КӢ РОСТУ КӢ ДУРӮҒ МЕГӮЯД?
Ё чӣ тавр як мақола ба ҷойи кушодани гиреҳҳо
чигилҳои дигареро ошкор кард ???
Квотаи президентӣ барои кист?
Мақолаи хабарнигорони вилоятии мо Билоли Шамс ва Ҷамолиддини Сайфиддин «Квотаи президентӣ барои кист?» (№7, соли 2010) воқеан вокуниши масъулини вилояти Хатлонро ба бор овард. Вале тавре мегӯянд: «Обмӯрӣ аз боғ калонтар шуд» ва дар 21- саҳифа мактубу ҳуҷҷату санаду варақаҳои гуногуне, ки аз номи муовини раиси вилоят Ҳикоятмо Ҳакимова ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ба идораи маҷалла ворид шуда, даҳҳо суолҳои дигар ба миён омаданд.
Хонандаи арҷманд, азбаски вокунишҳо аз ду мақомот омадаву андешаҳои хилофи ҳам доранд, тасмим гирифтем, барои рӯшанӣ андохтан ба асли масъала, бо истифода аз ҳамаи мактубу ҳуҷҷатҳои ирсолгашта, бо посухҳои идораи «БТ» ба онҳо, як ҷавоб нашр созем. Зеро имконияти маҷалла аз лиҳози камии саҳифаҳо маҳдудтар аст.
Идораи Муассисаи давлатӣ- маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аз муовини раиси вилоят Ҳ.Ҳакимова изҳори сипос менамояд, ки дар 7- саҳифа ба таври муфассал вокуниши хешро нисбати мақолаи мазкур пешниҳод намудааст. Дар ин навишта, муовини раиси вилоят маълумотҳои зиёдеро марбут ба квотаи Президентӣ аз соли 1999 то ба имрӯз пешниҳод намудааст, ки беҳтар мебуд онҳо то навиштани мақола ба хабарнигори мо, ки гила аз наёфтани ӯ ҳамчун муовини раиси вилоят ва раиси комиссияи квота мекунад, дастрас мешуданд. Зеро ин маълумотҳо акнун «нӯшдорӯи пас аз марг ба Сӯҳроб расида» -ро ба хотир меоранд.
Дар посухи муовини раиси вилоят аз ҷумла омадааст: «Аз чӣ бошад, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бе далелҳои асосноку воқеӣ тавре ки дар мақолаи «Квотаи президентӣ барои кист?» овардашуда, корҳои дар ин самти муҳими фаъолият анҷомдодаи мақомотҳои давлатӣ ва соҳавиро нодида гирифта, хонандаро ба муҳити носолими тафриқаандозӣ, беадолатӣ ва дилмондагӣ бурданист, ки аз нигоҳи мо ин амал ба нафъи ҷомеа ва пешрафти кор нест».
Аҷабо, наход дар асри 21 ҳам зарурат ба он бошад, ки баъзе нафаронро аз рисолати ВАО ёдрас шавем? Рисолату ҳадаф аз таҳқиқу баррасии масоили мубрами рӯз аз ҷониби нашрияи давлатие чун маҷаллаи «БТ» ба мисли дигар воситаҳои ахбори омма кӯшиши ҷалби таваҷҷӯҳи масъулин ба масъалаҳои ҳалталаби рӯзгори мардум дар заминаи ба вуҷуд овардани афкори омма аст.
Вақте дар сатҳи ҳукумати вилоят ба нашрияе, ки муассисаш Президенти кишвар аст ва ба масъалае дахл мекунад, ки ҳамасола садҳо тахмину гумонҳо ва норозигиву шукргузориҳоро ба миён меораду масъулини дар вилоятбуда инъикоси дурусти онро зери шубҳа мебаранд, кас дар таҳайюр мемонад. Кӣ, бо чӣ далел андеша карда метавонад, ки ин ҷо ба ҷуз ҳалли мушкилот, мақсаде буда метавонад ё чӣ ҷойи тафриқаандозӣ дорад? Агар вожаи тафриқа, пароканда кардан, ҷудо-ҷудо кардан, тақсим кардан бошад, ин масъалагузории маҷалла киро тақсиму ҷудову пароканда кардааст? Ба ҷуз ёдрас кардани масъалае, ки чаро соли дуюм духтараки сағираву камбағале соҳиби квота намешавад?
Дар ҳоле, ки ҳам аз аризаи ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаи Фарзонаи Абдуқодир, ки 26-майи соли 2010 ба Дастгоҳи иҷроияи он ворид шудааст, ҳам аз санади 21-июни соли 2010 тартибдодаи З.Воҳидова- мудири бахши кор бо занон ва оила, Ф.Маҳмудов- мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва О.Саидов - раиси ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» ва ҳам аз ду мактуби раиси ноҳияи Бохтар, ки яке ба унвони раиси вилоят Ғ.Авзалов ва дигаре ба номи ректори ДДҚ- Т.Шукуров ирсол шудаанд, бармеояд, ки Фарзонаи Абдуқодир аз оилаи камбизоат маҳсуб гашта шароити вазнини зиндагӣ дорад.
Вале аз чӣ бошад, ки ин 4- ҳуҷҷати мӯҳру имзодор як тараф мондаву мӯҳтарама Ҳ.Хакимова менависад, ки «Фарзона аз шароити зиндагии доштааш шикоят надорад ва зиндагии оилаи онҳо чандон бад нест», «мисли дигар саҳмдорон аз хоҷагии «Назари Мирзокарим» даромад мегирад» ва «сохтмони хонаи навбунёдашон дар арафаи анҷомёбист».
Агар ғӯзапоя ва чанд сомоние, ки хоҷагидор ба кормандонаш (қариб дар тамоми ҷумҳурӣ) медиҳад, «даромад» ҳисоб шавад, пас ин «бойдухтар» чаро ба хабарнигори мо шикоят кардааст, ки аз ҳисоби дар хонаҳои дигарон хидмат кардан (яъне хишоваву чобуқу ҳар коре, ки супоранд дар назар аст) рӯз мегузаронам? Ва чӣ зарурате пайдо гаштааст, ки як осудаҳолро камбағал нишон бидиҳем? Агар ӯ рӯзгори бешикоят медошт, пас ин қадар мактубу аризанависӣ мекард, ки ба мактаби олӣ дохилаш кунанд? Боре дидаед, ки фарзанди ягон сарватманд ё мансабдор то ба Президент шикоят барад, ки: «шароити вазнини оилавӣ» дорам? Ва ё ҳақи гуфтани воқеияти зиндагиашро ҳам аз як шаҳрванд бояд бигирем?
Оё дар ҳоле, ки агар Фарзонаи Абдуқодир ба хабарнигори «БТ»- дурӯғ гуфта бошад, ки хеле зиндагии вазнин доштааст, пас айби хабарнигори маҷалла чист? Магар ин хеле сирри махфист, ки аксари бошандагони деҳоти мо зиндагии сангине доранд? Ё бояд онҳо дар ин бора лаб накушоянд? Фарзона баринҳо дигар нестанд? Ё садҳову ҳазорҳоянд?!
Мӯҳтарама Ҳ.Ҳакимова менависад, ки «Фарзонаи Абдуқодир бо кӯмаку роҳандозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи омӯзгории донишгоҳи Қӯрғонтеппа ҳуҷҷат супорида аз имтиҳонҳои қабул бомуваффақият гузаштааст».
Ин дар ҳолест, ки раиси ноҳияи Бохтар менависад: «Новобаста аз он ки озмуни квотаи Президентӣ моҳи май гузаронида шуда буд, духтари деҳотӣ будани Фарзонаи Абдуқодирро ба назар гирифта, аз ҳамаи шароиту имкониятҳо истифода намуда (?) бо мактуби дастгирии раиси ноҳия, ҳуҷҷатҳояш ба факултаи информатика супорида шудааст». Мактуби муовини раиси вилоят 18 август, мактуби раиси ноҳия 16 август навишта шудаанд. Дар ду иттилоъ ду факулта? Ин ҳам дар ҳолест, ки хабарнигори «БТ» телефонӣ иттилоъ медиҳад, ки Фарзона тибқи маълумоти додаи собиқ котиби комиссияи қабул - Ф.Шамсиддинов ба ду факулта - ҳам методикаи таълими ибтидоӣ ва ҳам шӯъбаи забонҳои хориҷии факултаи филология шомил шудааст. Пас аз 3 маълумоти дастрасшуда, ба кадомаш бовар кунем?
Ҳатто бо тасдиқи 4- ҳуҷчат, ки Фарзонаро камбизоат мехонанду хабарнигори маҷалла инро навиштааст, муовини раиси вилоят изҳори норизоӣ мекунад. 3-сарчашма ҷойи таҳсили як духтаракро се хел шарҳ медиҳанд, пас хабарнигор ё маҷалла ба кӣ бовар кунад?
Муовини раиси вилоят зимни навиштааш аз мақолаи «Квотаи президентӣ барои кист?» бӯйи тафриқаандозиро «ҳис» кардааст, вале эътироф кардааст, ки андешаҳои Ф.Шамсиддинов, Ш.Носирова ва Б. Абдуғаффор дурустанд. Агар фарз кардем гуфтаи Фарзона нодуруст ҳам бошад, наход дар ҳоле, ки гуфтаҳои котиби масъули комиссияи қабули ДДҚ, сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Бохтар ва мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки воқеиятро гуфтаанд, ҳамаи як «нодурустӣ» - и гуфтаи ин духтаракро напӯшонаду маҷаллаи давлатиро «тафриқаандоз» биноманд???
Ин дар ҳолест, ки ба гуфти волидони Фарзона 3-бор «комиссия» ба хонаи онҳо омада аз духтарак баёнот ҳам гирифтаанд, ки журналистро дурӯғгӯ биномад.
Ва ин баёноти пур аз хатои Фарзона дар нусхаи асл аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Бохтар ба идораи маҷалла фиристода шудааст, ки танҳо метавонад боиси афсӯс (аз ин рафтори ғайри қобили қабули мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) гардад.
Воқеан ин чӣ ҳол аст, ки дар як давлати демократӣ барои изҳори андешае дар ВАО, бояд ба ҳукумати маҳал баёнот бидиҳӣ? Ин баёнот 4-август гирифта шудааст, ки онро боз санаде, ки аз ҷониби 4-нафар мансабдорони маҳал имзо шудааст, тасдиқ кунад! Кас ба ин ҳуҷҷат нигариста, ба даҳшат меафтад, гӯё террористеро дастгир карда бошанд, ки менависанд: «Мо имзокунандагони ин санад дар ҳайати шахсони масъл-мудири бахши маънавиёт Элмуродова Х, котиби ҷамоат Мирзохонов Ҷ, ҳамсояҳо (!) Саидмуродова Меҳринисо ва Худойбердиева Д. дар асоси аризаи Фарзонаи Абдуқодир ин санадро тартиб додем». Кай ва чаро Фарзона ариза навишт, касе намедонад.
Дар ин санад зикр мегардад: «Дар натиҷаи санҷиш (намешуд, ки ҳамин санҷишро то чопи мақола мекардеду ин қадар воҳима намешуд. О, духтаракро талхакаф накунед? Чиро месанҷед?) маълум гашт…» «Дар натиҷаи пурсиш маълум гашт»… «…шароити зиндагиаш на он қадар бад аст». Кас мехоҳад аз ин «комиссия» бипурсад, ки: «Он қадар бадии зиндагӣ, мувофиқи меъёри шумо кадом аст?» Офарин ба чунин «масъулон», ки барои тартиб додани як «санад»-е, ки собит созад, Фарзонаи Абдуқодир камбизоат несту аз зиндагӣ шикоят надораду ба журналисти маҷалла дар мусоҳиба шикоят накардааст, яъне журналист нодуруст навиштааст, фавран ба деҳа рафтаву ҳуҷҷат тартиб дода метавонанд. Агар ин масъулин ҳар рӯз ҳамин гуна таъҷилан амал мекарданд шояд на зарурат ба квота буду на ба масъалагузориҳои ВАО?
Аз зумраи чанд масъалаи ҷолиби дигаре, ки зимни «вокуниш»-ҳо, ҳуҷҷатҳои ба мо ирсолшуда «кушоданд», ин масъалаи саводнокии Фарзонаи Абдуқодир аст.
Муаллиф дар мақола навиштааст, ки Фарзона ба дониши худ боварӣ дорад. Худаш дар ариза ба номи Президенти Тоҷикистон менависад, ки: «мактабро бо дониши миёна хатм кардам», дар санади тартибдодаи намояндаи ҳукумати ноҳияи Бохтар, ки баъди омадани мактуб аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ва супориши раиси вилоят тартиб дода шудааст, З.Воҳидова, Ф.Маҳмудов ва О.Саидов ӯро дорои «дониш ва қобилияти хуб ва мактабро бо баҳои хубу аъло хатмкарда» тасвир мекунанд. Раиси ноҳия А.Исмоилов ҳам дар мактубаш ба раиси вилоят ва ҳам ба ректори донишгоҳ Фарзонаро хубу аълохон навиштааст. Ҳамчунин қайд кардааст, ки аз фанҳои дақиқ баҳои хуб дорад. Ва дохил карданашро ба факултаи информатика тавсия додааст.
Акнун худ қазоват кунед. Тибқи «Варақаи маҷмӯи ҳисоботи пешрафт»-и Фарзонаи Абдуқодир, ки намедонем ба чӣ хотир аз ҷониби хукумати ноҳияи Бохтар ба идораи маҷалла ирсол шудааст, дар нимсолаи аввал ӯ аз фанҳои алгебра-3, геометрия-3, физика-3, химия-3, асосҳои техникаи компютерӣ-3 дорад. Дар баҳои ҷамъбастӣ бошад, алгебра, физика ва геометрияаш 4 бошанд ҳам, аз компютер баҳояш 3 аст. Вале ҳар чӣ ҳам набошад, духтареро, ки ягон баҳои 5 надорад, оё метавон аълохон номид?
Далели дигаре, ки ба миёнахон будани Фарзонаи Абдуқодир ишора мекунад, ҳамон баёноти навиштааш аст, ки квотаро кувота, номи худашро Фарзоно ва ҳуҷҷатро бо як ҳарфи «ҷ» навиштаву даҳҳо хатоҳои имлоиву грамматикии дигар дорад.
Бо ин гуфтаҳо таваҷҷӯҳи хонандаро ба он ҷалб карданием, ки агар Фарзонаи Абдуқодир духтари саводнок мебуд, ӯро тарсонида намешуду аз фикри гуфтааш гардонида ҳам. Дигараш ин ки мақсади квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони болаёқат аз оилаҳои камбизоат аст, на ҳар касе, ки аризаву шикоят нависад.
Агар бо равиши роҳи ҳалли қазияи Фарзона таваҷҷӯҳ кунем, ин духтарак, ки бо баҳои 3 ва 4 мактабро хатм намудааст, гӯё танҳо барои он ба донишгоҳ дохил шудааст, ки ба Дастгоҳи Президент ариза навишта хоҳиш кардааст, ки кӯмакаш созанд. Дар ҷавоби ин ариза муовини аввали роҳбари Дастгоҳ-Р.Менглиев навиштааст, ки ариза баррасӣ шавад. Ва чаро дар ин ноҳия ҷавоби Дастгоҳро чунин қабул кардаанд, ки ҳатман Фарзона донишҷӯ шавад? Ва боз чаро мактуб саривақт ба вай нарасиду ӯ ба озмуни квота наомад? Ё чаро раиси ноҳия аз ректори ДДҚ тариқи мактуб хоҳиш мекунад, ки Фарзонаро ба факултаи информатика дохил кунанд? Ва боз чандин суолҳои беҷавоб.
Ҳам дар вокуниши раиси ноҳияи Бохтар мӯҳтарам А.Исмоилов ва ҳам дар посухи муовини раиси вилоят таъкид бар он меравад, ки муаллифи мақола (Ҷамолиддини Сайфиддин) бе «таҳлил ва далелҳои исботкунанда мақола навиштааст. Ва ҳатто дар навиштаи мӯҳтарама Ҳ.Ҳакимова низ кинояомез омадааст, ки « Манзараи (?) аз санҷиши комиссия нагузаштани Гулнораи Тошпӯлод аз ноҳияи Мӯъминобод, ки хотири корманди маҷалларо озурда намудааст (?) манзараи муқаррарӣ буда…»
Аҷоиб. Кас ҳайрон мешавад, ки агар имрӯз хонандагони босаводу аълохон ва онҳое, ки воқеан сазовори квотаанд, ба донишгоҳ дохил шаванд, фардо ин бурди маҷалла аст ё аз вилояти Хатлон? Яъне мақсади масъалагузориҳои журналист, танҳо он аст, ки квотаи Президентӣ одилона ба хонандагони соҳибистеъдоди камбизоат дода шаваду ҳамасола гапу калочаи мардум дар мавриди фурӯхта шудан ё беадолатона тақсим шудани квота, камтар гардад, вассалом.
Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши мансабдорон ба мақолаҳои ВАО маънои онро надорад, ки масъулин бо ҳар роҳу восита мавҷудияти масъаларо рад созанд, чуноне ки дар мо роиҷ шудааст, баръакс вокуниш нишон додан, масъаларо ҳал карда, посухашро ба матбуот гуфтан аст.
Соҳибмақомоне, ки имрӯз ва баъдан вокуниш зоҳир менамоянд, бояд бидонанд, ки мақсади матолиби танқидии маҷалла ё масъалагузориҳои матбуот танҳо барои ҳалли мушкилот аст ва аз он ҳеҷ гуна «бӯй»-ро набояд ҷӯст. Беҳтараш биёед, дастҷамъона баҳри ҳалли масоили кишвар бикӯшем, ки ҳамаамон пешбарандаи як сиёсат ҳастем.
Агар Фарзонаи Абдуқодир аз сабаби мактуби Дастгоҳ, хоҳишу илтимоси раиси ноҳия ва ё бо таъсири мақолаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» донишҷӯ шуд, хуб шуд. Муҳим он нест, ки мо ҳар кадоме гуноҳу бегуноҳӣ биҷӯем. Муҳим он аст, ки натиҷа хуб бошад. Ҳарчанд баъди хондани баёноти пурхатои ӯ, мо ба дониши мукаммал доштанаш, бовар накардем. Ё аз «комиссияҳои ҳукумати ноҳия» тарсида, аз гапаш гаштанашро ҳис карда бошем ҳам, новобаста ба ин хурсанд ҳастем, ки ин духтари тоҷик кунҷи хона неву донишгоҳро интихоб кардааст. Яъне мақсади ниҳоии нашрия кӯмак дар ҳалли мушкилоти ҷомеа, ки дар ин маврид ба даст омадааст, мебошад.
Ахиран аз ҳамаи онҳое, ки барои ҷамъоварии 21 саҳифа «вокуниш» «саҳм» гузоштаанд, изҳори сипос мекунем.
«Бонувони Тоҷикистон»