- Давоми 10 сол маблағ ҷамъ мекардам. Аммо зиёд нашуд, як модари танҳо аз куҷо пули калон дорад. Хешону наздикон хабаргирӣ меомаданд, барои гардиши чархи рӯзгор ёрӣ медоданд. Ҳар сол аз закоти фитри Рӯзаи пайвандон бенасиб набудем.
Қуттичае доштем, ки доим тангаҳои се сомона дохилаш ҷамъ мекардем. Як миқдор маблағи «зиёдӣ»-ро низ дохили он мегузоштем. Мақсад доштам, ки пас аз оиладор кардани духтари кенҷа ба зиёрати Каъба меравам. Вале як сухани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ватанро худамон бояд обод кунем, касе аз берун омада Ватани моро обод намекунад», орзуи маро тағйир дод. Назди худ мақсад гузоштам, ки дар ободии як гӯшаи Ватан бояд саҳм бигирам. Ҳар гоҳ ба ноҳия мерафтем медидем, ки дар роҳ ронандагону меҳмонони хориҷӣ сарпаноҳе надоранд, ки шабро рӯз кунанд. Ба писарам гуфтам, бачам биё ба маблағи ҷамъшуда дар сари роҳ меҳмонхона созем.
Кишварой Боймаҳмадова дар соли 1964 дар деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1981 шавҳар карда ба шаҳри Душанбе меояд. Зиндагии орому осудаеро бо чор фарзанд паси сар мекарданд. Вале дар саҳифаи дигар зиндагӣ ранги дигареро вонамуд кард. Духтарчаи хурдии хонадон чормоҳа буд, ки Кишварой шавҳарашро аз даст дод. Фарзандони ятимашро саробон шуд. Чун маълумоти олӣ надошт, дар боғча ба ҳайси ёрдамчии мураббӣ ба кор шуруъ намуд. Зиндагӣ дар шаҳр осон набуд. Ҳарчанд хешон зуд-зуд аз аҳволаш хабар мегирифтанд, худ ҳамоно барои шароити хуби фарзандон заҳмат кашид ва онҳоро соҳибмаълумот гардонд.
Се духтару яккаписараш имрӯз паҳлуи модар ростанд. Нахли умеди модар самар овард, фарзандон мутахассисони хубе дар соҳаи худ гардиданд. Гулдухтари хурдӣ дар риштаи муносибатҳои дипломатӣ таҳсил дорад, модар дар чеҳраи ӯ шахсияти ояндаро мебинад.
Ҷасорати мардона
Аввалин иқдоми холаи Кишварой обод кардани мазори деҳа буд. Бо ёрии наздикон ва аҳолии маҳалла, мазорро аз вартаи харобшавӣ аз селу боронҳо раҳонд. Дар қарибии мазор қитъаи замини ноҳамвори бекорхобидае буд. Мавсуф азми сохтмони меҳмонхонаро дар ҳамин ҷой ба нақша гирифт ва соли 2018 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ муроҷиат намуд. Ин иқдомро мақомот бо хушҳолӣ пазируфт. Ва шуруъ шуд сохтмони меҳмонхонаи дуошёнаи сари роҳи Айнӣ-Панҷакент бо номи «Дашти Мазор». Ба гуфти холаи Кишварой, ҳоло 80 дарсади корҳо ба сомон расидаанд.
- Меҳмонхона аз 6 ҳуҷра иборат буда, ҳар ҳуҷра имкони ҷойгиркунии 4–5 нафарро дорад. Ҷойи дастшӯии онҳо алоҳида сохта шудааст. Кӯшиш мекунем дар наздиктарин фурсат корҳои ороиширо ба сомон расонда, ба муштариён пешкаш намоем. Вақте мо ин иқдомро пеш гирифтем, маблағи казоие надоштем. Баъзан бо роҳи ҳашар, мардум ёрӣ расонданд. Муддати чор сол аз харҷҳои беҳудаи рӯзгор даст кашидем, не калон хӯрдем, не ороста пӯшидем. Маблағҳоро сарфакорона барои сохтмон истифода бурда истодаем, - мегӯяд бонуи бохирад.
Рӯзгордорӣ
Холаи Кишварой имрӯз барои се набераи дӯстрӯякаш момои меҳрубон гардидаву эшонро дӯст медорад. Саҳми модарро дар тарбия фарзандон бас муҳим мешуморад.
-Дар баробари маълумоти олӣ духтар бояд кору бори хонаро уҳда карда тавонад. Ҳунари дӯзандагӣ, пазандагӣ барои зан аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Доим ба духтаронам маслиҳат медиҳам, ки хушдоман низ модар аст, ҳеҷ гоҳ бар зарари ту намегӯяд. Суханашро бояд гӯш дод, ба гуфтааш амал кард. Хизмати хусуру хушдоманро ба ҷо оред, то келини ту низ дар оянда хизмататро ба ҷой орад. Хусуру хушдоман мисли офтобанд, ба фарзандон гармиву рӯшанӣ мебахшанд.
Дар замонҳои мо ҷудошавӣ аз шавҳар як фоҷиа буд. Ҳолати имрӯзро менигарам, ин як чизи муқаррарӣ миёни оилаҳои ҷавон гардидааст. Муқаддас будани оиларо намефаҳманд, шояд баъди чанд сол сарфаҳм раванд, вазифаи мо - волидон аст, ки нагузорем фарзандонамон ба хатоӣ роҳ диҳанд, - бо таассуф иброз медорад модари рӯзгордида.
Гуфтаи модар
Кишварой модари хешро беҳтарин зан дар тарбия намудани фарзандон мешуморад. Ва то ҳол аз зарбулмасалу мақолҳои модар истифода мебараду ба фарзандонаш тавсия медиҳад: «Дандони оҳанин даркор, то нони шавҳара хӯрӣ», «Гапи хубро шунав, гандаашро не», «Каҷ шину рост гӯй», «Доим чеҳраатро хандон гир, ҳарчанд дарунат гиряд»…
Ҳини суҳбат эҳсос намудам, ки ӯ бонуест бо ҷасорати мардона. Аз гуфтаҳояш маълум буд, ки ӯ дар азмаш доим устувор будаву ҳаст. Ҳамчун соҳибватане барои ободии Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳалолат бод, рӯзгору зиндагӣ!
Фарзона ВОСЕЕВА,
ноҳияи Айнӣ