Бо муаллим аз ҳар боб суҳбат доштем. Ҳам аз пешаи интихобнамуда ва ҳам аз масъулияти роҳбариаш. Суханони самимона ва ҳарфҳои дилсӯзона дар мавриди ҳифзи муҳити зист ва боигариҳои табиат мегуфт. Бо оҳанги некхоҳона аз хоку оби диёр ва сарватҳои он, ки барояш азиз аст, тараннум менамуд.
Аз рафти суҳбат аён гашт, ки ин бонуи соҳибтаҷриба, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Дилором Сайдаҳмадзода, ҳисси баланди инсондӯстӣ ва муҳаббат ба наздикону шогирдон ва ҳамкорон дорад. Дилбохтаи касб асту эҳтиромаш ба ҳампешаҳову устодон беандоза.
Бо роҳи волидон
Дар хонаводаи омӯзгорон ба воя расидаам. Модарам аз математика ба хонандагон дарс мегуфту падарам омӯзгори фанни забони русӣ буд. Шояд шавқу завқи омӯзгорӣ аз волидон маншаъ гирифт, ки миёни фарзандони оила пешаи онҳоро интихоб намудам.
Замони мактабхонӣ ба ҳама фанҳо шавқ доштам, вале ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳам бештар буд. Бахусус, олами набототу ҳайвонот диққати маро ба худ зиёдтар ҷалб намуд. Ҳамин эҳсоси табиатдӯстӣ ва муҳаббат ба олами мавҷудот маро соли 1985 ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) овард. Пас аз хатми факултаи биология ба мактаби зодгоҳ – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Кулоб баргашта, ба фаъолият пардохтам.
Бо тақозои вазъи оилавӣ ба шаҳри Душанбе омадем ва фаъолияти минбаъдаамро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома бахшидам. Вақте корро дар муассисаи олӣ оғоз намудам, зарурати ба фаъолияти илмӣ даст задан пеш омад. Маслиҳату машварати падар, ки аз хурдтарин дастовардам меболид, роҳнамоям буданд. Дастгирии ҳамсар, ки ҳафтаҳо ба кори илмӣ машғул мешудам ва имкони сари вақт расидагӣ ба кори рӯзгор надоштам, боиси муваффақ гаштанам дар ҷодаи илм шуд. Инчунин, сахтгирии роҳбари илмиам академик Зубайд Убайдов сабаби то ба ин зинаҳо расиданам гардид. Дар мавзуи «Таъминоти педагогии таълими тафриқа дар мактабҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиамро ҳимоя намудам. Шуруъ аз соли 2010 ба навиштани китобҳои дарсӣ ва монография шуғл меварзам.
Мактабе, ки бояд аз он омӯхт
Маркази «Омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» бо фармони Президенти кишвар аз 29 феврали соли 2020 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Сарфарозам, ки алҳол роҳбарии ин марказро ба дӯш дорам ва дар талошам, то бо масъулияти баланд рисолати хешро адо намоям.
Дар Маркази мазкур ходимони илмӣ ба пажӯҳиши тамоми самтҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне мактаби давлатдории Пешвои миллат, ки бояд аз он омӯхт, шуғл доранд. Ба хонандагону шунавандагон тариқи нашри китобу монографияҳо ва доир намудани конфронсу мизи мудаввар аз фаъолияти мактаби давлатдории Раҳбари давлат мавод пешкаш мегардад.
Инчунин, тибқи лоиҳаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. Масъалаҳои ташаккул ва рушд», бояд 5 ҷилд китоб чоп шавад. Хушбахтона, аллакай 3 ҷилди он ба табъ расида, дастраси хонанда гардид. Чанде пеш китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯз ва эҳёшавии ҷашнҳои миллӣ» рӯи чоп омад, ки 300 саҳифаро фаро мегирад. Дар китоб аз давраи таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз то имрӯз маводи пажӯҳишӣ бо қалами донишмандони тоҷик гирд оварда шудаанд, ки баёнгару собитсозандаи иди миллии тоҷикон будани Наврӯз мебошад.
Соли равон ба омӯзиш фаро гирифтани магистрантҳо дар 2 ихтисос: «Идоракунии давлатӣ» ва «Сиёсат ва дипломатия» дар дастгирии сиёсати имрӯзаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувор маҳсуб меёбанд.
Боигарии табиат сарвати бебаҳои ҳар давлату миллат аст
Вақте тасмими ба фаъолият пардохтани «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» гирифта шуд, мебоист нақшаи таълимӣ барои шунавандагон таҳия гардад. Дар он фанҳое ворид шуданд, ки ҳамаи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии имрӯзаи давлатро дар бар мегиранд. Пешниҳоди ин ҷониб дар мавриди омӯзиши муҳити зист ҳамчун фанни алоҳида аз ҷониби роҳбарият пазируфта шуд. Ҳоло фанни «Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи табиат ва боигариҳои он» ба шунавандагон омӯзонда мешавад.
Воқеан, аз нигоҳи экологӣ мушкилиҳои зиёде аҳли сайёраи Заминро ба ташвиш овардааст. Пас, вақте мушкилӣ ҷаҳонӣ бошад, дар ҳалли он ҳама бояд саҳм бигирем. Аз кӯдаки боғча то пиру барно, сарфи назар аз касбу кор, хоҳ шаҳрванди одӣ бошад ё хизматчии давлатӣ ё олиму адиб…
Чун омӯзгори ин фан ҳастам ё шояд дӯстдориам ба табиат бошад, ки бемаърифатии бархе аз сокинон нисбат ба муҳити зист оромам намегузорад. Одитарин қоидаҳои ҳифзи муҳити атроф аз ҷониби шаҳрвандон риоя намешаванд ва маърифати экологии мардум дар сатҳи паст қарор дорад.
Замоне «Одам шоҳи табиат аст!» - ро иддае шиор карда боигариҳои табиат: бешаву ҷангал ва мамнуъгоҳҳоро бераҳмона ғорат мекарданд, ҳоло вақти он расидааст, ки ин шиорро сарфи назар кунем. Табиат хонаи мост ва сарвату хоку неъматҳои онро ҳифз намоем ва рисолат аст, ки дигаронро фаҳмонем, то онҳо низ аҳамияти ҳифзи муҳити зистро дарк созанд. Тарбияи экологӣ, дӯст доштани олами мавҷудотро дар хонавода ба фарзандон аз синни хурдсолӣ мебояд омӯзонд. Дар боғчаю мактабҳо барномаҳои махсуси тарбиявӣ дар бобати баланд бардоштани маърифати экологӣ роҳандозӣ шаванд.
Боигариҳои табиат боигарии ҳар давлату миллат аст. Имрӯз, ки ҷавонон таҳти дастгирӣ ва роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва такмили донишу ихтисос ҷалб шудаанд, рӯзе чун мутахассисони варзида ва олимони соҳа рӯи кор меоянд, ки тавассути коркарди боигариҳои табиати нотакрори Ватан иқтисоди кишварро боло мебаранд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО