, дигар ранҷи беҳуда мабар, ман баъди адои хизмати Ватан кор мекунаму замин мегирам, хона месозам туро соҳиби манзил мекунам…»
Вақти хайрбод бо пайвандони Содиқҷон холаи Зуҳро оҳи пурдарде кашида гуфт: «Писарам, дар ҳамсоягии мо як оилаи дигар ҳам ҳаст, ки ҳамон шаб мурдаи писари афсарашонро оварда буданд, ба суроғи онҳо ҳам биравед. Заҳри одамро одам мегирад…»
Барои дигарон худро сипар кард…
Ҷавонмарди дигаре, ки дар он ҳамлаи ноҷавонмардонаи душманони миллат ҷони худро аз даст дод, афсари Қувваҳои Мусалаҳи Тоҷикистон Давлатҷон Гиёеви 23-сола мебошад. Ҳамон ҷавонмарде, ки баъдан як нафар аз захмиён тариқи телевизион аз матонату қаҳрамониаш нақл кард. Ҳалима - модари Давлатҷон он шаби мудҳишро ба ёд меорад: «Дар меҳмонӣ, дар хонаи хоҳарам будем. Шаб ҳамдардии Президентро ба оилаҳои аскарони ҳалокшуда шунида, дилам сиёҳ шуд. Як шабонарӯз қабл Давлатҷон ба аёдатамон омаду саросема ба қисми ҳарбиашон баргашт. Чанд сол боз писарамро ба серӣ намедидам. Соати чаҳори шаб буд, ки аз хоб бедорам карда, «бо Давлатҷон чӣ ҳодисае рух додаст» гуфта, ба хонаи худамон оварданд. Аммо касе асли воқеаро ба ман намегуфт. Як замон касе ба бародарам занг заду баъди сӯҳбат бародар маро ба оғӯш гирифта гиря кард: «Хоҳари ҷон, чӣ кунем, ки насиб ҳамин будааст - Давлатҷонро оварданд...»
Модар нолакунон нақл мекард: «Давлатҷони ман баъди хатми литсейи ҳарбии ба номи Суворови шаҳри Душанбе ба мактаби ҳарбии шаҳри Москав дохил шуд. Дар ҳафт соли таҳсилаш дар мактабҳои ҳарбӣ бисёр вақт аз мо ҷудо буд. Ин ҷудоиҳо меҳру муҳаббаташро ба аҳли оила ва Ватани азизаш бештар мекард. Ману падарашро, ки умре бе хона, иҷоранишин ҳастем, пайваста дилбардорӣ мекард, ки соҳиби кори пуршараф шудаасту акнун рӯзе мерасад, ки мо ҳам соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, лаззати зиндагиро мебинем. Марги Давлатҷон ҳамаи он пастию баландиҳои рӯзгори гузаштаро аз хотираҳои ман рӯфт. Бароям пӯшонидани ҷомаи домодӣ ба фарзанди нахустинам ширинтарин орзуи зиндагӣ буд. Ҳар вақте аз оиладоркунии Давлатҷон сухан мекушодам, мегуфт: «Модарҷон, биё, аввал соҳиби хонаи худӣ шавем». Ин суханҳоро мегуфту ба фикр фурӯ мерафт. Фикр мекардам, ки шояд дар дуриҳои дур дӯстдоштае дошта бошад, аммо намехостам аз сирри дилаш, ки аз ифшои он шарм медошт, пурсоншавам…»
«Афсӯс, ки тоҷикистонӣ намешавам…»
«Баъди марги Давлатҷон маҳбубааш Ҷаннат аз Москав ба суроғи мо омад. Ман аҳволи келиншавандаи ормониамро мебинаму захмҳои дилам дубора реш мешаванд. Вақте Ҷаннат ба хонаи мо омад, Давлатҷонро аллакай ба хок супурда буданд. Духтарак то ҳол бовар надорад, ки ӯро куштаанд. Хоҳиш кард, ки ба манзили охирати Давлатҷон бубаремаш. Гарчанде дар мардуми мо бонувон ба мазор намераванд, аммо шавҳару писарам - Ширинҷон барои тассалои дили духтар ба ноҳияи Ҳамадонӣ, ба мазоре, ки азизи дили мо хоб аст, бурдандаш…»
Баъди лаҳзае туркмандухтари зебое аз дар медарояд. Чаннат - сокини шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон дар бахши сеюми факултаи иқтисоди байналмилалӣ, дар шаҳри Москав таҳсил мекардааст.
«Давлатҷонро бори аввал дар саҳни донишгоҳамон вохӯрдам. Донишгоҳи мо дар қабати донишкадаи ҳарбӣ воқеъ аст. Он рӯз ӯ ба дидори ҳамватанони худ омада буд. Вақте ман аз наздашон гузаштам, садои марғуладоре ба гӯшам расид, ки аз духтарони тоҷик дар бораи ман мепурсид… Билохира аз тариқи «майл агент» маро пайдо кард. Танҳо баъди як соли сӯҳбатҳои интернетӣ бо ҳам вохӯрдем. Охирин бор ӯро 16-июни ҳамин сол дида будам. Давлатҷон соҳиби дипломи олии ҳарбӣ шуда, ба Ватан бармегашт. Аҳд бастем, ки хонадор мешавем. Барои ҳар ҷавоне, ки дар донишгоҳҳои Москав таҳсил мекунад, масъалаи интихоби ҳамқадами ҳаёт дар даврони донишҷӯӣ дар мадди дувум меистад. Аммо Давлатҷон бо хислатҳои наҷиби инсонии худ дили маро тасхир карда буд ва ман муҳаббати ӯро аз ҳама арзишҳои дунявӣ боло мегузоштам. Ман барои ҳамин хислаташ, ки ҳақиқатро самимӣ мегуфту барои расидан ба мақсадаш мубориз буд, дӯсташ доштам. Чанд рӯзи охир бо ӯ алоқаи телефонӣ имконнопазир гардиду як шаб телефонӣ аз бародараш Ширин ҳоли пурсидам… Дилам як лаҳза аз кор мондагӣ барин шуд. Он шаб тамоми ҳамдарсон, дӯстон ва ҳатто тамоми донишҷӯёне, ки аз қиссаи ишқи мо огоҳ буданд, барои ором кардани ман дар хобгоҳ ҷамъ шуданд. Вале ягон нафар маро ором карда наметавонист…»
Анҷом
«Маслиҳат карда будем, ки ман ба Тоҷикистон меояму тӯй барпо мекунем. ӯ намехост, ки аз назди волидайн дур зиндагӣ кунад. Давлатҷон аҳли оилаашро, Ватанашро дӯст медошт, маро дӯст медошт, орзу кардану дар олами орзуҳо зиндагӣ карданро дӯст медошт. ӯ воқеан ошиқи зиндагӣ буд…» Ҷаннат оҳе кашида, аз байни мактубҳои сершумори ҷевонаш номаи ошиқонаеро ба даст мегирад. «Боре барои тассалои дили ман номае навишта, дар он 10 панду андарз оварда буд. Дар он нома хоҳиш кардааст, ки дар зиндагӣ босабру таҳаммул бошам, интизор кашиданро биомӯзам, қаноатро пеша кунам, башардӯст бошаму дар зиндагӣ хушбахт шуданро биомӯзам... ӯ рафту мактубҳои пурмуҳаббат ва хотираҳои ширину фаромӯшношуданиро бароям ёдгор монд… Ман низ имрӯз чун мардуми шумо мотамдорам. Охир, як нафар аз он шаҳидон султони қалби ман буд...»
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ