Баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, беҳдошти сатҳи иҷтимоӣ ва ҳалли масоили марбут ба ҳаёти рӯзмараи ӯ аз тасмимҳои ҷолиби давлатдории мо ба ҳисоб меравад. Аммо амалӣ гардонидани ба-рномаҳои мар-бут ба беҳ-дошти ҳаёти иҷтимоии бо-нувон, аз қабили дастрасии онҳо ба истеҳсолот ва бартараф намудани моне-аҳо дар таъ-мини мавқеи занон дар ҷомеа бидуни ишти-роки фаъоли худи бонувон имконнопазир аст.
Тулӯи «Cапеда»
Ҳамин андеша кору зиндагии духтури дармонгоҳи №4 шаҳри Кӯлоб Дилбар Нурматоваро тағйир дод ва бонуи табиб аз дармони ҷисми инсонҳо роҳи даво ҷустан ба дардҳои иҷтимоии мардумро пеш гирифт.
Баъди омӯзиши афкори умум ва вазъи иҷтимоии мар-дум бонуи Дил-бар нахуст итти-ҳодияи ҷамъ-иятии «Сапеда»-ро таъсис дод, ки барнома ва лоиҳаҳои марбут ба ҳалли муш-килоти бонувони деҳотро тарҳрезӣ менамуд. Пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар оила яке аз нахустин барномаҳои иҷтимоие буд, ки Дилбарро дар байни мардум ҳамчун муҳофизи бонувони маҳал муаррифӣ кард. Вохӯрию баҳсу муҳокимарониҳо атрофи зӯроварӣ нисбати занону духтарон дар оила, огоҳӣ аз вазъи бонувони деҳоти навоҳии Ҷалолиддини Румӣ ва Ҷилликӯл Дилбар Нурматоваро ба мардум наздиктар кард. Аз ин ба баъд маркази «Сапеда» барои аҳли ҷамоати деҳот ба як даргоҳи арзу ниёзҳо ва омӯзиши мушкилиҳои умдаи минтақа табдил ёфт. Бонувони кордони ин марказ бо таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ масъалаҳои мубрамеро аз қабили пешгирии паҳншавии бемории НМБ ва нашъамандӣ, солимии репродуктивии модару кӯдак мавриди ҳаллу фасл қарор додаанд. Бо мурури замон шароити зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меоварду Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби ҳар чӣ бештари бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тадбирҳои нав ба нав меандешид.
Дар ҳамон шабу рӯз лоиҳаи навбатии Дилбар «Омӯзиши занон аз асосҳои соҳибкорӣ» аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфт. Тавассути ин барнома садҳо нафар бонувон нозукиҳои тиҷоратро аз бар намуда, дар бахшҳои савдои чакана, таъсиси корхонаҳои хурду хоҷагиҳои деҳқонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб карда мешуданд. Тавассути ин гуна лоиҳаҳо бонувони фаъоли минтақа ба кишварҳои ҳамсоя сафар карда, аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии хеш бархурдор гардиданд.
Рушди тиҷорати миёнмарзӣ
Дилбар Нурматова яке аз нахустин бонувони тоҷик мебошад, ки барои тараққиёти тиҷорати байни Тоҷикистону Авфғонистон гомҳои усутувор бардоштааст. Баъди кушода шудани «Пули дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ, ки роҳҳои мошингарди Тоҷикистону Авфғонистонро ба ҳам пайваст, бо ташабуси ӯ намоиши фурӯши дастовардҳои ҳунарии косибони тоҷику афғон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Қундуз баргузор шуд. Дар доираи ин лоиҳа бонувони тоҷири тоҷику афғон имконият пайдо карданд, ки молу колои худро берун аз марзи кишвари худ ба фурӯш гузоранд. Ҳамзамон дар ин давра бо ташабуси ИҶ «Сапеда» маркази машваратдиҳӣ барои дифоъ аз ҳуқуқҳои тоҷирони тоҷику афғон дар вақти гузаштан аз нуқтаҳои гумрукии наздисарҳадӣ ва будубош дар ин ё он кишвар таъсис дода шуд. Ин барномаҳо дар густариши тиҷорати миёнмарзии соҳибкорони хатлонӣ ва вилоятҳои наздисарҳадии Афғонистон нақши муҳим бозидааст.
Бонуи бунёдкор
Ҳамин тавр, сол то сол доираи фаъолияти маркази «Сапеда» фаррохтар мешуду бонувони кордони он бо сарварии Дилбар Нурматова дар ҳалли мушкилоти мардум таҷрибаҳои нав ба навро касб мекарданд. Солҳои баъдӣ лоиҳахои гуногуни «Сапеда» дар самти барқарор кардани трансформаторҳо ва хатҳои барқ дар маҳаллаҳои гуногуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, сохтмони мактаби рақами 55 барои 540 нафар хонанда, бунёди хатти обгузар, ташкили маркази қарздиҳии хурд дар ноҳия маблағгузорӣ шуданд. Оғозу анҷоми ҳар як лоиҳа Дилбарро бо мардумони қавму миллатҳои гуногуни навоҳии минтақа наздиктар мекард. Бешубҳа, расидагӣ ба мушкилоти мардум, ҳамкориҳои судманд бо секторҳои гуногуни ҷамъиятӣ обрӯи бонувони маҳалро дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва созмону ташкилотҳои хориҷию дохилӣ торафт баланд мебардошт.
Шиори зиндагӣ
Батадриҷ ба шарофати фаъолият дар самти ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум Дилбар миёни ҳамагон соҳиби иззату эҳтиром шуд. Натиҷаи маъракаҳои интихоботии соли ҷорӣ шаҳодати ин гуфта аст. Вақте ки бо пешниҳоди ҳамдиёрони хеш Дилбар Нурматова номзадии худро пешбарӣ карда, якбора намояндаи мардум дар маҷлисҳои ноҳиявию вилоятӣ шуд, ба суоли хабарнигорон оид ба ин рухдоди ҳайратовар гуфт: «Аз ҷавонӣ шоҳбайти
Ҳар он к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дустрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
–пайваста вирди забонам буд. Тақрибан ҳар субҳ пеш аз кор ин мисраъҳоро зам-зама мекардам. Бо мурури замон мароми ин шеър шиори ман дар зиндагӣ шуду аз ҳикматаш орзую ормонҳои худро амалӣ кардам.»
Ҳамдиёрони Дилбар Нурматова мегӯянд, ки натиҷаи интихоботи вакилони маҳаллӣ дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ самараи ҳамон ҳамкориҳои иҷтимоии сарвари «Сапеда» бо мардум буд. Ҳамчунин, таҷрибаи ин ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ собит сохт, ки дар беҳдошти ҳаёти иҷтимоии занони деҳот фаъолияти худи бонувон дар тамоми сохторҳои давлатию сиёсӣ ҳатмӣ ва зарур аст. Бонуи вакил ваъда кардааст, ки масоили ҳалталаби занону духтарони деҳотро мавриди муҳокимаи вакилони ноҳия ва вилоят қарор медиҳад.
…Вақте матлаби мазкур омода мешуд, иттилоъ расид, ки бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Нурматова муовини раиси ин ноҳия таъин шудааст. Ӯ дар бобати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа чунин андеша дорад: «Мавриди иҷроиш қарор гирифтани барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар ҶТ барои солҳои 2001-2010» ва «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» худ як ҷунбише буд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии бонувони Тоҷикистон. Аммо барои дар амал татбиқ кардани ин ва дигар иқдомҳои давлатӣ кори зиёд лозим аст. Аз ҷумла, бояд тарбияи духтаронро барои фаъолият дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳанӯз аз замони таҳсилашон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз кунем».
Таманно дорем, ки ин зани ҷӯянда дар хидмати давлатӣ низ ба он комёбиҳое ноил шавад, ки дар кору пайкори ҷамъиятӣ ба даст оварда буд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ