Унсурҳои нахустин ва муҳимтарини озодии инсон некӯаҳволӣ, имконияти боло бурдани маънавиёт, дар ҳимояи қонун будан ва таъмини амнияти инсон мебошанд. Ва ин ҳамаро танҳо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки асоси иқтисодиёташро муносибатҳои бозаргонии ҷавобгӯ ба манфиати инсон ташкил медиҳад, таъмин карда метавонад.
Фаъолияти ҳаррӯзаам оинаеро мемонад, ки он ҷо ҷурму нуқсонхои риоя нагаштани нишондодҳои қонун, огоҳ набудани шаҳрвандон аз ҳаққу ҳуқуқҳои худ ва дар ин замина маҳдуд гаштани озодии як инсон аз тарафи инсони дигар инъикос мегарданд.
Табиист, ки ҳамчун зан таваҷҷӯҳамро бештар ҳолатҳои маҳдуд намудани ҳаққу ҳуқуқҳои зан аз тарафи мард ва зери хушунати оилавӣ қарор доштани занон ҷалб менамояд. Пинҳон нест, ки дар афкори бештари мардуми мо чунин тарҳрезӣ гаштааст: «Келин кардӣ, соҳиби хизматгори бепул гаштӣ». «Ҳа-дия, бо орзую умед келин мекуниву ӯ хизмататро намекардааст?»
Ва бечора келин (зан, арӯс) соҳиби «хӯҷаин» (гоҳо якчанд «хӯҷаин» аз қабили шавҳар, хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯ ва амсоли инҳо) гашта, дигар ҳаққу ҳуқуқе надорад, ки бе иҷозаи «хӯҷаин» ё хӯҷаинҳо ҷое биравад, мувофиқи табъи худ либос бихарад, хона оро диҳад, ҳатто соҳиби фарзанд шаваду номи дилхоҳашро гузорад. Албатта, барои ин ҳама розигии «хӯҷаин»-у «хӯҷаин»-ҳо лозим аст.
Афроде аз ҷумлаи хонандагони ин сатрҳо хоҳанд гуфт, ки зани мӯъмину мусулмон бояд чунин бошад. Вале, бубинед, ки ҳатто дар ҳадисҳои пайғамбарамон чунин гуфтаҳо омадаанд, ки ҳоҷат ба шарҳашон нест: «Он кас мусулмони воқеист, ки нияташ накӯтару поктар бошад ва беҳтарини шумо касест, ки бо ҳамсари худ мадоро кунад.» Ва ё: «Ҳуқуқи занон муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро бад-эшон биспоред.
Занон ҳамон вақт ба ҳаққу ҳуқуқашон соҳиб мегарданд, ки дар симои ҳамсари хеш марди бофарҳанг, муттако, ҳамақида ва пурбардоштро пайдо намоянд. Аз ҷониби дигар бояд дилпур бошанд, ки фаъолияти таълимгоҳ (мактаб, литсей, гимназия…) ва ё боғча дар сатҳи зарурист. Ва мавриди зикр аст, ки таълимгоҳҳо ва ё муассисаҳои томактабӣ ба ислоҳот ниёз доранд.
Хуллас, шаҳрвандон, аз ҷумла занонро мебояд, ки барои ноил гаштан ба озодии хеш сатҳи дониши ҳуқуқӣ, ҳамзамон маданияту фарҳанги хешро баланд бардоранд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат озодии инсонро ба сифати нахустзаминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мароми ниҳоии худ эълон карда, чунин изҳор дошт: «Маҳз озодии инсон шаклу мазмуни соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатиро муайян мекунад ва давлатҳо фақат ҳамон вақт пешқадам қаламдод мешаванд, ки ба озодиҳои инсон мадад расонанд. Дар акси ҳол, чунон ки таҷрибаи солҳои охир собит намуд, инсон ба як ғулому бандаи сохти нави тоталитаризми миллӣ мубаддал мегардад.»
Ш. Ваҳҳобҷонова,
муовини раиси суди шаҳри Турсунзода