муҳовара бо роҳбари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 - и
ноҳияи Шуғнон Бунафша Давлатназарова
- Хонандагони мактаби Шумо аз сабқати ҷумҳуриявии қаблӣ бо натиҷаҳои беҳтарин дар миқёси ноҳия баргаштанд. Аз ин бора мегуфтед.
- Сифати донишу тарбия ва қобилияти хонандагон арзишҳои асосие ҳастанд, ки аз рӯйи онҳо ба фаъолияти ҳар мактаб баҳо медиҳанд. Ҳайати омӯзорон аз он шоданд, ки заҳматҳояшон самар дод, шогирдонашон аз озмуни ҷумҳуриявии солҳои таҳсили 2020 - 2021 бо армуғон баргаштанд. Мунира Асматуллобекова аз фанни забони англисӣ соҳиби медали тилло, Алима Саидкозумова аз ин фан соҳиби ҷойи дувум шуд. Ду хонандаи дигар аз фанҳои забони русӣ ва математика ба мақоми савум мушарраф гардид. 12 хонандаи мактаб дар озмуни вилоятӣ аз фанҳои забони англисӣ, математика, биология ва география баранда шуда, дар сабқати ҷумҳуриявӣ ширкат меварзад ва интизор меравад, ки онҳо босарбаландӣ бармегарданд.
Маҳҷабин Давлатқадамова бо ихтирооташ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи маърифат» ба мақоми савум, ифтихорнома ва 10 ҳазор сомонӣ қадр шуд. Вай огоҳкунакӣ беноқил ихтироъ намуд, ки дар сурати хавфи фуромадани тарма ва ярч сокинонро огоҳ месозад. Дар шароити Бадахшон, ки манзилҳои истиқоматии зиёд зери хатари тармафароӣ ва ярч қарор доранд, ин ихтироот аҳамияти амалӣ дорад.
Хонандаи дигар дар озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба маданияти андозсупорӣ соҳиби ҷойи савум, ифтихорнома ва мукофотпулӣ шуд. Шарафмандем, ки дастпарвари мактабамон Шаҳноза Назарбекова бо дониши аъло аз ҳамаи фанҳо ва интизоми намунавӣ барандаи Стипендияи президентӣ гардид.
Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаҳина Муҳаббатқадамова, ки дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон соҳиби Шоҳҷоиза гашт, ифтихори мост. Дар ҷараёни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқот бо фаъолони ноҳия, ки моҳи сентябри соли гузашта сурат гирифт, Президенти кишвар ба ғолиби озмун барои ғайрату дониши хубаш таҳсин хонда, гуфтанд: «Духтарам, шумо медонед, ки аллакай донишҷӯ ҳастед».
Шаҳина бо қадрдонӣ аз Сарвари давлат барои роҳандозии чунин озмуни фарҳангӣ, ки шавқу завқро ба китобхонӣ зиёд намуд, посух дод, ки мехоҳад дар оянда ба сифати рӯзноманигор фаъолият намояд. Чунин муносибати самимии Пешвои муаззами миллат хонандагонро ба омӯзиши бештару беҳтари дарсҳо ва адабиёти бадеӣ ва волидонро ба саҳмгузории зиёдтар дар камолоти фарзандон ҳидоят менамояд.
Дастовардҳоро дар риштаи фанҳои дақиқ ҳанӯз нокифоя мешуморем ва бо назардошти эъломи 20 соли омӯзиши фанҳои дақиқ ба таълими ин фанҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир месозем. Ба мақсади ҷалби ҳар чи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ машғулиятҳои беруназсинфӣ доир менамоем. Сафи хонандагоне, ки ба фанҳои дақиқ мароқ зоҳир менамоянд, меафзояд. Бо иштироки омӯзгорони мактаб, ки курсҳои такмили ихтисос мегузаранд, ба мақсади баҳравар гаштани ҳамкорон аз донишу таҷрибаашон дар муассисаамон нишастҳои омӯзишӣ баргузор менамоем. Муаррифии дарсҳои намунавӣ усули дигари табодули таҷриба ва ҳавасманд намудани омӯзгорони беҳтарин ба такмили малакаашон аст.
- Аз оғози пайроҳаи касбиатон нақл мекардед?
- Донишгоҳи давлатии Хоруғро бо ихтисоси биолог хатм намуда, дар мактаби шаҳр ба омӯзгорӣ пардохтам. Ҳамзамон, бо бахши иттилоотии маркази санитарию эпидемиологии вилоят ҳамкорӣ доштам. Фаъолияти касбиамро дар маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Шуғнон идома дода, 10 сол дар вазифаи роҳбари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ёмҷ кор кардам.
- Сипас, сарварии ин муассисаи замонавӣ ва калонтарин дар ноҳияро ба Шумо бовар карданд?
- Бинои наву зебои мактаб мутобиқ ба талаботи замон ва муҷаҳҳаз бо тамоми ашё ва таҷҳизоти таълимии деҳаи Кушкро омӯзгорон, хонандагону волидон самараи сулҳу ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ медонанд. Дар ин ҷо хонандагон аз якчанд деҳа дарс мехонанд. Солҳои таҳсили ман паси мизи ин дабистон сипарӣ шудаву таърихи мактаби дӯстдоштаамро хуб медонам.
Се синфхонаи нахустини он дар охири солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда буд. Минбаъд дар солҳои гуногун ба таври ҳашар синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, дар охири солҳои 80-уми асри рафта дар ин дабистони садамавӣ, бештар аз 600 талаба дарс мехонд.
Сохтмони бинои нави мактаб бо сабабҳои гуногун кашол ёфт. Бо пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф, вақте дар мулоқот бо фаъолони вилоят масъалаи идомаи сохтмони муассисаи таълимӣ ба миён омад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лутфу меҳрубонӣ изҳор доштанд, ки сатҳи таълиму тарбия дар мактаби замонавӣ бояд ба дараҷаи баланд бошад.
Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби дуошёнаи замонавӣ бо тамоми шароитҳои таълиму тарбия бо фарогирии 840 хонанда дар ду баст дар муддати кӯтоҳ бунёд ва дар ҳузури худашон ифтитоҳ ёфт. Мактаб аз 21 синф, кабинету ҳуҷраҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва китобхона, ошхона, ҳаммом, майдончаҳои варзиш барои бозиҳои волейбол, футбол ва баскетбол иборат буда, тамоми шароит барои омӯзгорону хонандагон фароҳам гардидааст.
Дар мактаб 68 компютер, 3 тахтаи электронӣ, 11 видеопроектор, 13 принтер ва ду сканер дар хизмати муҳассилин ва омӯзгорон қарор доранд. Ба талабагон 36 омӯзгор дарс мегӯяд, ки 80 дарсадашон бонувонанд.
- Ҳамчун роҳбари ботаҷриба ба ҳампешаҳо ва омӯзгорони ҷавон чӣ тавсия медиҳед?
- Ҳамеша омӯзанд ва бо шавқу завқ ва дили гарм даст ба кор шаванд. Такмили малака дар ҷараёни омӯзиш ва кор ба ташаккули шахсият мусоидат менамояд. Сарвари ҷавон бояд дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ масъулиятшинос ва нисбат ба тобеон сахтгир бошад. Вале сахтгир будан маънои фармонфармоиро надошта, аз рӯйи адолат дуруст баҳо додан ва ҳавасманд гардондани амалу натиҷаи ҳар яке аз омӯзгорон аст. Вақте дар коллектив рақобати солим вуҷуд дораду ҳар омӯзгор ба натиҷаҳои таълиму тарбия ҳавасманд аст, пешрафт ногузир аст. Дар симои бештари омӯзгорони ҷавон идомадиҳандагони сазовори устодонро мебинам. Аз математика ва дигар фанҳо дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои сазовор шудан, далели муваффақ будани омӯзгорони ҷавон аст.
- Ба сифати баланди коргузорӣ ва дастовардҳо дар муассисаатон чӣ тавр ноил гардидед?
- Дастоварди ҳар муассиса аз коргузории намунавӣ оғоз мешавад. Хушнудам, ки тарзи коргузории мактаб яке аз беҳтаринҳо баҳогузорӣ шуда, дар ин замина чанде қабл барои роҳбарони мактаб аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва шаҳру ноҳияҳои вилоятамон ба манзури табодули таҷриба нишасти омӯзишӣ доир гашт. Дар солҳои роҳбари муассисаҳои таълимӣ буданам, қобилияти ҳуҷҷатгузориро такмил додам. Вале тарзи коргузории собиқ директорони ин мактаб, чун вақт ба вақт ба манзури омӯзиши таҷрибаашон ба бойгонии муассиса рӯ оварда, натиҷаҳои шурои педагогии солҳои рафтаро мутолиа менамоям. Сатҳи баланди саводнокӣ ва тозакорӣ дар нигориши ҳуҷҷатҳо, бо дилсӯзӣ ва масъулияти баланд масъалагузорӣ намудан ва ғайра бароям омӯзанда асту кӯшиш менамоям пайрави сазовори онҳо бошам.
- Тамошои осорхонаи мактаб ба ҳар кас таассуроти наҷибе боқӣ мегузорад…
- Мактаби мо ба номи нахустин генерали тоҷик Мастибек Давлатович Тошмуҳаммадов гузошта шудааст. Мавсуф дар деҳоти Поршинев таваллуд ёфта, фаъолияташро дар аввали солҳои 30-юми асри гузашта дар сафи комсомол дар вилоят ва сохторҳои он дар ҷумҳурӣ оғоз намуд ва сипас 40 соли ҳаёту фаъолияти хешро барои хизмат ба халқу Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР бахшид.
Барои ҷасорат ва матонат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо 2 ордени Байрақи Сурх, бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳо қадр гардидааст. Аз соли 1957 то ба нафақа баромадан Комиссари ҳарбии Тоҷикистон буд.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ноҳияи Шуғнон