Духтараки доно ва чолоку чаққони хонавода буд. Пайваста сари дарздӯзии модар нишаста, бо диққат ба гулу шероздӯзии модар зеҳн мемонд ва дар ғоибаш кори ӯро давом медод. Ба синфи якум қадам ниҳоду миёни ҳамсолонаш дурахшид. Доим бо баҳои хубу аъло ба хона меомад. Дар тамоми чорабиниҳои мактаб чеҳраи ширинашро дидан мумкин буд. Модар ба майлу рағбати духтари донояш ҳавас мебурд, ояндаи ӯро рангину гуворо тасаввур мекард. Вале тақдир барои санҷиши ин духтарак саҳифаи дигареро боз намуд. Пас аз чанд моҳи таҳсил дар садамаи нақлиётӣ ӯ ҷароҳат бардошту аз як пой маҳрум гашт. Зиндагии Шарифамоҳ ранги дигар гирифт. Кунун бо асобағал худро ба мактаб мерасонд. Даву този кӯдакони деҳаро аз дур нишаста тамошо мекарду ашки талх рӯяшро мешуст. Дигар он духтараки донову зирак дар пайроҳаи тақдир худро тани танҳо медид. Ҳарчанд ҳашт булбулакони хонадон гирди Шарифамоҳ парвонасон мечархиданд, чизе боиси шодмонии ӯ намегашт. Модар ашкҳои духтарашро дида зара-зара об мешуд. Бо содагии кӯдакона аз волидон хоҳиш мекард, ки пояшро ба ҳолати аввала баргардонанд. Модар пинҳонӣ аз шавҳару шавҳар пинҳонӣ аз ҳамсар дар хилват мегиристанд. Пас аз се сол волидон ӯро ба шаҳри Душанбе оварда пойи сунъи монданд. Ва ӯ худаш озод бе чигас роҳ мерафт.
Шарифамоҳ Раззоқова соли 1985 дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми МТМУ №16 волидон ӯро ба Муассисаи давлатии Литсейи касбии махсуси маъюбон оварданд, то таҳсилро идома диҳад. Духтарони деҳа як-як ба шавҳар мебаромаданду модар орзуи арӯсии духтарашро дар қалб мепарварид. Вале орзуи модар ормонӣ шуд. Соли аввали таҳсил духтарак бо пайдо кардани дӯстон хурсанд буду пайи омӯзиш. Хабари марги модари 42 – солааш барояш гаронтарин дарди дунё шуд. Таҳаммули ин дард аз дарди худаш дида сангинтар буд. Ӯ барои чеҳраи модарро дар симои хоҳарон дидан ба хонаи онҳо мерафт. Таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, ҳамзамон, дар Литсейи касбии махсуси маъюбон ба шогирдон аз фанни таърих сабақ медод. Инак, 16 сол аст, ки дар ин даргоҳ ба нафарони имконияти маҳдуддошта дарс мегӯяд.
- Ба саволҳое, ки ҳеҷ ҷавобашро намеёфтам, пас аз ба Литсей омаданам, посух пайдо намудам, тағйир ёфтам, ки мо бояд мисли ҳамагон нафърасони ҷомеа бошем. Фаҳмишам нисбат ба нафарони имконияти маҳдуддошта дигар шуд. Хостам дар ҳамин даргоҳ ба нафарони мисли худам буда, дарс диҳам, зеро дили нафари беморро маҳз бемор мефаҳмад. Сарфи назар аз мушкилиҳо боз қадамҳои устувор гузоштам. Оила бунёд кардам, шавҳарам низ нафари имконияти маҳдуддошта аст. Шукр, соҳиби як фарзанд бо номи Юнусҷон ҳастем. Ҳамдигарро хуб мефаҳмем, эҳтирому муҳаббат дар зиндагии мо мақом доранд. Вале ҳамаи ин хушбахтиҳои маро афсӯс, ки модарам надид. Ягона хушбахтиамон ин писарамон аст, ки доим ба мо неру мебахшад ва мо бо як умеди бузург сӯи коргоҳ мешитобем, - мегӯяд Шарифамоҳ.
Ҳангоми суҳбат бо ҳамкорон ва хонандагони Литсей маълум шуд, ки Шарифамоҳ дар қатори беҳтарин омӯзгорон мақом дорад. Дар баробари шавқмандии толибилмон ба дарсҳо, боз шумораи зиёди хонандагон хоҳиши таҳсил дар маҳфили ӯро доранд. Сабаби майли бештари маҳфили Ш. Раззоқоваро хонандаи Литсей Мадина чунин шарҳ дод:
-Бисёр шахси дилсӯзанд. Вақте ки аз деҳа ба шаҳр меоем, раҳнамои мо ҳастанд. Маслиҳату машварат медиҳанд, мисли як нафаре муносибат мекунанд, ки гӯё чандин сол боз ошноем. Аз як нигоҳ мефаҳманд, ки ҳолати мо хуб нест ё баръакс имрӯз хурсандем. Чун модар ғамгусор ҳастанд. Ҳамин хислатҳои муаллим аст, ки шумори ҳаводорони маҳфилаш афзудааст.
- Бар он назарам, ки омӯзгоре, ки ба нафарони имконияти маҳдуд дошта дарс мегӯяд, аз омӯзгори мактабҳои умумӣ фарқи калон дорад. Зеро он ҷо раванди кор осонтар аст, бачаҳо солиманду мафкураву ҷаҳонбинии онҳо тафовут дорад. Ин ҷо раванди дарсгузарӣ каме дигаргуна аст. Медонӣ, ки дар дарс нафарони имконияти маҳдуддошта, ятим ё аз оилаҳое ҳастанд, ки волидонашон маъюбанд. Ба муаллим ин нигоҳҳо асар мекунад. Шоҳидем, ки бача завқманди ҳунаре аст, аммо нуқсони доштааш садди роҳи касби дӯстдоштааш мегардад. Дар инҳо саъю талош бештар аст. Хонанда ҷидду ҷаҳд мекунад, ки ҳунари интихобкардаашро аз таҳти дил омӯзад. Аз ҳавсалаи зиёди онҳо мо- омӯзгорон, шод мешавем. Равиши кори мо ин ҷо сухани хуб гуфтан аст, мисли офарин, ту метавонӣ, ту беҳтаринӣ гуфта, онҳоро руҳбаланд месозем. Дар тамоми чорабиниҳо заҳмати ҳар яки онҳо ҳис мешавад. Мекӯшанд фаъол бошанд. Мо шогирдоне дорем, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷой мегиранд ва боиси ифтихори мо ҳастанд, - иқрор меояд бонуи омӯзгор.
Шарифамоҳ Раззоқова бар он ақида устувор аст, ки сабр калиди тамоми хушбахтиҳост. Имрӯз ҳамчун тарбиятгар дар ҷомеа саҳмгузор асту аз ободиву дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияти маҳдуддошта розӣ.
Дар ин баробар, ӯ кадбонуи хуби хӯрокҳои миллӣ асту ҳунари гулу шероздӯзӣ ва гулбофиро балад аст ва ин ҳунарҳо ба беҳтар шудани рӯзгораш боис мегарданд.
Фарзона Шаъбон