Ин масъала оромам нагузошт ва маҷбур шудам барои фаҳмидани вазъи бештари созмонҳои талабагӣ ба якчанд мактаби миёнаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб биравам.
Роҳбарони созмонҳо - бонувон
Аз шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мантақа фаҳмидам, ки аксари раисони созмонҳои талабагии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бонувонанд. Дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 8, ноҳияи Фархор ба се зинаи синфҳо, ки ба се созмон тақсимбандӣ мешаванд, даромадам. Зинаи аввал, ки ба он мактаббачагони синфи 1-4 дохил мешаванд, «Ахтарон» ном дорад. Зинаи дуюми мактабӣ - «Ворисони сомонӣ» синфҳои 5-9-ро дарбар мегирад. Зинаи сеюми мактабӣ - синфҳои 10-11 ба созмони талабагии «Сомониён» мутааллиқ аст.
Ба синфи 4 «б» даромадем, ки шумораи умумии хонадагон 20 нафарро ташкил мекард. Ба саволи «аъзои кадом созмон ҳастед?» касе посух дода натавонист. Ҳарчанд муаллимон кӯмак карданӣ мешуданд, натиҷае набуд.
Ба мақсаде, ки «Ворисони сомонӣ» аз зинаи «Ахтарон» гузашта, таҷриба доранд ва метавонанд аъзои кадом созмон будани худро бигӯянд, ба синфи 6 «а» ворид шудем. «Аъзои кадом созмони талабагиед? Умуман чанд зинаи созмони талабагӣ мавҷуд аст? То синфи чорум шуморо киҳо мегуфтанд? Баъди синфи нӯҳум ба кадом зинаи созмони талабагӣ дохил мешавед?» суолҳое буданд, ки беҷавоб монданд. Раиси созмони талабагии мактаби мазкур Заррина Шукурова гуфт, ки «ҷамъомадҳои талабагиро мудом мегузаронам, мефаҳмонам, ки аъзои кадом созмонанд...»
Дар мактаби миёнаи рақами 25, деҳаи Гулшан ҳамроҳи мудири қисми илмӣ ба синфи 7 «а» даромадем. 28 нафар дар ҷавоби саволҳои «аъзои кадом созмонед? Барои чӣ галстук мебандед? Гурӯҳи галстукдори мактабиро киҳо мегӯянд?» ба даҳон об гирифтанд. Нафаре аз шогирдон базӯр овоз баровард, ки «талаба мегӯянд нафари галстукдорро»...
Кори дуюмдарҷа?
Раиси созмони талабагии мактаби миёнаи рақами 25 Гулбаҳор Бобоева мегӯяд, ки бо як роҳбари созмони талабагии мактаб намешавад, бояд роҳбарони синфҳо ҳам бештар кор кунанд.
Дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Фархор муайян кардам, ки шумораи умумии роҳбарони созмонҳои талабагии мактабҳои ноҳия 50 адад буда, 44 нафарашонро бонувон ташкил мекардаанд. Дар ноҳияи Данғара - аз 55 нафар 45 нафарашонро. Вазъият низ чун дар дигар ноҳияҳост – шогирдон дар бораи созмонҳо ва тааллуқашон ба онҳо тасаввуроте надоранд. Мудири шӯъбаи маориф Қ.Абдуллоев таъкид кард, ки «хонандагон, аксаран духтарон, дар озмунҳои гуногуни ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд. Роҳбарии созмонҳои талабагиро низ аксаран бонувон ба дӯш доранд. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳам пешниҳод кардем, ки мактабро пурра ба занҳо супорем. Зеро дар чанд соли охир муаллимон бо сабаби паст будани моҳона тарки мактаб карданд. Воқеияти ба муҳоҷират рафтани муаллимаҳо камтар аст».
Шогирдони мактаби рақами 17, ноҳияи Восеъ ва мактаби рақами 1, шаҳри Кӯлоб низ дар мавзӯи мазкур тасаввуроте надоштанд. Раиси созмони талабагии мактаби миёнаи рақами 17 Р.Ҳасанова, ки собиқаи зиёди кори дошта, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик аст, мегӯяд, ки бо 90 сомонӣ (ставкаи роҳбари созмони талабагӣ) ба талабагон ҳамин қадар мефаҳмонӣ...
Сарбории омӯзгорон
Моҳи сентябр сипарӣ мешуд, вале мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 4, деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳанӯз бе роҳбари созмони талабагӣ буд. Порсолааш ба шавҳар баромадааст, навашро қабул накардаанд. Ва табиист, ки ҳатто хонандагони синфҳои оид ба нисбаташон ба созмонҳои талабагӣ чизе намедонистанд.
Мудири қисми илмии мактаби миёнаи рақами 1, шаҳри Кӯлоб С.Мирзоева мегӯяд, ки ба ин масъала то дар сатҳҳои шӯъбаҳо, идораи маорифи вилоят ва вазорати маориф ба таври ҷиддӣ муносибат накунанд, кори созмонҳои талабагӣ беҳ намешавад.
Воқеан, созмонҳоро қариб як чизи дуюмдараҷа ҳисобида, чун сарборӣ ба омӯзгорон медиҳанд, ки моҳонаашон каме зиёд шавад. Оид ба натиҷаи кор бошад, талаби роҳбарони мактаб чунин аст: «Як бало карда, шогирдонро галстуку формаи мактабӣ пӯшонед, шуд.» Чизи асосӣ, яъне марому мақсади фаъолият созмонҳои талабагӣ умуман ба шогирдон фаҳмонида намешавад. Дар натиҷа хонандагон ҳатто чию чанду чӣ сон будани созмонҳоеро, ки худ «аъзояш» ҳастанд, надониста, мактабро хатм мекунанд.
«Ман, пионери ҷавони Иттифоқи Советӣ…»
Ҳар хатмкардаи мактаб шӯравиро пурсон шавӣ, рӯз, моҳ ва соли ба сафи пионеру комсомол дохил шуданашро медонад. Аксарият то ҳол савганди пионериву комсомолиро фаромӯш накардаанд. Шояд барои он ки он замон муносибат ва тарзи корбарӣ аз таҳи дил, самимона буд. Бояд дарк кунем, ки либоси мактабӣ ва ё галстук муайян намекунад симои хонандаи имрӯзаро. Бояд моҳият ва марому мақсади ахтарон, ворисони сомонӣ ва сомониён ба хонандагон омӯхта шавад. То ки ҳар хонанда нафақат оид ба созмонаш фаҳмишу тасаввуроти огоҳона дошта бошад, балки бо узвияти худ бифахрад, ба ахтар шудан бикӯшад, худро вориси сомониён эҳсос намояд, бидонад, ки сомониён чӣ рисолати созандае доранд…
Билоли Шамс,
минтақаи Кӯлоб