Суҳбат бо сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД - и вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода.
-Муҳтарам устод, рисолати аслии оиларо Шумо дар чӣ мебинед?
-Дар ҳамаи давру замон мафҳуми «оила» ва «оиладорӣ» барои мардуми тоҷик муқаддас буд, ҳаст ва ҳамингуна мемонад. Дар баёни асоси оила пеши назар ду шахсияти бузург – падар ва модар намудор мешаванд, ки ҳама бузургони олам ва дар ҳама давру замон барояшон арзи эҳтиром гузоштаанд. Агар оила устувор ва аз ҷиҳати маънавию ахлокӣ солим бошад, ҷомеа низ устувор, мулк ободу давлат пойдор мемонад.
-Устувории оила дар чист?
-Меҳру муҳаббат, самимият, иззату эҳтироми ҳамдигар аз рукнҳои устувории оилаҳо маҳсуб меёбанд. Чи қадаре ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ ва донишмандӣ тарбия намоянд, ҷамъият низ худро ҳамон қадар устувор нигоҳ медорад.
Ҳамдигарфаҳмӣ низ барои устувории оилаҳо замина мегузорад. Пеш аз қадам гузоштани навхонадорон ба ҳаёти мустақилона ба назар гирифтани тамоми паҳлуҳои урфу одатҳои миллӣ, хислатҳои ботинию зоҳирии навхонадорон, ҳурмату эҳтиром ва мувофиқати синну сол муҳим мебошанд. Зеро, солҳои охир баробари бунёд ва пойдории оилаҳои солим, муаммоҳое, аз қабили моҷаро ва хушунати оилавӣ, монеаҳои гуногунро ба миён овардаанд. Бешубҳа, ҳамдигарнофаҳмӣ, хушунат, моҷаро боиси харобшавии пояю бунёди маънавӣ ва ахлоқии ҷамъият мешаванд. Дар ин гуна ҳолат ҳисси ифтихор аз оила, садоқату эҳтиром ба ҳамсар, ҳаёти якҷоя ва масъулият назди фарзандон аз байн меравад.
- Мушкилоти феълии хонаводаҳо?
- Бо назардошти вазъи иқтисодӣ, солҳои охир қисми зиёди навхонадорон барои таъмини ниёзҳои иқтисодии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дур будан аз оила, дар тарбияи модар ба камол расидани фарзанд барои ташаккули ҳамаҷонибаи кӯдак бетаъсир намемонад. Дар бисёр ҳолат падару модар уҳдадории худро дар назди фарзанд дар таъмини ниёзҳои иқтисодии ӯ дониста, бахшидани ғизои маънавиро ба назар намегиранд.
Аз ин хотир, падару модар ва калонсолони хонаро зарур аст, то ки вижагиҳои тағйироти синнусолии фарзандонро ҳис карда, ба ташаккули шахсияташон ғамхорӣ намоянд. Махсусан, нақши падар дар раванди тарбия калон аст. Падар тарбиятгари асосии интизом ва мустақилият ба ҳисоб рафта, асоси амнияту оромӣ ва бехатарӣ дар оила мебошад. Падар ба писар одатҳои мардона, ҷасорат, таҳаммулпазир будан дар мушкилиҳои зиндагӣ ва дигар хислатҳои ба мард муносибро ёд дода, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб медиҳад.
Дар ташаккули ахлоқи духтарон нақши модар бештар аст. Модарон ба духтарон дар баробари нишон додани корҳои занона, оиладорӣ, ҳамчунин, қобилию ҳунармандӣ, хоксорию баномусиро ёд дода, маслиҳат ва ёрӣ медиҳанд, ки соҳибхонаи хуб шаванд.
- Кадом омилҳо бештар боиси пошхӯрии хонаводаҳо мегарданд?
- Нофаҳмӣ дар оила, нуқтаи назари гуногун ба ҳаёт, носозгории миҷоз, беҳурматӣ ба ҳамдигар ва хешу табор, худпарастӣ, дахолати аъзои оила ва хешовандон, ҳисси нобоварӣ, хиёнати ҳамсар, хастагӣ, дузанагӣ ва ҳисси бадбинию қасосгирӣ сабабҳои ҷудошавии оилаҳо мешаванд. Имрӯзҳо шумораи оилаҳои ҷавони барҳамхӯрда дар миқёси ҷумҳурӣ зиёд ба назар мерасад. Ин масъалаи ташвишовару ҳалталаб аст, зеро пешрафти ҷомеа аз мавҷудияти оилаҳои солим вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба барномаи таълимӣ ворид намудани фанни «Маърифати оиладорӣ» муҳим аст. Ҷавонон дар доираи омӯзиши фанни мазкур одоби оиладорӣ, муошират, муносибати байниҳамдигарӣ, рӯзгордорӣ ва дигар масъалаҳои оиладориро аз худ менамоянд.
- Иқдому чорабиниҳои раёсат бахшида ба Рӯзи оила
- Рӯзи байналмилалии оила дар ҳудуди вилоят ботантана таҷлил мешавад. Дар кулли шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои адабӣ - фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо мизҳои мудаввар, суҳбату вохӯриҳо бо иштироки оилаҳои намунавӣ, эҷодкору ҳунарманд ва соҳибтаҷриба дар мавзуъҳои «Оила аз сидқ меёбад зиё», «Оила – оғози фардои мурод», «Нақши собиқадорони соҳибэҳтиром дар таҳкими оилаҳои ҷавон» доир мешаванд.
- Маслиҳату вохӯриҳои рӯзгордидаҳо бо оилаҳои ҷавон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфил таҳти унвони «Нигоҳи пурмеҳр сӯи зан» баргузор мегардад. Ҳамчунин, чорабинии вилоятии маҳфили телевизиониро таҳти унвони «Оила – пайвандгари наслҳо» аз рӯзгори оилаҳои намунавӣ - се насл аз як авлод ва оилаҳои ҷавон аз шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ менамоем.
Оилаҳои собиқадор аз таҷрибаи рӯзгордории хеш ва лаҳзаҳои фаромӯшношудании ҳаёташон ба аҳли нишаст қисса мекунанд. Ҳамчунин, дар маҳфили идона маъракаи арӯсбиёрон, саҳначаҳо аз оиладории ҷавонон аз ҷониби ҳунармандон намоиш дода шуда, ишқи софу беолоиши ҷавонон тараннум карда мешавад.
- Омор аз вайроншавии оилаҳо чӣ мегӯяд? Кадом омилҳо бештар боиси пошхӯрии хонаводаҳо гардидаанд?
- Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар вилоят 5572 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бекоршавӣ 1135 адад аст, ки нисбат ба соли 2021-ум 104-то зиёд мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо ин якдигарнофаҳмӣ, бемор будани яке аз тарафҳо, дахолати волидон, таҳаммулнопазирӣ, хиёнат, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ ва вазъи пасти иқтисодии оила мебошанд.
Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак ба ҳукми анъана даромадааст. Мардон аз ҷисми қавии хеш истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандон зери мушту лагад мегиранд.
Мушкилоти иқтисодӣ, дурӯғ гуфтан, ситез, бемасъулиятӣ дар оила, мушкилоти ахлоқӣ, рашки беасос, дилсардӣ (бемеҳрӣ), яъне мушкилоти равонӣ ва ё иҷтимоӣ аз дигар ҷонибҳои хушунати оилавӣ ба ҳисоб мераванд, ки аксаран дар оилаҳои ҷавон рух додаву гувоҳ барои ҳаёти мустақилона тайёр набудани онҳост.
Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки оилаҳое, ки зану мард босаводанд, муҳити хонавода созгор буда, фарзандони неку ба нафъи ҷамъият манфиатовар ба воя мерасанд.
- Ҷалби бонувони хонанишин ба ҳунарҳои мардумӣ, умуман шуғл дар кадом поя қарор дорад?
- Дар ҳудуди вилоят марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ фаъоланд, ки шумораи онҳо ба 282 -то расидааст. Аз ин миён 104 ададро марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва 179-торо марказҳои дигар намуди ҳунарҳо ташкил медиҳанд. Инчунин, дар марказҳои таълимӣ- истеҳсолии атласу адрасбофӣ 29000 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд.
Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани занони бекор якҷоя бо раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят тадбирҳо андешида шуда, дар се моҳи соли 2022 шумораи умумии заноне, ки ба раёсати Агентӣ муроҷиат намудаанд, 5629 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 3597 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 2 нафар кумакпулӣ муқаррар ва ба 2073 нафар мақоми бекорӣ дода шуд. Ҳамчунин, 2336 нафар зан бо ҷойи корӣ таъмин гардида, шумораи заноне, ки ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, 999 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, 242 нафар зан ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида, 196 нафар тавассути квотаҳо бо кор таъмин ва 100 адад ҷойи нави корӣ аз ҳисоби корҳои фардӣ созмон ёфт.
Соли 2021-ум 20 нафар бону ба гирифтани гранти президентӣ ва 60 нафар ба гирифтани гранти раиси вилоят сазовор гардиданд. Дар маҷмуъ, дар солҳои 2010–2021 занону духтарон 3 миллиону 345 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҷалби бонувон ба ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила кам намудани сафи муҳоҷират ба хориҷи кишвар аз ҷониби МИҲД - и шаҳри Хуҷанд эълони гранти раиси шаҳр ба занони ҳунарманд ва эҷодкор дар ҳаҷми 165 000 сомонӣ нашр гардид, ба 40 нафар ғолиб грантҳо дода мешаванд.
- Мақом ва мавқеи бонувон дар ҳаёти имрӯзаи вилоят
- Занону духтарон беш аз 1 миллион нафаранд, аз онҳо 22610 нафар занони роҳбар ва 1093 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 13 нафар доктори илм ва 356 нафар номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият дошта, аз 26 ҳазору 520 нафар заноне, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, 2887 нафар аз шумули роҳбарон аст. Аз ин миён 750 нафар бону бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон сазовор гаштааст.
Аз 40 ҳазору 553 нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, 2959 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули омӯзиш буда, 506 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 77 нафар барандаи стипендияи раиси вилоят мебошанд.
Саҳми занон дар рушди хоҷагии халқ назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 50 ҳазору 499 нафар, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1608 нафар зиёд, тандурустӣ 24 ҳазору 272 нафар, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 478 нафар зиёд, фарҳанг 1 ҳазору 157 нафар, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 нафар зиёд, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 19 ҳазору 647 нафар, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 нафар зиёд, сохтмон ва меъморӣ 408 нафар, почта ва алоқа 208 нафар, хизмати коммуналӣ 316 нафар, кишоварзӣ 104 ҳазору 647 нафар, 5 ҳазору 989 нафар зиёд, фаъолият доранд.
- Доир ба нақши бонувони вилоят дар ҳаёти сиёсии кишвар мегуфтед.
- Воқеан ҳам, дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ бисёр тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудаанд.
Аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Далер САФАР,
вилояти Суғд