Ин маротиб аз рӯи касби рӯзноманигорӣ маро иттифоқ уфтод бо як тан аз шахсиятҳои маърӯфи музофоти Кӯлоб, муаллима ва тарбиятгари чандин наслҳо дар Кӯлоб, Аслбӣ Шарифова сӯҳбат кунам. Ба ростӣ, дар чорабиниву маъракаҳои зиёд, ки эшон он ҷо гули сари сабад мебошанд, бо ӯ зиёд вохӯрдаем.
Дари хонаи муаллима кушода шуд ва ман дар рӯ ба рӯи худ ҳамон чеҳраи зебои моломоли табассумро дидам. Чун одати бештари занони тоҷик он кас саломатии ҳафт пушти маро пурсонӣ карданд. Аз сӯҳбати он кас воқиф шудам, ки муаллима дар оилаи Шарифхӯҷа – котиби комиҷроии ноҳияи Нулванд (Дарвози кунунӣ), соли 1940 таваллуд шуда аст. Баъдтар бо супориши партия Шарифхӯҷа барои кор ба водии Кӯлоб меояд ва Аслбӣ то синфи панҷум дар ноҳияи Мӯъминобод таҳсил мекунад. Ба он хотир, ки ин даврон кам касон ба макотиби олӣ ҳуҷҷат месупориданд, баъд аз синфи шашу ҳафт довталабон ба омӯзишгоҳҳо дохил мешуданд. Аслбӣ, ки аз духтарони фаъоли синф буд, яке аз довталабони асосӣ барои дохил шудан ба ин макотиб маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, соли 1954 ин духтараки деҳотӣ дар қатори нахустин духтарони кӯҳистон ба омӯзшгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Аммо Аслбӣ бо таҳсил дар ин ҷо иктифо накард ва баъди хатми омӯзишгоҳ ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи физика ва математикаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб супорид (бо тавсияи наздикон, ҳарчанд, ки дилаш майли риштаи забон ва адабиёт буд). Чуночи Аслбӣ Шарифова мегӯяд: « Ба бахти ман ҳамон сол институтро бастанд ва тӯли як сол фаъолият накард ва танҳо баъд аз як сол дигарбора фаъол гашт ва ман ин фурсати муносибро истифода бурда, ба факултаи забон ва адабиёт дохил шудам». Бояд гуфт, ки таҳсил дар институт ва оғози зиндагии мустақилона барои Аслбӣ тавъам афтод. Муаллими Шариф декани факултаи физика ва математикаи ин даргоҳ мегӯяд, ки бо як нигоҳ ошиқи ин паричеҳра гашт ва ба неву нестони падари Аслбӣ, нигоҳ накарда, ҳафт маротиба волидайни худро ба хонаи ӯ фиристод. Оқибат тӯй шуд ва Аслбии ҳамакнун «студент» ва бонуи хонаро ӯҳдадориҳои нав дар зиндагӣ пеш омаданд. Аммо таҷрибаи дар хонаи падар ҳанӯз касб карда ва насиҳати модар ба кор омаданд ва Аслбӣ дар анҷоми кори рӯзгор ва таҳсил аз пешқадамон буд. ӯ мегӯяд: «Барои ман зарур буд шавҳарамро, ки хеле марди маданӣ ва олуфта буд, ҳар субҳ омодаи кор кунам ва худ низ ҳамчун зани декан намуна бошам». Воқеъан зиндагии ин ду фарди соҳибмаърифат китобест, ки онро бояд варақ гардонд ва сабақ омӯхт. Муаллими Шариф- падари хонадон ҳамчун нафари сахтгир ба фарзандон вазифаву ӯҳдадориҳои навбатӣ медод. Ҳамин обутоби оилавӣ буда, ки шаш нафар фарзандон Фирӯза, Бахтиёр, Сураё, Наргис, Суханоро ва Содиқҷон соҳиби маълумоти олӣ ва хонаву дари худанд.
Аслбӣ дар як муддати кӯтоҳ аз як муҳассили пешқадам ба зани фаъоли даврон табдил меёфт. Даврони Шӯравӣ дар Кӯлоб тамоми боғчаҳои бачагонаро русзанон идора мекарданд, то ҳадде, ки дояҳо низ ҳама русҳо буданд. Бо ҳидояти Мирзо Бегматов ва Оиша Сарварова роҳбарони вақти кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳри Кӯлоб барои нахустин маротиб аз шумори занҳои маҳаллӣ Аслби Шарифова мудири боғча таъйин шуд. Ин таъйинот албатта, ба қавле қиёматеро мемонд, аммо бо кордонии худ Аслбӣ Шарифова исбот кард, ки занҳои тоҷик низ аз ӯҳдаи ин гуна корҳо мебароянд. Ин аввалин қолаби давр буд, ки ба дасти ӯ шикаста шуд. Аз ин ба баъд Садафмоҳ Ғурбатова, Марям Нозимова ва дигарон ба ин маснадҳо роҳ ёфтанд.
Ҳамин тариқ, ӯ аз соли 1967 то 1975 дар ин вазифа кор кард ва баъдан то соли 1980 дар китобхонаҳои вилоятӣ ва чанд мактаби дигар фаъолият карда аст. Аммо роҳбарият хуб медонист, ки ҷои Аслбӣ аз ин мақомҳо баландтар мебошад, чунки дар ҳама чорабиниҳои кӯчаку бузурги шаҳриву вилоятӣ номи ӯ дар сархати масъулини ӯҳдабаро буд. Ҳамин тариқ, соли 1980 Аслбӣ Шарифова муовини раиси комиҷроияи шаҳри Кӯлоб таъин гардид. Аз саҳифаи китоби фаъолияташ муаллима зиёд чизҳоро нақл кард, аммо як кори кардаи эшон, ки боиси шикасти як қолаби дигар дар он даврон буд, хело шуниданист. ӯ гуфт, ки: «Солҳои ҳаштодуми асри гузашта хурӯҷи хурофот ва таъсуби диндорон ба авҷи аъло расида буд. Мардум бидуни ҳидояти Қуръони азиму шаън дар маросимҳои динии худ исрофкорӣ мекарданд. Дар ҷанозаҳо маросими «Сари тахтагӣ» ва «Иртиш» зиёд дида мешуд ва маълум буд, ки мо бо қувваи худ ин авҷро шинонида наметавонистем. Рӯзе мулло Ҳайдар Шарифзодаро бо устодаш – мулло Қосим, ки ҳарду аз шахсиятҳои маъруфи давр буданд, ба утоқи корӣ даъват кардам, то сари ин мавзӯъ як конфронс гузаронем. Албатта, шунидани ин масъала барои котибони якуми партиявии шаҳр ва вилоят дар он давраҳо ба чӣ баробар буд, худ қазоват кунед. Аммо ман бо ҳама забон ёфта, конфронси муллоҳоро даъват кардам ва ин масоилро мавзуи баҳс қарор додам. Бояд бигӯям, ки мо муваффақ шудем ва то дараҷае роҳи таассуб ва хурофот гирифта шуд. Аммо бо ин кори мо анҷом наёфт. Он замон андак -андак бӯи зуҳӯри тарғиби идеологияи бегона бо дасти муллоҳо ба машом мерасид. Ҳатто, дар миёни хонандагони макотиб афроди майлпайдокарда ба ин ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба чашм мерасид ва дар дасти эшон васиятномаву насиҳатномаи аз он дунё гӯё мефиристода ёфт мегардид ва ин масъаларо низ ба ҳамин тартиб ҳал кардем».
Имрӯз Аслбӣ Шарифова аз тарзи либоспӯшии духтарони тоҷик изҳори таасссуф дорад. Ба гуфтаи ӯ сатр барои духтари тоҷик моли бегона аст ва ин фарҳанги бегона ҳаргиз ӯро зеб намедиҳад. ӯ бо такя ба таҷрибаи зиндагиву фаъолияти худ мегӯяд: «Ман дар бузургтарин маҷлисҳои партиявӣ, ҳатто дар пойтахти кишвар – шаҳри Москва бо либоси милли тоҷикӣ рафтам ва он замон заррае ор накардам ва ҳоло бошад, ифтихор дорам». Ман куртаи тоҷиконаро дар Минску Киев, Ригаву Вилнюс муаррифгар будам.
Аслбӣ Шарифова фаъолияти худро ҳамчун директори мактаби рақами 9 - и шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонид. Дар тӯли фаъолияти устодӣ садҳо шигирдонро ба воя расонида аст, ки имрӯз дар маснадҳои баланди давлатӣ фаъолият доранд. Ба гуфти муаллима танҳо маориф метавонад миллатро аз ҳама газандҳо эмин дорад. Зеро рӯ ба мактабу маориф овардан ва насли ҷавонро дар рӯҳияи милатдӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбият кардан, омили аслии сарбаландии миллат ва шукӯфоии кишвар мебошад.
Аслбӣ Шарифова инак чанд солест, ки дар нафақаи давлатист ва дар сояи давлати фарзандон умри пирӣ меронад, аммо то он ҷое, ки муаллимаро мешиносам ҳанӯз ҳам ҷавону чолоку омода ба ҳама кор менамояд. Хизмат ба халқу Ватан, ростқавливу росткорӣ ниятҳои неку накӯ ӯро миёни мардум соҳиби обрӯ карда аст. Шояд сари як сӯҳбат тамоми китоби рӯзгори ин зани некбину некандешро варақгардон кардан имкон надорад, аммо то ҷое тавонистем онро барои бардошти сабақ саҳфагардон кардем. Боқӣ дар умри ҳафтод ба модари азиз саодату пирӯзӣ мехоҳем.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ
ш.Кӯлоб