03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУБҲИ ХИРА

     Сари қаҳваи субҳ нафаре аз ҳамқаламонам бо чеҳраи шод ва даҳони пур аз табассум гуфт: «Ба наздикӣ духтарам тӯйи арӯсӣ дорад». Ҳама ба хушбахтии ӯ ҳамроҳ шуда, табрикаш гуфтем.

     Бонуе аз аҳли нишаст суол кард, ки оё духтар донишгоҳро хатм намудааст? Падари «хушбахт» посух дод, ки духтараш дар синфи 8 мехонад. Сукути гароне андешаҳоро чанд муддат пахш кард. Намедонам, дигар ҳамкасбон кай ба худ омаданд, вале ҳафтаест, ки ман ба худ омада наметавонам. Чӣ тавр як зиёӣ, як рӯзноманигоре, ки пиромуни масоили доғи рӯз менависаду ҳазорҳо сокинони ҷумҳурӣ нигоштаҳои ӯро мехонанд ва шояд садҳо ҳаводорон ҳам дорад, ба ин содагӣ ба сарнавишти фарзандаш «бозӣ» мекунад? Ва оё ин амалро метавон ҳатто «бозӣ» хонд? Фикр мекунам бояд ин ҷо аз истилоҳи «ҷиноят» ном гирифт ва он ҳам чӣ ҷинояте!

     Шояд дар асрҳои миёна аз ҷаҳолат, ба хотири раҳоӣ аз қашшоқиву нодорӣ дар баъзе аз кишварҳо (бахусус Шарқ) буданд ҳолатҳое, ки волидайн духтарони ноболиғашонро ба шавҳар медоданд. Аммо то ҷойе, ки маъхазҳо ривоят менамоянд, то ба балоғат расидани духтар ӯ ҷудо аз шавҳар, ҳамроҳи хушдомани хеш хобухез мекард.  

     Лаҳзае тасаввур рафт, ки он бечора бидуни дастугиребонӣ бо марг тифле ба дунё овард. Баъд чӣ? Дар марҳилаи парвариш ва тарбияи ин тифл чунин модар чӣ кори ҷиддиеро метавонад анҷом бидиҳад? Саводи казоӣ надорад, ки тарбияаш кунад, ба балоғат нарасидааст, ки тифл солим бошад. Магар чунин модарон Рустаму Шайхурраис, Ҷамшеду Ҳофиз, Дорову Мавлоно тарбия мекунанд?Агар Ҳукумату Парлумон садҳо қарору қонунҳо ба тасвиб бирасонанд ҳам, то мо, аҳли ҷомеа ба худшиносӣ нарасем, пешрафте дар иҷтимоъ нахоҳад шуд. Биёед, эй ҳамватанон, фарзандони худро (новобаста аз ҷинсашон) ба варзишу таҳсил фаро бигирем, то рисолати инсонию шаҳрвандиамонро ҳам дар назди Офаранда, ҳам миллату давлат ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом бидиҳем. Вагарна чи ҷомеае хоҳем дошт, ки тифлеро модар ҳам тифл асту ҳарду ба тарбия ниёз доранд?

:.  Иҷтимоъ 30.11.2010 10:08 2700

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz