- Оё суруди алла аламу ҳасрати дили модар буда метавонад?
- Оё дар сари гаҳвора ашк рехтани модар равост?
- Оё «алла» аз калимаи «Аллоҳ» аст?
- Оё сурудани алларо танҳо модарон мехонанд?
Аз замони пайдоиши башар инсон барои тифли кӯчаки худ чизе мегуфт. Самимонаву меҳрубонона ва моломоли орзӯву ормонҳо. Ва он, дар кадом шакле ки бошад, суруди АЛЛА буд. Ва аз вақте ки таърих ба ҳисоб гирифта мешавад, аввалин сухан барои ҳар фард АЛЛА-и модар аст.
Инсон хусусияте дорад, ки ҳамеша аз ангезаҳои олами беруна мутаассир мешавад. Ҳанӯз дар батни модар тифл таъсири ҳаёти берунаро эҳсос мекунад ва баъд пас аз таваллуд ин таассурот бештар мешавад. Алла аз аввалин садоҳост, ки аз рӯзи таваллуд ба гӯши тифл мерасад ва ба кӯдак таъсири бузурги равонӣ мерасонад. Воқеан, чаро алла хоб меорад? Умуман, чӣ таъсире мерасонад ба рӯҳу равони инсон?
«Ҳамоҳангии садои модару ҷунбиши гаҳвора рӯҳу равони кӯдакро оромӣ мебахшад ва хобашро меорад» - андеша дорад равоншинос Маҳмадулло Давлатов.
Воқеан ҳам, суруди алла кӯдакро ором месозад, аз гиря бозмедорад, хобашро меорад ва, муҳимтар аз ҳама, эҳсосу дарки олами берунаро оҳиста-оҳиста барояш ошно мекунад. Ин аст сеҳри суруди алла, сеҳре, ки бо вуҷуди тафсирҳои гуногун ҳанӯз номафҳуму номафҳум аст!
Оё алла алам аст?
Тавре ки зикр шуд, алла аз қадимтарин сурудаҳои мардумист, ки шояд ҳамроҳ бо инсоният пайдо шудаву идома дорад. Модар меҳри худро бо ҳамин алла ба тифлакаш баён месозад. Ба андешаи Дилшод Раҳимов - мудири шӯъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикистон: «Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар тамоми дунё суруди алла дар шаклҳои гуногун вуҷуд дорад ва орзӯи модарон ба фарзанд ва ё зиндагии иҷтимоии худи модаронро ифода мекунад».
Борҳо дидаем, ки модарон сари гаҳвораи тифли худ нишаста, бо баҳонаи алла дили худро холӣ мекунанд ва ҳатто ашк мерезанд. Оё чунин аллагӯӣ ва ё ашкрезӣ сари гаҳвора дуруст аст? Тавре Маҳмадулло Давлатов мегӯяд: «Ман намехоҳам, ки чунин бошад. Ашк рехтану алами дилро сари гаҳвора гуфтан хуб нест. Аслан гузаштаро набояд сари гаҳвора гуфт, баръакс сари гаҳвора бояд аз оянда суруд, ба ояндаи тифл умед кард. Дар аввал, табиист, ки тифл мазмуни аллаи ҳузнангези модарро намефаҳмад, аммо оҳиста-оҳиста, бо мурури замон дарк хоҳад кард, дақиқтараш - ҳузни садои модарро эҳсос мекунад, ки таъсири хуб надорад».
Равоншинос Маҳмадулло Давлатов дар ин замина андеша дорад, ки матни суруди алла бояд эҷод шавад, то мазмуну маънии хубе дошта бошад.
«Алла» - «Аллоҳ»?
Аз назди дӯкони фиттафурӯшие мегузаштам, ки ба гӯшам садои амри маъруфи домуллое расид, ки мегуфт: калимаи «Алла» аслан «Аллоҳ» аст ва ҳатто модаронро ба он гунаҳкор мекард, ки аз бесаводӣ калимаи «Аллоҳ»-ро «Алла» мегӯянд. Ин иддао маро ба андеша водор сохт. Оё модари тоҷик тӯли қарнҳо бесавод буд? Пас ин мардони босаводу бофарҳанг, ин нобиғаҳоро барои миллат кӣ тарбият карда? Магар модарон не? Оё воқеан ҳам «Алла» дар асл «Аллоҳ» буда? Дурустии ин назарри домуллоро аз Умаралӣ Назарзода - коршиноси улуми исломӣ пурсон шудем.
«Аслан ҳамин гуна назар ҳаст ва тахмин меравад, ки шояд дуруст ҳам бошад, чунки ҳарфҳо ба ҳам монанданд. Ҳамчунин, модарон дар сари гаҳвора руҷӯъ ба Худованд мекунанд, то тифлашон сиҳату саломат ба воя бирасад. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳам модаронро ба бесаводӣ гунаҳкор кардан нодуруст аст, зеро мавриди назар бо мурури замон тағйироти забонӣ пайдо кардани калима аст, на чизи дигар».
Дилшод Раҳимов - номзади илмҳои филологӣ ин андешаро инкор намуда, ба далелҳо рӯ меорад: «Дини ислом дар Осиёи Миёна дар асри 8 паҳн шудааст, аммо суруди алла садҳо сол пеш аз он вуҷуд дошт. Ин аст далели аввали раднопазир. Баъдан, калимаи «алла» аз ҳарфҳои забонӣ ва лабӣ иборат аст ва ин ҳарфҳоеянд, ки ҳар кӯдак метавонад талаффуз бикунад. Далели дигар он аст, ки ҳамин гуна суруди модарон дар фарҳанги дигар халқҳо низ дида мешавад. Масалан, англисҳо «лали бай», русҳо «баю бай» ва эрониҳо «лолоӣ» доранд. Ин ҳама исботи он аст, ки «Алла» аслан «Аллоҳ» нест ва ин калима аз забони модарон мисли навозише барои кӯдаконашон қабл аз ислом бурун омадааст».
Хавфи маҳвшавӣ
«Алла» беҳтарин суруди мардумист, ки ба инкишофи рӯҳу равони кӯдак таъсири зиёде дорад. Аммо имрӯз ин суруд аз мӯд баромадааст, аксари ҷавонмодарон онро намедонанду намехонанд. Ҷои он, барои ором намудани тифли худ магнитофон мемонанд, телевизор сабтҳои видеоии дигар. Инро як осонии кори худ медонанд, вале ба андешаи холаи Садафмоҳи 65-сола: «Сурудани алла на танҳо ба кӯдак ҳатто ба худи модар низ ҳаловат мебахшад, аммо, афсӯс, ки ин эҳсосро баъзе аз ҷавонмодарон ҳанӯз намедонанду дарк намекунанд!..»
Аз назари равоншиносӣ низ шунавондани ҳар гуна сурудҳо барои кӯдак вазнин аст ва ягон тарона ҷои алларо гирифта наметавонад. Алла мактаби хос аст, соддаву равон суруда шудааст ва зуд ба зеҳни кӯдак мешинад. Равоншинос Маҳмадулло Давлатов ба он назар аст, ки «бояд як мактаби алласароӣ дошта бошем, чунки он қариб ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Ин омили хеле хуби инкишофи рӯҳу равонро чаро наомӯзем? Мактабест он, ки давомаш афсона аст, афсонаи ширини зиндагӣ…»
Суруди занона?
Мушоҳида мешавад, ки бештар алларо модарон месароянд. Чаро падарон не? Дар ҳоле ки модарон ба коре банд бошанд, чаро падарон наметавонанд тифлашонро алла бигӯянд? Ё алласароиро барои худ ор медонанд?
«Бояд ба ин масъала низ муносибати гендерӣ дошта бошем - мегӯяд равоншинос Маҳмадулло Давлатов. - Алларо падарон низ бояд бисароянд ва дар ин масъала бояд қолабҳои шахшуда шикаста шаванд.»
Ёд дорам, вақте писарам хурдакак буд, чӣ тавр бобояш самимона аллааш мегуфт. Ҳар боре мегирист, баробари шунидани аллаи бобояш ором мешуд. Ҳатто мани модар наметавонистам оромаш бисозам, чӣ ҷои пинҳон доштан - аз ӯҳдааш намебаромадам! Яъне, аллагӯӣ низ ҳунар аст ва мардҳо метавонанд, ҳатто беҳтару ширинтар аз занҳо ин суруди муқаддасро бисароянд…
Ба ҳар ҳол, кош садои алла, садои суруде, ки рамзи идомаи зиндагист, дар хонадони Шумо ҳамеша баланд бошад ва ба ҳар сомеъаш меҳру дӯстдорӣ илқо бикунад!
Моҳшарифи Холиқ