Роҳбарзанон таҳҷойӣ нестанд
Аз 97 ҳазор аҳолии ноҳияи Қумсангир 53 ҳазору 808 нафар, ё худ беш аз 55%-ро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аммо бонувон камтар аз 10% вазифаҳои роҳбарикунандаи ноҳияро дар ихтиёр доранду халос. Нишондиҳандаи ҷалби духтарони деҳот ба муассисаҳои таълимӣ низ дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҷавобгӯйи талабот нест.
Аз сӯҳбат бо бонувони кордони ноҳия маълум шуд, ки бештари занони дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия фаъолиятдошта нафарони баъдан аз дигар минтақаҳои кишвар ба Қумсангир муҳоҷиршудаанд.
Гулрухсор Сафарова, сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия иброз медорад, ки мардуми бумӣ ҳанӯз аз даврони шӯравӣ ба илму донишандӯзӣ шавқу рағбат надоштанд. Муҳити оилавӣ чунин сохта шудааст, ки тамоми кори вазнини саҳро ва хона бар дӯши бонувон аст. Фаҳмишҳои мардумӣ бобати тақдири минбаъдаи духтарон дар сатҳест, ки ҷавонон дар симои онҳо, ба ҷуз нақши хидматгор, касеро дида наметавонанд. Сокинони ноҳия оид ба вазифаи занон дар оила ҷавобҳои якранг медоданд, яъне рӯбучини хона, хӯрокпазӣ, кӯдакбонӣ, нигоҳубину чорвою тоза кардани оѓил, обкашӣ ва фарзанд ба дунё овардан.
Номи занон дар дастаи каланд
Ё Мушкили деҳотиён ва асрори кадрӣ
Мижгонбӣ Шарифова, бонуи хонашин аз Қумсангир мегӯяд: «Мардуми деҳот барои таҳсили духтарон монеъа эҷод мекунанд. Падарам аз дин хуб огоҳ буд. Ман аз нақлҳои ӯ нағз дар хотир дорам, ки пайғомбари ислом Муҳаммад (с) дар бораи ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва оила андешаҳои одилона доштанд. Аммо мардум монеи илмомӯзии духтарони худ мешаванд. Агар духтарони мо дар мактабҳои олӣ хонда, соҳиби касбҳои гуногун шуда, кор кунанд, хуб аст ё як умр дар гармои саҳро ранҷу машаққат кашанд? Ё номи занону духтарон дар дастаи каланд навишта шудааст? Агар кори саҳро хуб мебуд, мардони мо роҳи Русияро пеш намегирифтанд. Ба фикри ман, мардон дар нисбати бонувони хонадони хеш бераҳманд».
Аммо шавҳари Мижгонбӣ - Илҳомиддин Шарифов чунин изҳори андеша кард: «Аз азал дар байни мардуми мо мактабхонии духтарон гуфтанӣ сухан набуд. Ман намедонам, мардуме, ки ҳатто дар давраи коммунистӣ нагузоштаанд духтаронашон ба мактабҳои олӣ раванд, дар замони демократия ба ин ризоят медиҳанд ё на? Ба фикрам, барои оилаҳои деҳотиро ба талаботи замон омода кардан бояд ҳукуматдорон бо халқ бештар кор баранд. Агар аз мактабу беморхонаҳои дурдасти ноҳияи мо хабар гиранд, ҳисоботи дурӯғини баъзе аз мақомот дар бораи омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар маҳал фош мешавад».
Чӣ бояд кард?
Фирӯза Шамсова, сардухтури ноҳия бошад, мегӯяд, ки дар Қумсангир, 70% кормандони соҳаи тандурустиро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 15 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ буда, 9 нафар кадрҳои ҷавонеанд, ки дар курсҳои болоии Донишгоҳи тиббии кишвар таҳсил мекунанд.
Мақсудой Обидова, сардухтури таваллудхонаи марказии ноҳия иброз медорад, ки дар ноҳия момодояҳо намерасанд. Албатта, ҳар як духтари деҳотӣ хоҳиши хондан дорад, аммо мушкил ин аст, ки волидайн монеъ мешаванд. Мо дар бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои дурдасти ноҳия ҳатто ба нигаҳбонҳо эҳтиёҷ дорем. Бонувони деҳот норасоии кадрҳоро дар соҳаи тандурустӣ дарк карда, орзуи соҳибкасб шудан доранд. Имрӯз байни бонувони деҳот бемориҳои камхунӣ, гурда, ҷоғар зиёд шуда истодааст, ки аз сатҳи пасти зиндагии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Барои ҷалби духтарони деҳот ба илму касбомӯзӣ шояд ташвиқу тарѓибро аз масҷидҳо оғоз кунем, зеро таъсири падарону бародарон зиёдтар аст. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо масҷидҳо метавонад ба ҷалби духтарон ба илмомӯзӣ таъсири хубе расонад.
Зӯроварии миёншикан
Нуриддин Тағоев, сарвари мактаби таҳсилоти умумии рақами 11–и ноҳияи Қумсангир ибрози андеша дорад, ки бонувон дар сатҳи пасти иҷтимоӣ умр ба сар мебаранд. Ҷаҳонбинии бонувони деҳот дар сатҳест, ки оид ба сиёсати имрӯзаи давлат тасаввурот надоранд. Мардуми маҳаллиро номуси ҷавонмардиашон намебардоштааст, ки дар байни ҷамъият кор кардани бонувонашонро иҷозха бидиҳанд. Аммо чун зарурат пеш омад, ҳамсари худро барои муоина назди ягона духтур– гинекологи мард мебаранд. Бечора духтарони деҳотии Қумсангир бо як ҷаҳон орзую ҳавас то 15-16 солагӣ ба шавқу завқ мехонанду баъдан бидуни ихтиёр мактабро тарк мекунанд. Чанде пеш, дар як вохӯрӣ бо намояндагони шӯъбаи маорифи ноҳия, толибаҳои синфҳои болоии мактаби мо ошкоро гуфтанд, ки ба муқобили фишори падару бародаронашон коре карда наметавонанд.
Аммо Илчайзан Паллаева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир, бар ин назар аст, ки мушкилоти иҷтимоӣ, аз қабили афзоиши муҳоҷирати меҳнатии ҷавонмардон, бесарпаноҳ мондани оилаҳои ҷавон, афзоиши ҳодисаҳои азҳампошии оилаҳо ва маҳдуд гардидани ҷойҳои корӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ахиран оилаҳоро водор кардааст, то духтарони хешро соҳибмаълумот намоянд. Айни ҳол аз 44 мактаби ноҳия сарварии 4 мактаби таҳсилоти умумиро бонувон ба ӯҳда доранду халос. Сабаби чунин нишондоди паст норасоии кадрҳои болаёқат аз ҳисоби бонувон мебошад. Як сабаби дар мактабҳои олӣ таҳсил накардани духтарони деҳот ба мушкили иқтисодии оилаҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мо аз вазири маориф хоҳиш кардем, ки барои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат кӯмак намояд.
Намунае аз Қумсангир
Садафмоҳ Дилдорова аз зумраи омӯзгороне мебошад, ки баъди 13 соли ба нафақа баромадан ҳам бо кори таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Вақте соли 1965 бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Қумсангир омад, мардум ба ӯ ба назари шубҳа менигарист.
«Агар ҳамкории мактаб бо шӯрои падару модарон хуб ба роҳ монда шавад, дар якчанд соли наздик мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи омӯзгорӣ ва тандурустии ноҳия ҳалли худро меёбад. Зан, ки офаридаи азизи Худованд аст, ҳар рисолатеро, ки дар зиндагӣ бар дӯш гирифт, дар иҷрои он то охири умр содиқ мемонад. Шахсан ман ба синни 73 расидааму, аммо аз мактабу касби дӯстдоштаам як лаҳза ҳам дил канда наметавонам», – мегӯяд ӯ.
Агар 10%-и бонувони ноҳия мисли омӯзгори асил Садафмоҳ Дилдорова фидоии ин миллату сарзамин мебуданд, шояд дар Қумсангир мушкили кадр ба вуҷуд намеомад. Мутаассифона, то ҳол дар деҳоти дурдасти баъзе аз навоҳии Хатлон қолабҳои шахшуда дар муносибат бо занону духтарон монеи баланд бардоштани маърифати ҷомеа мешавад. Дар ин росто ноҳияи Қумсангир «намунаи ибрат» шуда метавонад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов