14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИКОҲҲОЮ ТАЛОҚҲО – ҒАМУ ШОДИҲО (2)

Аввалаш дар шумораи гузашта (август – 2010) 

 

Дин - маҷмӯи ҳуқуқҳо ё роҳи «халосӣ»       

     Варианти  чоруми  рафтор  русуму  одатҳост. Вақте  шахс  аз  ҳолати  баамаломада  роҳи  баромад намеёбад ва одаме нест, ки маслиҳати пухта дода тавонад, танҳо дин мемонад, ки дар он ҳама чиз возеҳу фаҳмо ва дақиқ баён шудааст. Яке аз ҳамсӯҳбатонам  мавҷудияти  тоқатшиканашро  дар оилаи  дигар  чунин  тавсиф  кард:  тақдир.  Қазову қадаре,  ки  қаблан  дар  боло  муқаррар  шудааст. Чун ҷуброни ин ӯ (зан) дар олами дигар хушбахтона зиндагӣ мекунад. Вақте аз Қуръон дар мавриди он ки шавҳар ҳангоми талоқ ӯҳдадор аст таъминоти 40­солаи занашро пешакӣ диҳад, иқтибос овардам, ӯ маро ба куфргӯйӣ айбдор намуд. Зеро дар ин  бора  –  дар  хусуси  он  ки  Қуръон  ҳуқуқи  занро дар  ҳама  ҳолат  аз  қонунҳои шаҳрвандии муосир хубтару беҳтар ҳифз мекунад, ҳеҷ кас, ҳеҷ гоҳ, дар ягон ҳолат намегӯянд, қатъи назар аз нашрияҳои назариявӣ ва дар онҳо ҳам хеле кам.

      Вале, чи тавре ман аз ҳамон зан шунидам, маълум шуд, ки сатр ­  либоси қадимаи арабҳо, ки вазифааш муҳофизат аз чанги  доимист, фарз мебошад, яъне пӯшиданаш барои ҳамаи мӯътақидони ислом  ҳатмист. Охир,  кадоме  пинҳонӣ    ба  занон  бидъатро    талқин  мекунад. Мақсад  боз  ҳамон  – мавқеи ҳукмфармоиро дар оила гирифтану занро боз бештар беҳуқуқ намудан. Дар мавриди мазкур бо кӯмаки эътиқод.

     Варианти  панҷум,  ки ман  онро  «фавқулодда» номидаам, худкушист.

     Аз чӣ бошад, ки дар мо  худкушии занон шакли фавқулодда дорад – худсӯзӣ. Ба он дар мавриде рӯ меоранд,  ки дигар намунае аз рафторҳои дар боло  зикрнамудаамон  қобили  қабул  нест.  Яъне, вақте маълум мешавад, ки шахсан ба муҳити хонаводаи  дигар  ворид  шудан  имконнопазир  асту роҳи гурез вуҷуд надорад, исён аз рӯйи хулқу атвор шоистаи қабул нест, расму оин ҳам аз ҷиҳати душвории қабулаш рад мешавад.

     Ва  шашум,  чун  варианти  бештар  маъмулу паҳншудаи  намунаи  рафтор  талоқро  номбар мекунам.                 

Шӯйи хеш  ҳам зани бегона мегирад?

     Мегӯянд,  ки  никоҳҳои  хешутаборӣ  пойдору мустаҳкаманд,  чунки  ҳамаи  он  нофаҳмиҳои  бунёдии дар боло зикршуда дар ин маврид, қобили қабул  нестанд, духтар  ба  хонадоне  ворид мешавад,  ки  аз  кӯдакӣ медонист  ва  аз  ҷиҳати  равонӣ низ  зарурати мутобиқат  нест. Вале маълум шуд, ки ҳамаи ин на он қадар содда будааст.

     Талоқ  бо  ваколатнома.  Ҳоло  ин  тавраш  ҳам имкон  дорад.  Суди  шаҳри  Қайроқум  ҷудошавии оилаеро  баррасӣ  намуд,  ки  чун  шахси  бовариноки  шавҳар  хушдоман  баромад  кард,  шахсе, ки  моҳиятан  аз  ҳама  бештар  инро  мехост  ва  ба мақсадаш расид.

     Аз  куҷост ин  қадар бетафовутии мардони мо, ки  худашон  аз  ҳамсарашон  ба  таври  муқаррарӣ ҷудо шуда наметавонанд.

     Ҳоло  ин  хушдоман  мехоҳад  аз  келин  манзилашро кашида гирад. Келин, бар замми ҳамаи ин, ҷияни худи ӯст.

      Ҳуқуқшиносони  бевиҷдоне  ёфт  шудаанд,  ки ҷиҳати  имконпазирии  гирифтани  охирин  мероси ба келину ду набера аз ин никоҳи бебарор мондаро муяссар намудан мекӯшанд.

      Ман ба ин зане, ки рафтораш дар сарҳади васвосигист, нигариста аз дил  гузарондам: «Маълум, ки ӯ аллакай ҳаёти келинашро (ҷиянашро) шикаст, ду набераашро ба бепадарӣ маҳкум кард. Аммо бо қатъият  мубориза  бурданист,  на  худро  дареғ  медораду на маблағ ва на писарашро (воқеан, акнун мард ҳам, барои он ки манзили зистро кашида гирад,  дар  суд  иштирок  мекунад).  Ҳамааш  маълум шуд – дар  вақташ ӯ низ аз хушдоманаш ҷабр дида будааст. Акнун озору аламҳои   дар оилаи бегона, яъне шавҳар дидаю солҳо ҷамъшударо аз келинаш меситонад. Ин ҷо ранҷиши рӯҳӣ то андозае пурзӯр аст, ки риштаҳои хешутаборӣ ҳам  ақли солимро ба кор   надаровардаанд.» Ва никоҳи хешутаборӣ низ на як оилаву ду оилаи аз як авлод баромадаро душмани ашаддӣ гардонидааст.

 Идома дорад… 

Абдуҷаббор Абдуҷалилов

(аз русӣ тарҷумаи Барно Султонова)

:.  Иҷтимоъ 05.11.2010 06:44 3100

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz